Главная / Ҷамъият / Ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро истисно менамоянд

Ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро истисно менамоянд

Моддаи 20-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро истисно менамоянд 

Дар ҳолатҳои зерин пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда намешавад ё пешбурди парвандаҳои  оғозгардида  қатъ карда мешавад:

– набудани ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;

– набудани аломатҳои таркиби  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз ҷумла дар лаҳзаи содир намудани кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқӣ  ба  синни  ба ҷавобгарии  маъмурӣ кашидан, ки Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, нарасидани шахси воқеӣ ё номукаллафии шахси воқеие, ки чунин кирдорро содир намудааст;

– дар ҳолати зарурати ниҳоӣ содир шудани кирдори (амал ё беамалии) шахс;

– қабул шудани санади авф, ки он татбиқи ҷазои маъмуриро бартараф менамояд;

– аз эътибор соқит донистани қонуне, ки ҷавобгарии маъмуриро муқаррар намудааст;

– гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан;

– доир ба ҳамон як  кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқӣ  аз ҷониби шахсе, ки нисбати ӯ пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ анҷом  дода  мешавад,  мавҷуд  будани  қарори  судя,  мақомоти ваколатдори  давлатӣ (шахсони мансабдор) дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ ё қарори қатъ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё қарор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ;

– фавти шахси воқеӣ ё шахси мансабдори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содирнамуда;

– барҳам хӯрдани шахси ҳуқуқӣ.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …