Моддаи 87-и Кодекси Мехнат. Манъи кор дар рузхои истирохат. Холатхои истисноии чалби корманд ба кор дар рузхои истирохат
- Дар рузхои истирохат кор кардан манъ аст.
- Дар рузхои истирохат ба кор чалб намудани кормандон бо мувофикаи намояндагони кормандон дар асосхо ва холатхои истисноии зерин ичозат дода мешавад:
– барои пешгири ва рафъи окибатхои офатхои табии, садамаи истехсоли ё фавран бартараф намудани окибатхои он;
– барои пешгирии ходисахои нохуш, халокат ва нобудшавии молу мулк;
– барои ичрои корхои таъхирнопазири каблан пешбинигардида, ки аз таъчилан ичро намудани онхо умуман кори муътадили минбаъдаи ташкилот ва ё бахшхои алохидаи он вобаста мебошад;
– дар дигар холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои меъёрии дохили (локали) пешбини намудаанд.
- Чалби кормандон дар рузхои истирохат бо риояи махдудиятхое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон нисбати кормандони маъюб, занон, шахсони дорои ухдадорихои оилави ва ноболигон мукаррар намудааст, сурат мегирад.