Главная / Ҷамъият / Манъи кор дар рўзҳои истироҳат. Ҳолатҳои истисноии ҷалби корманд ба кор дар рўзҳои истироҳат

Манъи кор дар рўзҳои истироҳат. Ҳолатҳои истисноии ҷалби корманд ба кор дар рўзҳои истироҳат

Моддаи 87-и Кодекси Меҳнат. Манъи кор дар рўзҳои истироҳат. Ҳолатҳои истисноии ҷалби корманд ба кор дар рўзҳои истироҳат

  1. Дар рўзҳои истироҳат кор кардан манъ аст.
  2. Дар рўзҳои истироҳат ба кор ҷалб намудани кормандон бо мувофиқаи намояндагони кормандон дар асосҳо ва ҳолатҳои истисноии зерин иҷозат дода мешавад:

– барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, садамаи истеҳсолӣ ё фавран бартараф намудани оқибатҳои он;

– барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш, ҳалокат ва нобудшавии молу мулк;

– барои иҷрои корҳои таъхирнопазири қаблан пешбинигардида, ки аз таъҷилан иҷро намудани онҳо умуман кори муътадили минбаъдаи ташкилот ва ё бахшҳои алоҳидаи он вобаста мебошад;

– дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) пешбинӣ намудаанд.

  1. Ҷалби кормандон дар рўзҳои истироҳат бо риояи маҳдудиятҳое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати кормандони маъюб, занон, шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ ва ноболиғон муқаррар намудааст, сурат мегирад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …