Главная / Илм / ЙОДОНАТ

ЙОДОНАТ

yodonatЙОДОНАТ (Iodine + Potassium iodinе), як навъ доруи зидди уфунат (антисептики). Моддаи асосии таъсирбахши он йод аст. Дар шакли махлулхои гуногун истехсол карда мешавад. Хангоми ба пуст молидан, йод ба мубодилаи моддахо таъсир расонда, раванди ассимилятсияро метезонад. Этанол ихрочи йодро суст ва таъсири ангезишовари онро ба бофтахо кам мекунад. Й. стрептококкхо, каламчамикроби руда, протеяхо, занбуругхои бемориовар ва спорахои ангезандаи сухтани (дар муддати 30 дак.)-ро махв месозад. Стафилококкхо ба таъсири Й. пурбардошт бошанд хам, дар сурати дуру дароз кор фармудани он дар 80% холатхо махв мегарданд.
Й.-ро барои муоличаи шаклхои музмини тонзиллит, отити римнок, ринит (озена) ва периодонтит, беморихои римноки чаррохиталаб, захмхои варикози, сухтагихои харорати ва химияви, безарар гардондани чои чаррохишаванда истифода мебаранд. Он дар баъзе одамон метавонад боиси сар задани аллергия (хориши пуст) ва йодизм (дар намуди хисбаи пуст ё ринит) шавад. Хангоми кор фармудани Й. барои ба чашм афтодани он рох набояд дод. Й.-ро дар чои торик ва салкин нигох медоранд. Махлули халкардаи Й.-ро дуру дароз нигох доштан лозим нест. Ранги он бояд чигарии баланд бошад. Паридани ранги махлул аломати бесамарии дору аст. Й. факат дар шароити беморхона истифода бурда мешавад.

Б. А. Ишонкулова.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …