Главная / Теги: Саъдии Шерозӣ (страница 7)

Теги: Саъдии Шерозӣ

Манои зиндагӣ

zindagi

Ду кас ранҷи беҳуда бурданд ва саъи бефоида караданд: яке он, ки андухту нахўрд ва дигаре он, ки омўхту (амал) накард. Илм чандон, ки бештар хонӣ, Чун амал дар ту нест, нодонӣ. На муҳаққиқ бувад, на донишманд, Чорпое бар ў китобе чанд. Он тиҳимағзро чӣ илму хабар, Ки бар ў …

Муфассал »

ОДОБИ СӮҲБАТ КАРДАН

682_3

Мол аз баҳри осоиши умр аст, на умр аз баҳри гирд кардани мол! Оқилеро пурсидаанд: – Некбахт кисту бадбахт чист? Гуфт: – Некбахт он, ки хурду кишт ва бадбахт он, ки мурду ҳишт! Макун намоз бар он ҳеҷ кас, ки ҳеҷ накард, Ки умр дар сари таҳсили мол карду нахўрд. …

Муфассал »

ҶИДОЛИ САЪДИ БО МУДДАИ ДАР БАЁНИ ТАВОНГАРИЮ ДАРВЕШИ

44-chashma-24

Яке дар сурати дарвешон на бар сифати эшон дар маҳфиле дидам нишаста ва шанъате дарпайваста ва дафтари шикоят ва замми тавонгарон оғоз карда, сухан бад-ин ҷо расонида, ки дарвешро дасти қудрат бастааст ва тавонгарро пои иродат шикаста. Каримонро ба даст андар дирам нест, Худовандони неъматро карам нест. Маро, ки парвардаи …

Муфассал »

Душмантарин душман кист?

jangi-arab

Бузургеро пурсидам дар маънии ин ҳадис, ки «Аъдо адувуққа нафсуқа аллати байна ҷанбайқа (душмантарини душманҳоят нафси туст, ки дар синаи туст). Гуфт: – Ба ҳукми он ки ҳар он душманеро, ки бо вай эҳсон кунӣ, дўст гардад, магар нафсро, ки чандон ки мудоро беш кунӣ, мухолифат зиёдат кунад. Фариштахўй шавад …

Муфассал »

Баҳси бойбача ва қамбағалбача

duogui-sari-mazor

Тавонгарзодае дидам бар сари гўри падар нишаста ва бо дарвешбачае мунозира дарпайваста, ки сандуқи турбати мо сангин асту китоба ранги ва фарши руҳом андохта ва хишти пирўза дар ў сохта. Ба гўри падарат чӣ монад, (ки) хиште ду фароҳам оварда ва муште ду хок бар он пошида. Дарвешписар ин бишуниду …

Муфассал »

Ҷавони дунёнадидаи бетаҷриба

unnamed

Соле аз Балх Бомиёнам сафар буд ва роҳ аз ҳаромиён пурхатар. Ҷавоне бадрақа ҳамроҳи мо шуд сипарбоз, чархандоз, силаҳшўри бешзур, ки ба даҳ марди тавоно камони ў зеҳ кардандӣ ва зуроварони рўи замин пушти ў бар замин наёвардандӣ. Валекин, чунон ки донӣ, муғтанам буду сояпарварда, на ҷаҳондидаву сафаркарда, раъди кўси …

Муфассал »

Азоб додани банда

azob

Порсое бар яке аз худовандони неъмат гузар кард, ки бандаеро дасту пой баста, уқубат ҳаме кард. Гуфт: – Эй писар, ҳамчу ту махлуқеро худои азза ва ҷалла асири ҳукми ту гардонидааст ва туро фазилат дода, шукри неъмати бориитаоло ба ҷой ор ва чандин ҷафо бар вай маписанд, набояд, ки фардои …

Муфассал »

Вафот кардани Писар – фарзанд

Марги фарзанд - қабристон

Якеро аз бузургони аимма писаре вафот ёфт. Пурсиданд, ки бар сандуқи гўраш чӣ нависем? Гуфт: – Оёти китоби маҷидро иззату шараф беш аз он аст, ки раво бошад бар чунин ҷойҳо навиштан, ки ба рўзгор суда гардаду халоиқ бар ў гузаранд ва сагон бар ў шошанд. Агар ба зарурат чизе …

Муфассал »

Дарди чашм – ҳикоя

2018121212440656676_bolyat-20glaza

Мардеро дарди чашм хост, пеши байтор рафт, ки даво кун. Байтор аз он чи дар чашми чорпоён мекунанд, дар дидаи ў кашид ва кўр шуд. Ҳукумат ба довар бурданд. Гуфт: – Бар ў ҳеҷ товон нест, агар ин ҳар набудӣ, пеши байтор нарафтӣ! Мақсуд аз ин сухан он аст, то …

Муфассал »