Главная / Гуногун / Баҳси бойбача ва қамбағалбача

Баҳси бойбача ва қамбағалбача

Тавонгарзодае дидам бар сари гўри падар нишаста ва бо дарвешбачае мунозира дарпайваста, ки сандуқи турбати мо сангин асту китоба ранги ва фарши руҳом андохта ва хишти пирўза дар ў сохта. Ба гўри падарат чӣ монад, (ки) хиште ду фароҳам оварда ва муште ду хок бар он пошида. Дарвешписар ин бишуниду гуфт:
– То падарат зери он сангҳои гарон бар худ биҷунбида бошад, падари ман ба биҳишт расида буд!

duogui-sari-mazorҲар, ки камтар ниҳанд бар вай бор,
Бешак, осудатар кунад рафтор.

***
Марди дарвеш, ки бори ситами фоқа кашид,
Ба дари марг ҳамоно, ки сабукбор ояд.
В-он ки дар неъмату осоишу осони зист,
Мурданаш з-ин ҳама, шак нест, ки душвор ояд.
Ба ҳама ҳол асире, ки зи банде бираҳад,
Беҳтар аз ҳоли амире, ки гирифтор ояд!

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …