Главная / Гуногун / Ҷавони дунёнадидаи бетаҷриба

Ҷавони дунёнадидаи бетаҷриба

Соле аз Балх Бомиёнам сафар буд ва роҳ аз ҳаромиён пурхатар. Ҷавоне бадрақа ҳамроҳи мо шуд сипарбоз, чархандоз, силаҳшўри бешзур, ки ба даҳ марди тавоно камони ў зеҳ кардандӣ ва зуроварони рўи замин пушти ў бар замин наёвардандӣ. Валекин, чунон ки донӣ, муғтанам буду сояпарварда, на ҷаҳондидаву сафаркарда, раъди кўси диловарон ба гўшаш нарасида ва барқи шамшери саворон надида.

unnamedНаяфтода бар дасти душман асир,
Ба гирдаш наборида борони тир.

Иттифоқан ману ин ҷавон ҳар ду дар паи ҳам равон. Ҳар он девори қадимаш, ки пеш омадӣ, ба қуввати бозу бияфкандӣ ва ҳар дарахти азим, ки дидӣ ба зўри сарпанча баркандӣ ва тафохуркунон гуфтӣ:
«Пил ку, то китфу бозуи гурдон бинад,
Шер ку, то кафу сарпанҷаи мардон бинад!»

Мо дар ин ҳолат, ки ду ҳинду аз паси санге сар бароварданду оҳанги қитоли мо карданд. Ба дасти яке чўбе ва дар бағали он дигар кулухкўбе. Ҷавонро гуфтам: «Чӣ поӣ»?

Биёр, он чӣ дорӣ зи мардиву зўр,
Ки душман ба пои худ омад ба гўр!».

Тиру камонро дидам, аз дасти ҷавон афтод ва ларза бар устухон.

На ҳар ки мўй шикофад ба тири ҷавшанхой,
Ба рўзи ҳамлаи ҷанговарон бидорад пой.

Чора ҷуз он надидем, ки рахту силоҳу ҷома раҳо кардему ҷон ба саломат биёвардем.

Ба корҳои гарон марди кордида фирист,
Ки шерри шарза дарорад ба зери ҳами каманд.
Ҷавон агарчи қивиёлу пилтан бошад,
Ба ҷанги душманаш аз ҳавл биғсилад пайванд.
Набард пеши масофозмуда маълум аст,
Чунон ки масъалаи шаръ пеши донишманд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …