Главная / Теги: Саъдии Шерозӣ (страница 6)

Теги: Саъдии Шерозӣ

Душманони якзабона

unnamed

Чу бинӣ, ки дар сипоҳи душман тафриқа афтодааст, ту ҷамъ бош. Вагар ҷамъ шаванд, аз парешони андеша кун. Бирав, бо дўстон осуда биншин, Чу бинӣ дар миёни душманон ҷанг. Вагар бинӣ, ки бо ҳам якзабонанд, Камонро зеҳ куну бар бора бар санг!

Муфассал »

Бадхўй кист?

zlye

Бадхўй дар дасти душмане гирифтор аст, ки ҳар куҷо равад, аз чанги уқубати ў халосӣ наёбад. Агар зи дасти бало бар фалак равад бадхўй, Зи дасти хўи бади хеш дар бало бошад. Бадхўй нафари гизалла ё худ золим аст.

Муфассал »

Душмани асосии Дин кист?

Ду кас душмани мулку динанд: подшоҳи беҳилму зоҳиди беилм! Бар сари мулк мабод он малик фармондеҳ, Ки худро набувад бандаи фармонбардор Туро бо чунин гармию саркашӣ. Напиндорам, аз хокӣ, аз оташӣ?! Дар хоки Байлақон бирасидам ба обиде, Гуфтам: «Маро ба тарбият аз ҷаҳл пок кун!» Гуфто: «Бирав, чу хок таҳаммул …

Муфассал »

Насиҳат аз душман пазируфтан хатост

pair-707505_1920

Насиҳат аз душман пазируфтан хатост, валекин шунидан равост, то ба хилофи он кор кунӣ, ки айни савоб аст: Ҳазар кун, з-он чи душман гўяд: «Он кун!» Ки бар зону занӣ дасти тағобун. Гарат роҳе намояд рост чун тир, Аз ў баргарду роҳи дасти чап гир!

Муфассал »

Панди тиллоӣ

chiro-donist

Чун дар имзои коре мутараддид бошӣ, он тараф ихтиёр кун, ки беозортар барояд. Бо мардуми саҳлхўй душхор магўй, Бо ин кӣ дари сулҳ занад, ҷанг маҷўй! То кор ба зар бармеояд, ҷон дар хатар афкандан нашояд! Чу даст аз ҳама хилате даргусаст, Ҳалол аст бурдан ба шамшер даст.

Муфассал »

Душмане заиф кист ва чӣ хоҳад?

c91abd7939891078af_600x399

Душмане заиф, ки дар тоат ояд ва дўсти намояд, мақсуди вай ҷуз он нест, ки душмани қавӣ гардад ва гуфтаанд: бар дўстии дўстон эътимод нест, то ба тамаллуқи душманон чӣ расад. Ва ҳар кӣ душмани кўчакро ҳақир медорад, бад-он монад, ки оташи андакро мўхмал мегузорад! Имрўз бикуш, чу метавон кушт, …

Муфассал »

Раҳм ба бадон ва ситам аст бар некон

1-56

Раҳм овардан бар бадон, ситам аст бар некон ва афв кардан аз золимон, ҷавр аст бар дарвешон! Хабисро чу тааҳҳуд  кунию бинвозӣ, Ба давлати ту нигаҳ мекунад ба анбозӣ.

Муфассал »

Олими нопарҳезгор кўри машъалдор аст

zaru-zindagi

Бефоида ҳар ки умр дарбохт, Чизе нахариду зар бияндохт. Мулк аз хирадмандон ҷамол гирад ва дин аз парҳезгорон камол ёбад. Подшоҳон ба сўҳбати хирадмандон аз он муҳтоҷтаранд, ки хирадмандон ба курбати подшоҳон. Пандам агар бишнавӣ, эй подшоҳ, Дар ҳама олам беҳ аз ин панд нест. Ҷуз ба хирадманд мафармо амал, …

Муфассал »