Главная / Гуногун / Дарди чашм – ҳикоя

Дарди чашм – ҳикоя

Мардеро дарди чашм хост, пеши байтор рафт, ки даво кун. Байтор аз он чи дар чашми чорпоён мекунанд, дар дидаи ў кашид ва кўр шуд. Ҳукумат ба довар бурданд. Гуфт:
– Бар ў ҳеҷ товон нест, агар ин ҳар набудӣ, пеши байтор нарафтӣ!
Мақсуд аз ин сухан он аст, то бидонӣ, ки ҳар он ки ноозмударо кори бузург фармояд, бо он ки надомат барад, ба наздики хирадмандон ба ҳиффати рой мансуб гардад.

Надиҳад хушманди равшанрой
Ба фурўмоя корҳои ҳатир.
Бурёбоф агарчи бофанда (а) ст,
Набарандаш ба коргоҳи ҳарир.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …