Якеро аз бузургони аимма писаре вафот ёфт. Пурсиданд, ки бар сандуқи гўраш чӣ нависем? Гуфт:
– Оёти китоби маҷидро иззату шараф беш аз он аст, ки раво бошад бар чунин ҷойҳо навиштан, ки ба рўзгор суда гардаду халоиқ бар ў гузаранд ва сагон бар ў шошанд. Агар ба зарурат чизе ҳаменависанд, ин ду байт кифоят аст:
«Ваҳ, ки ҳар гаҳ ки сабза дар бўстон
Бидамидӣ, чи хуш шудӣ дили ман.
Бигзар, эй дўст, то ба вақти баҳор
Сабза бинӣ дамида бар гили ман!»