Главная / Теги: Ҳикоя (страница 21)

Теги: Ҳикоя

Ҳикояи Мурча ва Малах

sverchok-skazka-kartinka

Мўреро диданд ба зўрмандӣ камар баста ва малахеро даҳ баробари худ бардошта. Ба тааҷҷуб гуфтанд: — Ин мўрро бубинед, ки бо ин нотавонӣ бореро ба ин гаронӣ чун мекашад. Мўр чун ин сухан бишунид, бихандид ва гуфт: — Мардон борро ба нерўйи ҳиммат ва бозуи ҳамийят кашанд, на ба қуввати …

Муфассал »

ФАРЗАНДИ БАД

sangchashma-7

Собир Одина акнун даст ба дастаи дари директори мактаб бурданӣ буд, ки он ногаҳон кушода шуд ва аз дохил ҷавоне як бандча пулро ҳисобкунон берун шуд.  Собир  Одина ўро дарҳол шинохт. Вай, ҷавон, дар яке аз беморхонаҳои шаҳр ҷарроҳ шуда кор мекард ва чанд моҳ пеш Собир Одина  ба ў …

Муфассал »

АЛ-ФИҚҲ-АЛ-АБСАТ

duo-003

Дуввумин рисола (ё худ нусхаи китоб)-и илмие, ки ба қудрати халлоқӣ (Худодод).афкору андешаи воло ва сабки баёни ҳикмати гуворойи аз бузургтарин аимаи мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоъат ва дар қатори эшон ҳойизи мартабаи аввал, «Чароғи уммат»-Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), ки бо далойили қотеъ мансуб аст, ин китоби «Ал-фиқҳал-абсат …

Муфассал »

Ҳикояи Уштур ва Муш

hqdefault

Уштуре маҳоркашон дар саҳро мечарид. Муше бар вай расид ва вайро бехудованд35 дид, ҳирсаш бар он дошт, ки маҳораш гирифт ва ба хонаи худ равон шуд. Уштур низ аз он ҷо, ки фитрати ў мафтур36бар инқиёд37 аст ва ҷибиллати38 ў маҷбул бар адами39 мухолафату инод, бо ў мувофақат кард. Чун …

Муфассал »

ХОТИРАИ БАЧАГӢ

kudakon

Сагчаи беозори паҳмоқмў, ба хоку лой ҷўлида, ногаҳон пайдо шуд. Агар касе аз байнамон «Сагбачаи девона! Даҳонаш кафк мекунад!» гўён дод намезад, эҳтимол касе аз мо бачаҳои даҳ-дувоздаҳсола, бачаҳои кўча ба вай аҳамият намедодем. Девонагии сагча моро аз бозӣ нигоҳ дошт. Вай ниҳоят ифлос буд. Ҳама гирди сагча ҷамъ омадем. …

Муфассал »

ХОНАИ АҶДОДӢ

xonai-ajdodi

Писари калонӣ аз модар фотеҳаи роҳи сафед талабид. Чизу чора, бору бунаш ғундошта, зану фарзандонаш омодаи ба ҳавлии нави хеш кўчидан буданд. Модар дуои нек гуфт. Ва гиряаш омад. Медонист, ки манзили писари аввалаш қариб аст, вале акнун, азбас, ҷудо рўзгор мегузаронад, дастархону дегу табақаш алоҳида аст, як қадам дур …

Муфассал »

ХАНДАИ РЎЗ

smeh

Бо амри тасодуф дар дами остонаи деҳаи Чинори Поён кадом як қисми муҳими автобусамон шикаст. Яке аз сокинони онро хоҳиш намудем, ки аз омадани мо раиси ҷамоаро хабардор созад. Муддате нагузашта чанд нафар ҷавонону сарвари деҳа ва ду гулдухтарон бо гулҳову нону намак пайдо шуданд. Ҳамаашон аз шодиву фараҳ ба …

Муфассал »

ДАР АРАФАИ БАҲОР

gori-priroda-tajikistan

Интиҳои зимистон буд. Аз ҷониби ғарб шамоли ғашовар мевазид. Чор тарафи бошишгоҳро аз назар гузаронидам. Касе наметофт. Дари қаровулхо–наро кушодам. Он ҷо болои катча Солеҳ-саркор ва боз ду нафар марди дигар ноништа мекарданд. – Баъди як дам Нормат-амак мебиёянд, – хабар расондам пас аз пурсупос, – Гулбоғро набурида истанд гуфта …

Муфассал »

ҚИССАИ КЎҲНА

pervaya-lubov

Ашраф таги дарвозаи ҳавлӣ лаби ҷўи калон соатҳо ба об нигариста менишаст, раҳгузаронро, касе набошад, бо нигоҳи хеле сарду карахташ мегуселонид, на салом медоду на алек мегирифт, чашм намеканд, гўё чуқур ба фикр фурў рафта бошад. Сонӣ, ҷаҳида аз ҷо мехесту тозон ба хонааш, ки алоҳида аст, медаромад ва китоберо …

Муфассал »

ДОҒИ ДИЛИ БАБР

babr

Ҳавлие, ки ин саги меҳрубон аз овони думоҳагиаш се сол инҷониб зиндагиву посбонӣ мекард, дар шафати коргоҳе воқеъ буд. Рафта-рафта ҷонвари безабон, ки одатан аксар вақт шабҳо аккос мезад, дарвозаву боғу ҳавлии ҳамсояро низ зоҳиран қаламрави худ мепиндошт ва озодона гаштугузор мекард. Ба кормандон ҳам унс гирифта буд. Ошпазҳову қаровулон …

Муфассал »