Главная / Теги: Ҳикоя (страница 10)

Теги: Ҳикоя

Мўсо дарвешеро дид

unnamed

Мўсо  дарвешеро дид аз бараҳнаги ба рег андар шуда. Дуо кард, то худои азза ва ҷалла мар ўро неъмате  дод. Пас аз чанд рўз дидаш гирифтору халқе анбўҳ бар ў гирд омада. Гуфт: – Ин чӣ ҳолат аст? Гуфтанд: – Хамр хўрдааст ва арбада карда ва касеро кушта. Қасосаш ҳамекунанд. …

Муфассал »

Ҳотами тоиро гуфтанд:

shoh

– Аз худ бузургҳимматтар дар ҷаҳон дидаӣ ё шунидаӣ? Гуфт: – Бале. Рўзе чиҳил шутур қурбонӣ карда будам умарои арабро. Пас ба гушам саҳрое ба ҳоҷате бурун рафта будам. Хорканеро даррасидам, пушта фароҳам оварда. Гуфтамаш: – Ба меҳмонии Хотам чаро наравӣ, ки халқе бар симоти ў гирд омадаанд? Гуфт: Ҳар …

Муфассал »

Хушксоле дар Искандария инони тоқати дарвеш аз даст рафта буд, дарҳои осмон бар замин баста ва фарёди аҳли замин ба осмон пайваста:

1200px-agasthiyamalai_range_and_tirunelveli_rainshadow

Намонд ҷонвар аз вахшу тайру моҳию мўр, Ки бар фалак нашуд аз бемуродӣ афғонаш. Аҷаб, ки дуди дили халқ ҷамъ менашавад, Ки абр гардаду селоби дида боронаш. Дар чунин соле муханнасе дур аз дўстон, ки сухан дар васфи ў тарки адаб аст, хоса дар ҳазрати бузургон, ва ба тариқи эҳмол …

Муфассал »

Дарвешеро зарурате пеш омад, касе гуфт:

original

– Фалон неъмате дорад беқиёс. Агар бар ҳоҷати ту воқиф гардад, ҳамоно ки дар қазои он таваққуф раво надорад. Гуфт: – Ман ўро надонам. Гуфт: – Манат раҳбарӣ кунам. Дасташ гирифт, то ба манзили он шахс даровард. Якеро дид, лаб фуруҳишта ва тунд нишаста. Баргашту сухан нагуфт. Касе гуфташ: – …

Муфассал »

Баққол

Баққол

Баққолеро дираме чанд бар суфиён гирд  омода  буд дар Восит ва ҳар рўз мутолибат кардӣ ва суханони бохушунат гуфтӣ. Асҳоб  аз таанути вай  хастахотир ҳаме  буданд ва аз  таҳаммул чора набуд. Соҳибдиле дар он миён гуфт: – Нафсро  ваъда додан ба таом осонтар аст, ки баққолро ба дирам. Тарки эҳсони …

Муфассал »

Ардашери Бобакон

unnamed

Дар сирати Ардашери Бобакон омадааст, ки ҳакими Арабро пурсид, ки рўзе чӣ моя таом бояд хўрдан? Гуфт: – Сад дирамсанг кифоят аст. Гуфт: – Ин қадар чӣ қувват диҳад? Гуфт: Хозо-л-миқдору яхмилуқа ва мо зода ало золиқа фанта хомилуху. (Тарҷумааш: ин миқдор туро бардорад ва агар аз ин афзуд ту …

Муфассал »

Лубнон, ки мақомоти ў дар диёри Араб

arabho

Яке аз сулаҳои Лубнон, ки мақомоти ў дар диёри Араб мазкур буд ва каромот машҳур ба ҷомеи Димишқ даромад ва бар канори биркаи килоса таҳорат ҳаме сохт, пояш билағжид ва ба ҳавз дарафтод ва ба машаққат аз он ҷойгаҳ раҳои ёфту – Чун аз намоз бипардохтанд, яке аз азҳоб гуфт: …

Муфассал »

Шахсам ба чашми оламиён хубманзар аст

kitobi-islomi

Якеро аз бузургон ба маҳфиле андар ҳаме сутуданд ва дар авсофи ҷамилаш муболиға мекарданд. Сар бароварду гуфт: – Ман онам, ки донам. Шахсам ба чашми оламиён хубманзар аст В-аз хубси сар зи ҳиҷлати ботин фитода пеш, Товусро ба нақшу нигоре, ки ҳаст, халқ Тахсин кунанду ў ҳиҷил аз пои зишти …

Муфассал »

Шабе дар хидмати падар

arab

Ёд дорам, ки дар айёми туфулият мутааббид будаме ва шабхезу мувлеи зўхду парҳез. Шабе дар хидмати падар, раҳматуллоҳи алайҳи, нишаста будам ва ҳама шаб дида бар ҳам набаста ва мусхафи азиз дар канор гирифта ва тоифае гирди мо хуфта. Падарро гуфтам: – Аз инон яке сар барнамедорад, ки дугонаи бигузорад. …

Муфассал »

Намоз бархостанд

namoz

Зоҳиде меҳмони подшоҳе буд, чун ба таом бинишастанд, камтар аз он хўрд, ки иродати ў буд ва чун ба намоз бархостанд, беш аз он кард, ки одати ў, то занни салоҳият дар ҳаққи ў зиёдат кунанд. Тарсам, нараси ба Каъба, эй аъробӣ, К-ин раҳ, ки ту мерави ба Туркистон аст. …

Муфассал »