Главная / Гуногун / АЛ-ФИҚҲ-АЛ-АБСАТ

АЛ-ФИҚҲ-АЛ-АБСАТ

Дуввумин рисола (ё худ нусхаи китоб)-и илмие, ки ба қудрати халлоқӣ (Худодод).афкору андешаи воло ва сабки баёни ҳикмати гуворойи аз бузургтарин аимаи мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоъат ва дар қатори эшон ҳойизи мартабаи аввал, «Чароғи уммат»-Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), ки бо далойили қотеъ мансуб аст, ин китоби «Ал-фиқҳал-абсат (рисолаи фиқҳие, ки масойилу матолиби он ба сурати ташреҳӣ баён шудааст) мебошад.

«Ин китоб иборат аз «Фиқҳи-акбар» аст, ки Абӯмутеъи Балхӣ -шогирди Имом Абӯҳанифа разиаллоҳу анҳум, аз устоди худ (дар варианти дигар) ривоят намуда аст, ки ба «Ал-Фиқҳал-абсат» («Фиқҳи густурда» ва ё муфассал) маъруф аст, то аз «Фиқҳи акбар»-и Ҳаммод ибни Абӯҳанифа (р), ки аз падараш Имоми Аъзам (р) ривоят намуда, фарқ карда шавад. Ровии ин китоб Абӯмутеъ Ҳакам ибни Абдуллоҳи Балхӣ (р) аст, ки бо Абӯҳанифа (р) мусоҳибат дошта. Аз Ибни Авн ва Ҳишом ибни Ҳисон ривояти ҳадис намуда ва аз вай Аҳмад ибни Манеъ ва Холид ибни Солими Саффор ва ҷамоъате донишмандони фиқҳ, ки мардум аз онҳо файз бурдаанд, ривоят намудаанд. Яке аз уламои шаҳири давр Заҳабӣ гӯяд:

– Абӯмутеъ соҳиби ройи соиб, Аллома ва доройи шӯҳрати бӯзург буд, дар қисмати забти масойил (Ҳазрати Имоми Аъзам дар мактаби хеш ва дар маҷлисҳои уламо ба тариқи шифоҳӣ дарс мегуфт, сӯҳбат мекард ва ҳикмати илми илоҳиётшиносиро баён мекард, С.Б.Б.,)-аз Ҳазрати Имоми Аъзам, суст ба назар мерасид. Ибни Муборак вайро ба  ҷиҳати  донишу  дини ӯ ҳурмат мекард… Аксари мардум ӯ (Абӯмутеъ)-ро ба пайравӣ, аз мазҳаби мурҷиъа ва соири фирқаҳое, ки мухолифи суннат ва ҷамоъат амал мекарданд, муттаҳам намудаанд. Чунончӣ аз қавли Кавсарӣ-дар таҳқиқе, ки роҷеъ ба расойили Абӯҳанифа (р) ба амал оварда аст, маълум мешавад.

Абӯлайси Самарқандӣ низ рисолаи «Фиқҳи акбар»-ро ки ба «Фиқҳал-абсат» маъруф аст, шарҳ намуда аст.

Абӯлайс дар соли 373 ҳиҷрӣ вафод ёфта, ин шарҳ иштибоҳан ба Абӯмансури Мотаридии Самарқандӣ мансуб гардида, дар ҳоле, ки аксари мӯҳтавиёти он аз касоне нақл мекунад, ки баъд аз вай мезистанд ва Мотаридӣ ба ривояти Қутбиддин Ҳофизи Ҳалабӣ дар соли 333 ҳиҷрӣ вафот ёфта ва аз он ба сароҳат маълум мешавад, ки нисбати ин шарҳ ба Мотаридӣ-саҳеҳ нест. Як идда нусухи хаттии шарҳи мазкур ба номи Абӯлайси Самарқандӣ, дар «Дорал-кутуб Ал-Мисрия», дар қайд мебошад, ба маҷмӯаҳои нумерии 195, – 349 ва 393, дар илми калом муроҷиат шавад». 47.-135.

Дар санадҳои аниқу дақиқ ва силсилаи ривоёте, ки оиди китоб (ки мо дар ин бахш ба яке иктифо кардем)-и «Ал-Фиқҳал-абсат» ё худ «Ал-фиқҳ ал-акбар», то ба рӯзгори мо маҳфӯзмонда, силсилаи ривоёте омада, ки бештари он аз ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ва манотиқи ӯ нақл мекунад. Аз ҷумла омада:

«Имом Абӯбакр Муҳаммади Кошонӣ-муаллифи «Бадоеъ» аз Абӯбакр Алоуддин Муҳаммад ибни Аҳмади Самарқандӣ-муаллифи «Тӯҳфат-ул-Фуқаҳо» мегӯяд: – Ба мо ривоят намуда Абулмуайяд Маймун ибни Муҳаммад Ал-Макҳул Ан-Насафӣ-муаллифи «Табсират ал-адл», аз Абӯабдуллоҳ Ал-Ҳасан ибни Алӣ Ал-Кошғарӣ, мулаққаб ба Ал-Фазл (ки дорои беш аз яксаду бист таълифот дар мавзӯоти мухталлиф аст) аз Абӯмолик Насрон ибни Наср Ал-Хуталӣ, аз Алӣ ибни Ал-Ҳасан ибни Муҳаммад Ал-Ғаззолӣ, аз Абулҳасан Алӣ ибни Аҳмад Ал-Форсӣ, ки Наср ибни Яҳё Ал-фақеҳ гуфт:- Аз Абӯмутеъ Ҳакам Ал-Балхӣ (дар соли 199 ҳиҷрӣ ба синни 84 солагӣ вафот ёфта ва аз вай Муҳаммад ибни Мақотил ва Мӯсо ибни Наср, бино ба қавли Ибни Ҳаҷар ривоят карда) шунидам, ки мегуфт:-Аз Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит роҷеъ ба «Фиқҳи акбар» пурсидам, гуфт:

-Ба ҳеҷ як аз аҳли Қибла ба асари иртикоб (муртакиб, сабаби содири гуноҳ ва маъсият, ҷиноят дуздӣ ва ғайра)-и гуноҳ, ҳукми куфр макун…!

Ба ин шакл дар нусхаи марбути «Дорал-кутуб Ал-Мисрия», таҳти нумери-64 ва 15 ва ҳамчунон дар китобхонаи «Азҳар» зери унвони «Маҷмӯаи расойил дар васоёйи Имоми Аъзам», таҳти нумери-34279 мулоҳиза мешавад…». 47.-136.

Хулосаи мӯҳтавиёти рисолаи мазкури Имом Абӯҳанифа (р)-ро метавон чунин арзёбӣ ва шарҳ дод, яъне:

 «Равиши ин рисола бо «Фиқҳи акбар» тафовут дорад, зеро ҳама масойили он ҷавоби пурсишҳои шогирди Имом Аъзам (р), яъне, Абӯмутеъи Балхӣ буда ва қисман ҳовии далойили тафсилии бархе масойили каломӣ аст. Имом ба посухи аввалин саволи шогирдаш роҷеъ ба «Фиқҳи акбар» чунин оғоз карда:

«Ҳеҷ як аз аҳли Қибларо такфир макун, имонро аз ҳеҷ кас нафӣ (дур) макун, ба маъруфи амр ва аз мункар наҳӣ кун ва бидон, ки ончи ба ту расиданӣ аст, хато намешавад ва ончи хато шуданӣ аст, намерасад. Аз ҳеҷ як аз ёрони Паёмбар (с) ва асҳоби Ӯ (с) изҳори безорӣ макун ва бо ҳеҷ як аз онҳо чунон дӯстӣ макун, ки бо дигарӣ надорӣ (ҳамаро ба як чашм нигоҳ кун) ва кори Усмон (р) ва Алӣ (р)-ро ба Худованд биспор…».

Баъд мегӯяд:

«Фиқҳ ва дониш дар дин, беҳтар аз дониш дар аҳком аст. Ва агар инсон бидонад, ки Парвардигорашро чигуна ибодат кунад, беҳтар аст аз ин, ки некиҳои зиёде ба вай даст диҳад».47.-136.

Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) «пас аз ин ҳама ба тафсили илмии имон мепардозад ва далойиле роҷеъ ба мазҳаби хеш, дар бораи имон иқома менамояд ва тариқи эроди далойил барои исботи қазоёйи каломӣ, дар рисолаи «Ал-фиқҳ-ал-абсат», бо равиши вай дар «Ал-Фиқҳал-акбар» мутафовут аст. Зеро дар ин рисола ба пурсишҳои Абӯмутеъи Балхӣ ҷавоб медиҳад ва бинобар истизоҳи ӯ, ба тавзеҳи комили матолиб мепардозад. Аз ҳамин ҷост, ки дар бораи аксари масойили каломӣ, ба ҳадди кофӣ дар ин китоб, ба ҷавоби суолҳои шогирдаш рӯшанӣ андохта аст. Имоми Аъзам (р) пас аз баёни имон, ба мӯҷиботи куфр тамос гирифта, мегӯяд:

«Агар касе аз офаридани чизе, аз махлуқоти Худо мункир шавад мисли он, ки бигӯяд:~Намедонам, ки офаринандаи он кист? Ба ин қавли Худо («Холиқи кулли шайин») кофир мешавад! Зеро сухани ӯ чунин маънӣ медиҳад, ки холиқи он каси дигаре аст. Ҳамчунон агар бигӯяд:- Намедонам, ки Худованд бар ман рӯза, закот ва намозро фарз карда бошад, кофир мешавад. Назар ба ин ояти шариф: «Ва ақимуссалота ва отуззакота» Яъне: «Ва барпо доред намозро ва адо кунед закотро» Ва ин ояти шариф ҳам аз амрҳои Худованд аст, ки мефармояд: «Кутиба алайкумуссиём» (яъне: «Фарз гардида бар шумо рӯза,») Ва Худованд мефармояд: «Пас Худоро ба покӣ ёд кунед. Ҳангоми шом ва вақти субҳ ва барои Ӯ ситоиш аст дар осмонҳо ва замин ва дар вақти ъишо (намози хуфтан) ва вақти зӯҳр» (тарҷума/ Пас агар бигӯяд: «Ба ин оёт имон дорам, аммо тафсири онро намедонам, кофир намешавад, зеро ба оят имон оварда, аммо дар тафсири он ба хато рафтааст».

Абӯмутеъ боз ҳам пурсид:

 «-Агар як шахс дар сарзамини ширк ба тамоми он чи лозим аст иқрор кунад, вале аз фаройиз ва аҳком иттилоъе надошта ва на ба китоб ва на ба аҳком, имон оварад танҳо ба Худо ва имони муқирр (иқроркарда ва иқроршуда) бошад, оё мӯъмин пиндошта мешавад?

Имом дар ҷавоби ӯ чунин мегӯяд:

«-Бале ӯ, ки ба Худованд (ҷалла ҷалолаҳу) ва яккаву ягонагии ӯ (ҷалла ҷалолаҳу) ба иқрор имон овардааст мӯъмин аст».

Ва ин ҳукм, аз лиҳози мавқуфи амал аст, ки ба ақидаи Имом:

-Ҷузъ ва муҳими имон нест».

Абӯмутеъ мепурсад:

-Агар шахсе ба тамоми он чи гуфта иқрор кунад (мақсуд аз он нукоте аст, ки Имом пеш аз он зикр карда, ки имон иборат аз ин аст, ки мӯъмин ба ваҳдонияти Худо ва вуҷуди малоика, китобҳо, паёмбарон ъалайҳимуссалом, ҷаннат, дӯзах, қиёмат, хайр ва шарр, рӯзи ҷазо иқрор кунад ва низ мӯътақид бошад, ки аъмол ба ҳеҷ касе тафвиз, яъне, вогузор нагардида ва мардум ба коре, ки ба ҷиҳати он халқ шудаанд ва ба ончи таҳти ҳукми қазо омада роҷеъшуданӣ мебошад ва ба он ҳам бигӯяд: -Корам ба иродаи худам марбут аст, агар хоста бошам имон меоварам, ва агар хоста бошам куфр меварзам, зеро Худованд мегӯяд:

«Фаман шоа фал-юъмину, ва ман шоа фал-якфир» (яъне:Касе, ки хоста бошад имон оварад ва касе, ки хоста бошад куфр варзад»).

«-Имом гуфт:

«•Дурӯғ мегӯяд! Намебинӣ, ки Худованд фармуда:

«Калло иннаҳо тазкиратан фа-ман шоа зикра ва мо язкуруна илло иншоаллоҳ». (яъне: «Дуруст аст, ки оёти Қуръонӣ панд аст, касе ки бихоҳад аз он панд мегирад ва панд нахоҳанд гирифт магар дар сурате, ки Худованд бихоҳад). Ва дар ояти дигар фармуда: «Ва мо ташоуна илло ан яшоаллоҳ» (яъне: «Иродаи шумо намешавад, магар инки Худованд ирода фармояд»). 47.-138.

Бале инсон, ки офаридашуда (махлуқ) ва баргузидашуда, аз ҷониби Худованд ва бандаи Ӯ таъолост, дар кулли хоҳиш ва иродоти хайру шарри худ ва бахусус дар аъмоли куфру ширк худмухтор нест ва нахоҳад буд. Инсон набояд аз амру фармонҳои Худованд саркашӣ кунад… (С.Б.Б).

«Мақсади Имоми Аъзам (р) аз тафсири ояи боло дар ин аст, ки ҳикмати Худованди ҳаким ва-хабир эҷоб мекунад, ки бандаро мухтор ва дар афъоли таклифиаш соҳибирода офаринад ва ин, ки афъоли банда таҳти машият(ирода)-и азалии Худованд (ҷалла ҷалолаҳу) қарор мегирад (ба маврид аст, ки агар дар ин бахш ё худ ҳошияи ин таҳқиқ, мисрае барои мисол ва боз ҳам возеҳии масъалаи мавриди назар, аз Хоҷа Ҳофиз дарҷ намоем, ки дар асоси мазомини волои ҳикмати Куръони карим гуфтааст; «Ки нест маъсияту зӯҳд бе машияти Ӯ», С.Б.Б.,) манофие бо ихтиёрӣ будани он нест. Имоми Аъзам (р) дар таҳқиқи хеш мегӯяд ин ояти шарифро, ки:

«Фаман шоа фал-юъмину ва ман шоа фал-якфир»,-Дар ҳақиқат ваъид аст ва барои тарҳиб (тарсонидан) гуфта шуда ва касе, ки мафҳуми зоҳирии онро ирода мекунад кофир нест, зеро оятро рад накарда, балки дар таъвили он (тафсири ҳамово) дучори иштибоҳ шуда. Сипас таҳқиқ мекунад, ки ояти:

«Мо асобака мин ҳасанат фаминаллоҳи ва мо асобака мин саййиат фаман нафсак». Яъне: «Ончи ба ту аз некӣ мерасад, аз ҷониби Худованд (ҷалла ҷалолаҳу) ва ончӣ бадӣ мерасад, аз нафси ту аст». Ва ин ояти шарифро боз барои рӯшании масъала баён медорад, ки омада: «Ва мо асабокум мин мусийбат фабимо касбат айдиякум»,(Яъне: «Ва ончи ба шумо мерасад, аз мусибат, пас ба сабаби касби дасти худи шумо аст».

«-Далолат мекунад бар ин, ки агар касе бигӯяд: -Мусибати ман аз фалонист, кофир намешавад»

Ва Имоми Аъзам (р) ин тавзеҳро дар ҷавоби саволи шогирдаш Абӯмутеъ арза мекунад, ки аз вай мепурсад: -Агар инсон дар ҷавоби ин пурсиш, ки: Оё мусибат аз ҷониби Худо аст ва ё аз асари амали ту, бигӯяд аз ҷониби Худо нест, чи ҳукм дорад? 47.-138.

Хулоса, баъд аз ин тафсил, Имоми Аъзам (р) ба ташреҳи мафҳуми иститоат (қудрат, тавоноӣ), ба қисме мепардозад, ки ҷавобро аз банда нафӣ мекунад.

Сипас дар мавзӯи қазо ва қадар ва машият, ба тафсил сӯҳбат мекунад ва рисолаашро ба таҳқиқи дигаре, дар мавзӯи имон хотима медиҳад. Пас собит мекунад, ки марказ ва маъдани имон қалб аст». 47.-138.

Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ба ниҳояти тамом ҳалим ва меҳрубон будааст ва ҳангоми сӯҳбатҳои хеш бо шогирдон ва ҷамъи уламо, ба иззати нафси аҳли ҳуззор намерасида ва ба суолҳои аҳли маҷлис вақт ҷудо мекунад ва низ ба суолдиҳандагону мусоҳибони хеш барои суол додан ва ё матлабашонро баён намудан озодии комил медодааст.

«Гӯё дар баъзе рисолоти каломии хеш, ки ба посӯхи суолкунандагон мепардозад, дар таҳқиқоти илмӣ, ҳоли пурсандагонро мадди назар мегирад ва то вақте боису омиле мавҷуд нашавад, намехоҳад дар атрофи масойили каломӣ изҳори назар кунад. Ба иборати дигар:

Дар баъзе таълифоти хеш, то аз тарафи дигарон саволе мутаваҷҷеҳи Ӯ нашуда, ба тафсири масойили каломӣ наперадозад…

Ва аз ҳамин ҷо аст, ки роҷеъ ба имон, дар чунин мавзӯъ, назар ба саволи пурсандагон тавзеҳот дода ва ҳар бор нисбат ба собиқ дар мавзӯъи мавриди сӯҳбат ва ё баҳс қарор гирифта, рӯшании бештар андохта аст. 47.-139

Ва ниҳоят, яке аз хусусиятҳои муҳим(оиди имон)-и мактаби «Чароғи уммат»-и Расули акрам(р), яъне, Имоми Аъзам(р) ин аст, ки омада «Қабл аз вуруди самъ, маърифат ба тақозойи ақл воҷиб аст, зеро ақл метавонад хайрро аз шарр тамиз кунад ва ба маърифати мовароуттабиъа бирасад ва инсонро лозим аст, ки дар сурати ъадами ваҳӣ (падидае, ки зимни он ҳақоиқи пинҳон ба тариқе фавқуттабиӣ, ба инсон ворид мешавад, С.Б.Б…,)-и Илоҳӣ, ба раҳнамоии ақл (ки Худованд ба ӯ додааст, С.Б.Б…,) амал кунад…». 47.-162.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …