Главная / Илм / ҒӯЛИНГ

ҒӯЛИНГ

susheniy-persikҒӯЛИНГ, ғӯлунг, зардолуқоқ, зардолуи хушконида. Одатан навъҳои сергӯшту хуштаъми зардолуро мехушконанд (асосан дар офтоб). Баъзан пеш аз хушконидан зардолуро бо гази сулфит буғ медиҳанд ва чунин Ғ.-ро «туршак» ҳам мегӯянд. Вобаста ба хусусияти навъҳои зардолу Ғ. калондона (навъҳои Мирсанҷарӣ, Исфарак, Хурмоӣ, Зарафшонӣ, Навоӣ ва ғ.), миёна (Бобоӣ, Қандак, Хусравонӣ ва ғ.) ва резадона (Хасак, Харҷӣ) мешавад. Навъҳои гуногунро ба ҳам омехтан мумкин нест. Ғ.- и офтобӣ ва бо гази сулфит газдодаро ба навъҳои якум ва дуюм ҷудо мекунанд. Ғ.- и резадона фақат як навъ аст. Диаметри Ғ.-и калондонаи навъи якум зиёда аз 22 мм, навъи дуюм 18 мм мешавад. Ғ.-е, ки аз коркарди заводӣ гузаштааст, навъи аъло (диаметраш то 26 мм) низ дорад. Ғ. бояд солим ва беҷирм, таъм ва бӯи табиӣ дошта бошад. Ғ.-и офтобӣ 16% ва заводӣ 18% намӣ дорад. Дар Ғ.- е, ки онро бо гази сулфит буғ додаанд, то 0,01% SO2 ҳаст. Аз 5 т зардолуи тар 1 т Ғ. мегиранд.
Ғ.-ро фаровон истеъмол мекунанд. Дар қаннодӣ низ аҳамияти калон дорад.
Ғ. манбаи беҳамтои калий, каротин, фосфор, калсий, оҳан, ҳамчунин витамини В5 мебошад. Мунтазам истеъмол намудани Ғ. хавфи пайдоиши бемории саратонро кам мекунад. Ғ.-и дар об таркарда (100 – 150 г) рӯдаҳоро нағз тоза менамояд. Дар таркиби Ғ. то 53% карбогидратҳои зудҳазм мавҷуданд. Духтурон онро чун парҳезона (магний дорад) ба беморони гирифтори ғалаёни хун тавсия медиҳанд. Ниг. низ Ғӯлингоб.
Таркиби химиявии ғӯлинг
Навъҳо Об Ҷавҳари себ Глюкоза Фруктоза Сахароза Миқдори
умумии қанд
Мирсанҷарӣ 6,8 2,04 9,68 0,78 82,20 92,66
Мирсанҷарии сурх 6,80 1,48 7,08 3,48 66,14 75,71
Мирсанҷарии сафед 6,69 2,26 7,23 0,80 64,14 72,17
Учма 7,08 – 5,67 3,35 65,10 72,14
Қандаки сурх 7,49 2,23 7,13 4,14 62,73 74
Хурмоӣ 15,76 3,05 29,38 9,08 27,17 65,63
Тоҷибоӣ 11 3,48 20,97 7,11 45,05 73,13

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …