Главная / Гуногун / ХОТИРАИ БАЧАГӢ

ХОТИРАИ БАЧАГӢ

Сагчаи беозори паҳмоқмў, ба хоку лой ҷўлида, ногаҳон пайдо шуд. Агар касе аз байнамон «Сагбачаи девона! Даҳонаш кафк мекунад!» гўён дод намезад, эҳтимол касе аз мо бачаҳои даҳ-дувоздаҳсола, бачаҳои кўча ба вай аҳамият намедодем.

Девонагии сагча моро аз бозӣ нигоҳ дошт. Вай ниҳоят ифлос буд. Ҳама гирди сагча ҷамъ омадем. Бечораяк чашмони ҳазину ғамгинашро базўр кушодаву мепўшид. «Ба вай наздик нашавед, газад, одам девона мешавад».

kudakon

Боз садои пешина моро як қад парронд. «Зада-зада куштан даркор», хулоса баровард дигаре. Вай бандеро дарёфт, ҳалқа басту ба пояш андохт. Сагча ҳайрон-ҳайрон ингос мезад. Банд таранг шуд. Соҳибаш кашола мекард. Мо аз пасаш тохтем. Оҳиста-оҳиста ба шавқ омадем, ноаён пайраваш гаштем. Дод мегуфтем, сангу кулўх меандохтем, бо чўб мезадем.

Сагчаи паҳмоқмў акнун маҷоли ингосзанӣ ҳам надошт, бемадорона минг-минг мекард. Зоҳиран чунин ваҳшоният кам тофт, ки аз нав овози қаблӣ ба гўш расид: «саги ҷинниро овехтан даркор». Мо карахт истодем. Ҳамсолонам болои дарахти чормағз часпида баромаданд. Сагбачаи побанду овезонро фиғонаш ба осмон мепечид. Дар баданаш рамақе аз ҷон монда буду халос:

«Занед!»

Сангу кулўх бар сари сагбачаи овезон париданд. Доду шавқуни мо бачаҳои кўча ва шояд илтиҷою таваллои сагбачаро шунида, очаи Сангин аз хонааш баромад. «Ҳой шумбачаҳо! Бар падаратон лаънат, ақлатонро хўрдед магар?!»

Ҷасади сагча лаппиш мехўрд. Бачаҳои даҳ-дувоздаҳсолаи деҳаи Ҷар рост меистоданд.

Ман ҳам байни онҳо будам.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …