Главная / Гуногун / Ҳикояи Уштур ва Муш

Ҳикояи Уштур ва Муш

Уштуре маҳоркашон дар саҳро мечарид. Муше бар вай расид ва вайро бехудованд35 дид, ҳирсаш бар он дошт, ки маҳораш гирифт ва ба хонаи худ равон шуд. Уштур низ аз он ҷо, ки фитрати ў мафтур36бар инқиёд37 аст ва ҷибиллати38 ў маҷбул бар адами39 мухолафату инод, бо ў мувофақат кард. Чун ба хонаи вай расид, сўрохе дид бағоят танг.

hqdefault

Гуфт:

— Ай муҳоландеш, ин чӣ буд, ки кардӣ? Хонаи ту чунин хурду ҷуссаи ман чунин бузург, на хонаи ту аз ин бузургтар тавонад буд ва на ҷуссаи ман аз ин хурдтар, миёни ману ту сўҳбат чун даргирад ва муҷоласат 40 чун сурат пазирад?!

Қ и т ъ а

Чун равӣ роҳи аҷал з-ин сон, ки мебинам туро

Дар қафо аз бори ҳирсу оз уштурворҳо.

Борҳои хешро чизе сабук гардон, ки нест

Тангнои маргро гунҷойиши ин борҳо.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …