Дар сирати Ардашери Бобакон омадааст, ки ҳакими Арабро пурсид, ки рўзе чӣ моя таом бояд хўрдан?
Гуфт:
– Сад дирамсанг кифоят аст.
Гуфт:
– Ин қадар чӣ қувват диҳад?
Гуфт: Хозо-л-миқдору яхмилуқа ва мо зода ало золиқа фанта хомилуху. (Тарҷумааш: ин миқдор туро бардорад ва агар аз ин афзуд ту онро бардорӣ).
Яъне ин қадар туро бар пой ҳаме дорад ва харҷ и бар ин зиёдат кунӣ, ту ҳаммоли онӣ.
Хўрдан барои зистану зикр кардан аст,
Ту мўътакид ки зистан аз баҳри хўрдан аст.