Якеро аз бузургон ба маҳфиле андар ҳаме сутуданд ва дар авсофи ҷамилаш муболиға мекарданд. Сар бароварду гуфт:
– Ман онам, ки донам.
Шахсам ба чашми оламиён хубманзар аст
В-аз хубси сар зи ҳиҷлати ботин фитода пеш,
Товусро ба нақшу нигоре, ки ҳаст, халқ
Тахсин кунанду ў ҳиҷил аз пои зишти хеш.