Главная / Гуногун / Хушксоле дар Искандария инони тоқати дарвеш аз даст рафта буд, дарҳои осмон бар замин баста ва фарёди аҳли замин ба осмон пайваста:

Хушксоле дар Искандария инони тоқати дарвеш аз даст рафта буд, дарҳои осмон бар замин баста ва фарёди аҳли замин ба осмон пайваста:

Намонд ҷонвар аз вахшу тайру моҳию мўр,
Ки бар фалак нашуд аз бемуродӣ афғонаш.
Аҷаб, ки дуди дили халқ ҷамъ менашавад,
Ки абр гардаду селоби дида боронаш.

1200px-agasthiyamalai_range_and_tirunelveli_rainshadowДар чунин соле муханнасе дур аз дўстон, ки сухан дар васфи ў тарки адаб аст, хоса дар ҳазрати бузургон, ва ба тариқи эҳмол аз он даргузаштан ҳам нашояд, ки тоифае бар аҷзи гўянда ҳамл кунанд. Бар ин ду байт ихтисор кунем, ки андак далели бисёре бошад ва муште намудоре хирворе:

Гар татар бикушад ин муханнасро,
Татареро дигар набояд кушт.
Чанд бошад чу чисри Бағдодаш
Об дар зеру одаме дар пушт?

Чунин шахсе, ки як тараф аз наъти ў шунидӣ, дар ин сол неъмате бекарон дошт, тангдастонро симу зар додӣ ва мусофиронро суфра ниҳодӣ. Гурўҳе дарвешон аз ҷаври фоқа ба ҷон омада буданд, оҳанги даъвати ў карданд ва мушовират ба ман оварданд. Сар аз мувофиқат боззадам ва гуфтам:

Нахўрад шер нимхўрдаи саг
В-ар бимирад ба сахтӣ андар ғор,
Тан ба бечорагию гурснагӣ
Бинеҳу даст пеши сифла мадор.
Гар Фаредун шавад ба неъмату мулк,
Беҳунарро ба ҳеҷ кас машмор.
Парниёну насиҷ бар ноаҳл
Лоҷуварду тилост бар девор.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …