Главная / Гуногун / Ҳотами тоиро гуфтанд:

Ҳотами тоиро гуфтанд:

– Аз худ бузургҳимматтар дар ҷаҳон дидаӣ ё шунидаӣ?
Гуфт:
– Бале. Рўзе чиҳил шутур қурбонӣ карда будам умарои арабро. Пас ба гушам саҳрое ба ҳоҷате бурун рафта будам. Хорканеро даррасидам, пушта фароҳам оварда. Гуфтамаш:
– Ба меҳмонии Хотам чаро наравӣ, ки халқе бар симоти ў гирд омадаанд?
Гуфт:
Ҳар ки нон аз амали хеш хўрад,
Миннат аз Хотами Той набарад.

Ман ўро ба ҳиммату ҷавонмардӣ аз худ бартар дидам.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

columbus_taking_possession-300x227

ПОСБОН

Ана, дигар саҳар шуд, Як рӯзаки дигар шуд. Модар ба кори худ рафт, Падар ба …