Як зану шавҳари ҷавон фарзанддор мешаванду ду моҳ гузаштан пас ҳардушон маслиҳат мекунанд, ки пеши Абўалӣ ибни Сино рафта, таълими кўдаккалонкуниро ёд гирифта биёянд. Майда-чуйда, савғотӣ гирифта, онҳо хонаи Абўалӣ Сино мераванд. Абўалӣ Сино онҳоро меҳмондорӣ карда баъд мепурсад: -Ягон хизмат бошад, шарм накарда гўед, ман ба хизмати шумо ҳозирам: …
Муфассал »УСТОД ВА ШОГИРД
Абўалӣ ибни Сино рўзе бо хотири парешон як асар навишта, онро барои тозанавис кардан ба як шогирдаш додаст. Шогирд иншои Ибни Синоро дуруст хонда натавонистаасту ба устодаш муроҷиат карда гуфтааст: – Устод, хататонро хонда натонистам, илтимос минбаъд камтар бодиққат нависед, моён шогирдҳоятон, мабодо маънии асаратонро ғалат нафаҳмем. Абўалӣ дар ин …
Муфассал »Кудакии Ибни Сино
Ибни Синои яксоларо канизак дар бағал гирифта аз назди мактабхона мегузаштааст. Синои кўдак овози мактаббачаҳоро шунида, ба мактаб рў оварда қанотак задаст. Канизак ўро ба мактабхона бурдааст. Ибни Сино дарси мактабдорро шунида, чеҳрааш шод шудааст. Мактабдор пай бурдааст, ки кўдак дарси ўро бодиққат гўш мекунад. Баъд дар ин …
Муфассал »АБУАЛӢ ВА БЕМОР
Абўалӣ Сино ба табибӣ ном баровардагӣ буд. Ҳар рўз ба назди ў одамони бисьёр барои табобат меомаданд. Ҳамаи онҳо қатор менишастанд ва Абўалӣ ҳар кадомро дида, касалашро мегуфт ва табобаташро ҳам нишон медод. Як рўз вай аз ҷумлаи беморон як касро намебинад ва ба ў чизе намегўяд. Он бемор бо …
Муфассал »ИБНИ СИНО ВА ПОДШОҲ
Рўзе аз рўзҳо подшоҳе касал шуд. Ба дарди бисьёр бад гирифтор шуд. Абўалӣ Сино дар кадом мамлакат шунид, ки подшоҳи шиносаш касал шудааст. Нону намакхўрда, ки буд, омад. Омад, дид, як дарде, ки на по кор мекунад, на даст. Дар тахт як халта барин хоб мекунад. Подшоҳ гуфт, ки: – …
Муфассал »Ибни Сино табиби хеле машҳур гузаштагӣ будааст.
Мегўянд, ки Абўалӣ ибни Сино табиби хеле машҳур гузаштагӣ будааст. Ў нафақат дар шаҳри худаш, балки дар мамлакатҳои дигар ҳам деҳа ба деҳа гашта, беваю бечорагонро бемузу беминнат табобат мекардааст. Як рўз вай барои дам гирифтан ба кўча баромадааст. Дар вақти аз назди як ҳавлӣ гузаштан дидааст, ки дар сари …
Муфассал »ДУДИ ҲАЗОРИСПАНД
Як вақтҳо дар тамоми шаҳри Бухоро касалии вабо паҳн мешавад. Муромурӣ бисьёр авҷ мегирад. Одамон ҳама ҳайрон, чӣ кор карданашонро намедонанд. Баъзеҳо Бухороро тарк карда, бо молу ҳолашон ба шаҳрҳои дигар кўчида мераванд, баъзеҳо ба тақдирашон тан дода, «ҳарчӣ шавем, шавем» гуфта, дар хонаҳошон мемонанд. Подшоҳи Бухоро барои пеши ин …
Муфассал »ФАРЬЁДИ СУДМАНД
Ривоят мекунанд, ки Абўалӣ Сино ҳафтае як маротиба дар сари кўча беморонро медидааст. Як рўз Абўалӣ Сино ба назди як бемор рафта, ба рўи ў бодиққат нигоҳ кардааст ва якбора дод зада гуфтааст: – Ҳой, шогирдон, биёед, ки ман қотили падарамро дарёфтам! Шогирдон тозон омадаанд ва беморро кашола карда ба …
Муфассал »ДУРЎҒИ ШИФОБАХШ
Абўалӣ Сино табиб ва олими доно будааст. Ў ба ҳамаи дарду касалиҳо даво ёфта метавонистааст. Ба назди ў аз ҳар куҷо беморон омада, ба дардашон шифо меёфтаанд. Рўзе дар қатори дигар беморон ба назди Абўалӣ Сино як ҷавон низ барои муолиҷа омадааст. Абўалӣ Сино ба ҷавон як нигоҳ кардаасту чизе …
Муфассал »Андар баёни дӯстӣ – Қиссаи мӯрча
Рӯзе мӯрчае донаи вазнинеро бардошта ва дар биёбон мерафт. Аз ӯ пурсиданд: – Куҷо меравӣ? Гуфт: – Мехоҳам ин донаро барои дӯстам, ки дар шаҳри дигар аст, бубарам. Гуфтанд: – Воқеан хандаовар аст, ту агар ҳазор сол ҳам умр бубинӣ, наметавонӣ ин ҳама роҳро тай намоӣ, то ба ӯ бирасӣ. …
Муфассал »