Главная / Гуногун / Ибни Сино табиби хеле машҳур гузаштагӣ будааст.

Ибни Сино табиби хеле машҳур гузаштагӣ будааст.

Мегўянд, ки Абўалӣ ибни Сино табиби хеле машҳур гузаштагӣ будааст. Ў нафақат  дар шаҳри худаш, балки дар мамлакатҳои дигар ҳам деҳа ба деҳа гашта, беваю бечорагонро  бемузу  беминнат табобат  мекардааст.

Як рўз вай барои дам гирифтан ба кўча баромадааст. Дар вақти аз назди як ҳавлӣ гузаштан дидааст, ки дар сари як касал одами бисьёр ҷамъ шуда, ҳаёҳуй карда истодааст. Абўалӣ Сино ин ҳодисаро дида, ҳайрон шудааст ва за дилаш гузарондааст, ки чаро мардум дар болои одами касал ғавғо мекунанд? Охир ў тоқат карда натавониста, ба он хона даромадааст. Домуллоҳо ин одами ношиносро дида амр кардаанд, ки ў аз он ҷо зуд баромада равад. Сино ба гапи онҳо гўш надодааст ва хоҳиш карадааст, ки ба ў касалро нишон диҳанд. Домуллоҳо ба вай гуфтаанд:

– Ҳозир чильёсин кардем, агар ба шумо нишон диҳем, ҷину аҷинаи вай ба ҷонат зарар мерасонанд.

Яке аз одамон гуфтааст:

– Майлаш, монед, канӣ бинем, ин одам чӣ кор мекунад?

Абўалӣ Сино касалро дида, ба ў дору додаст. Баъди доруро хўрдан касал камтар ором шуда, сарашро аз болишт бардошта, ба домуллоҳо гуфтааст:

– Ҷину аҷина худи шумо будаед. «сиҳат мекунем» гуфта, одамро мекуштаетон-ку!

Ҳама ҳайрон монданд, ки касали ҳеҷ гап зада наметавонистагӣ, ба гап даромад. Яке аз одамҳо Абўалӣ Синоро шинохта, кӣ будани ўро ба мардум фаҳмондааст. Баъд одамон ба Абўалӣ Сино саҷда карда, аз ў узр хостаанд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …