Абўалӣ Сино табиб ва олими доно будааст. Ў ба ҳамаи дарду касалиҳо даво ёфта метавонистааст. Ба назди ў аз ҳар куҷо беморон омада, ба дардашон шифо меёфтаанд.
Рўзе дар қатори дигар беморон ба назди Абўалӣ Сино як ҷавон низ барои муолиҷа омадааст. Абўалӣ Сино ба ҷавон як нигоҳ кардаасту чизе нагуфта ба пеши бемори дигар гузашта рафтааст. Ҷавон гумон кардааст, ки касалии ў бедавост. Вай хафа шуда ба хонааш рафатааст. Абўалӣ Сино ба гўши яке аз шогирдонаш чизе гуфта, ўро пинҳонӣ аз дунболи ҷавон фиристодааст.
Ҷавони бемор аз хонааш арғамчинро гирифта ба боғ баромадааст. Баъд ба ин тараф, ба он тараф нигоҳ кардаасту арғамчинро ба шохи дарахт партофта, худашро овехтан хостааст.
Шогирди Абўалӣ Сино, ки дар паси буттае рафтори беморро мушоҳида мекардааст, Давида рафта бандро буридаасту беморро аз марг халос карда гуфтааст:
– Абўалӣ Сино гуфтанд, ки шумо дигар назди он кас наравед, чунки шумо ҳеҷ гуна касалӣ надоред.
Бемор аз шунидани ин суханон якбора шод гаштааст ва аз касалии рўҳӣ, ки чанд вақт боз гирифтор будааст, халос шудааст.
Баъд Абўалӣ Сино ба шогирдаш фаҳмондааст:
– Ин гуна беморонро маҷбур кардан лозим аст, ки бар қасди хоҳишашон амал кунанд ва дар ҳолати ғамгинию рўҳафтодагиашон якбора шод шаванд.