Главная / Гуногун / ФАРЬЁДИ СУДМАНД

ФАРЬЁДИ СУДМАНД

Ривоят мекунанд, ки Абўалӣ Сино ҳафтае як маротиба дар сари кўча беморонро медидааст. Як рўз Абўалӣ Сино ба назди  як бемор рафта, ба рўи ў бодиққат нигоҳ кардааст ва якбора дод зада гуфтааст:

– Ҳой, шогирдон, биёед, ки ман  қотили падарамро  дарёфтам!

7229043Шогирдон тозон омадаанд ва беморро кашола карда ба ҳавлӣ даровардаанд. Баъд бо ишораи Абўалӣ Сино ўро  аз ду пояш ба забаррави саисхона овехтаанд. Абўалӣ Сино бошад, як корди калони тезро  ба даст гирифта назди бемор омадааст ва ба ў гуфтааст:

– Ман кай боз туро ҷустуҷў мекардам, аммо намеёфтам. Хуб шуд, ки имрўз туро дар назди  худ мебинам. Падарам дар вақти ҷон доданаш гуфта буд, ки қотили ў дар пешонааш холи калон дорад ва гўши росташ захмӣ мебошад. Ҳоло ман аломатҳоро дар ту мебинам. Ман интиқоми падарамро аз ту бояд ситонам.

Бемор ба зорию илтиҷо даромадааст ва гирья карда гуфтааст:

– Ман гуноҳ надорам ва ҳеҷ касро накуштаам.

Абўалӣ Сино:

– Ман туро зинда ба зинда пўст  меканам, – гуфта кордро ба шиками бемор расонидааст.

Бемор сахт тарсида бо тамоми қувва фарёд  задаст ва аз  шиддати тарсу  фарьёд аз даҳони ў як чизи лўнда парида ба замин афтидааст.

Абўалӣ Сино давида рафта он чизро ба даст  гирифта гуфтааст:

– Иллати дарди ту ана ҳамин буд. Акнун рафта хурсандӣ кун, ки аз дард халос шудӣ.

Бемор аз Абўалӣ Сино миннатдор шуда, сиҳату саломат ба  хонааш  баргаштааст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …