Главная / Гуногун / Кудакии Ибни Сино

Кудакии Ибни Сино

    Ибни Синои яксоларо канизак дар бағал гирифта аз назди мактабхона мегузаштааст. Синои кўдак овози мактаббачаҳоро шунида, ба мактаб рў оварда қанотак задаст. Канизак ўро  ба мактабхона бурдааст. Ибни Сино дарси мактабдорро шунида, чеҳрааш шод шудааст. Мактабдор пай бурдааст, ки кўдак дарси ўро бодиққат гўш мекунад. Баъд дар ин хусус ба шогирдонаш гуфтааст. Онҳо бовар накардаанд. мактабдор Ибни Синоро дар паҳлўяш гирифта, як шогирдашро назадаш ҷеғ зада, бо вай дар хусуси ҳар гунна гапу ҳодисаҳои  бемаънию беҳуда баҳс кардааст. Ибни Сино афташро турш карда, аз мактабдор рўй гардондааст.

         Мактабдор як шогирди дигарашро ҷеғ зада, бо вай баҳси илмӣ кардааст. Ибни Сино сўҳбати онҳоро бодиққат гўш карда, чеҳрааш кушода шудааст.

         Мактаббачаҳо ҳақ будани муаллимашонро фаҳмида, аз ў узр хостаанд.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …