Главная / Илм / ЗИКИ ДИЛ

ЗИКИ ДИЛ

ziki-dilЗИКИ ДИЛ (Asthma cardiale), хуручи нафастанги, ки бинобар дар рагхои шуш бозмондани хун пайдо мешавад. Сабаби З. д. беморихои миокардит, сактаи шадиди миокард, кардиосклероз, аневризмаи меъдачаи чап, нукси шохраги дил ва даричаи дутабака, баланд шудани фишори шараён ва г. махсуб мешаванд. Ба пайдоиши З. д. афзудани хачми хунгардиш (мас., хангоми кори чисмони, табларза), массаи хуни даврзананда (мас., хангоми хомилаги, баъди ба организм фиристодани моеъи бисёр ва г.), хамчунин дароз кашидани бемор мусоидат менамоянд; дар ин гуна мавридхо хун ба шуш бисёр чори мешавад. Дар натичаи бозмондани хун ва афзудани фишор дар мурагхои шуш, варам пайдо шуда, ба мубодилаи газ дар алвеолахо ва кобилияти нуфузпазирии бронхиолахо халал ворид месозад, мариз дамкутах мегардад; дар баъзе холатхо ихтилоли нафасро бронхоспазми рефлекси низ амиктар месозад.
Сабаби рузона хуруч ёфтани З. д., одатан, ба фаъолияти чисмони, асабоният, галаёни хун, стенокардия, истеъмоли гизои бисёр ва г. вобастаги дорад. Кабл аз хуручи З. д. дар беморон бисёр вакт эхсоси фишурда шудани кафаси сина ва дилзани ба вучуд меояд. Хангоми шабона хуруч ёфтани З. д. (бештар ба мушохида мерасад) бемор аз нафастанги, нарасидани хаво, фишори кафаси сина ва сурфаи хушк бедор мешавад; у арак карда, бекарор мегардад, ба харос меафтад. Дар аснои хуручи бемори мариз бо дахон нафас мегирад, аз чой мехезад ё сари бистар мешинад (дар ин холат нафаскаши кадре осон аст).
Беморро дар чои мувофик шинондан лозим аст; тасмаи миёнро кушода ба вена 40 – 80 мг фуросемид (лазикс), 10 мг седуксен (диазепам) мефиристанд.
Тадбирхои пешгирии З. д. мисли роххои чилавгирии нукси дил мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …