Главная / Илм / ЗАХРОЛУДи АЗ ГИЗО

ЗАХРОЛУДи АЗ ГИЗО

zahroludi-az-gizoЗАХРОЛУДи АЗ ГИЗО. Хурокворихое, ки бо баъзе микробхо сироят ёфтаанд, яке аз манбаъхои асосии захролуди ба шумор мераванд. Микроби аз хама хавфнок ботулинус мебошад, ки захри он котил аст. Меъёри марговари он хамаги 0,тиб0002 мг мебошад; 1 мг-и ин захр метавонад беш аз 3 хаз. наф. одамро нобуд созад; 200 г-и он барои махви ахолии руи Замин кофист.
З. хангоми истеъмоли хуроквории консервонида – гушт, мохи, мева ва сабзавоте, ки бо спорахои микробхо олуда шудаанд (онхо дар шароити анаэроби афзоиш меёбанд), ба миён меояд. Баъд аз чанд соати огози зухуроти захролудии гизои (кай, исхол, дарди шикам) босира заиф гашта, нутк ва фурубари аз сабаби фалачи мушакхои балъуму ханчара халал меёбад (ниг. Ботулизм). Сипас фалачи мушакхои дигар, аз чумла мушакхои нафас, инкишоф ёфта, одатан, сабабгори фавти мариз мегардад.
Барои пешгирии З. кабл аз консервони занбуругхо, мева, сабзавотро бояд нагз шуст. Дар хурок истифода бурдани консервхои куттиашон бодгирифта, сурох ва нуксондор катъиян манъ аст.
Захролуди аз баъзе намудхои стафилококк бемории маъмул аст. Стафилококкхо дар харорати мукаррарии хона дар гизохое, ки хочат ба пухтани онхо нест (пирожнихои кремдор, махсулоти шири, гизои дудхурда, паштетхо, винегрет ва г.), бисёр афзоиш меёбанд. Одамоне низ метавонанд манбаи сирояти хуроквори гарданд, ки гирифтори беморихои римноки стафилококкианд. Чунин одамонро ба тайёр кардани хурок рох додан мумкин нест. Барои пешгирии захролуди катъи риоя намудани муддат ва шароити нигохдошти хуроквори зарур аст.
Дар сурати пайдо шудани нишонахои аввалини З. фавран духтурро бояд даъват намуд. То омадани духтур меъдаи беморро мешуянд. Хангоми ботулизм бармахал (дар соатхои аввал) гузаронидани зардоби зидди ин бемори маризро аз марг начот медихад.
Гурухи калони З.-ро ба истилох токсикоинфексияхо ташкил медиханд. Онхоро баъзе намудхои микробхои руда (салмонеллахо) ба вучуд меоваранд. Ин беморихо монанди исхоли хунин, паратифхо ва домана нафакат аз захри микробхо, балки аз таъсири худи микроорганизмхои зинда низ пайдо мешаванд. Токсикоинфексияи гизоиро факат духтур ва дар шароити беморхона табобат мекунад.
Катъи риоя намудани коидахои пухтупаз ва бехдошти шахси рохи асосии пешгирии ин беморихо мебошад.
Ад.: Постовит В.А., Пищевые токсикоинфекции, Л., 1984; Камардинов Х. К., Инфекционные и паразитарные болезни человека, Д., 2009

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …