Главная / Илм / ЗАҲРОЛУДӣ АЗ ҒИЗО

ЗАҲРОЛУДӣ АЗ ҒИЗО

zahroludi-az-gizoЗАҲРОЛУДӣ АЗ ҒИЗО. Хӯроквориҳое, ки бо баъзе микробҳо сироят ёфтаанд, яке аз манбаъҳои асосии заҳролудӣ ба шумор мераванд. Микроби аз ҳама хавфнок ботулинус мебошад, ки заҳри он қотил аст. Меъёри марговари он ҳамагӣ 0,тиб0002 мг мебошад; 1 мг-и ин заҳр метавонад беш аз 3 ҳаз. наф. одамро нобуд созад; 200 г-и он барои маҳви аҳолии рӯи Замин кофист.
З. ҳангоми истеъмоли хӯроквории консервонида – гӯшт, моҳӣ, мева ва сабзавоте, ки бо спораҳои микробҳо олуда шудаанд (онҳо дар шароити анаэробӣ афзоиш меёбанд), ба миён меояд. Баъд аз чанд соати оғози зуҳуроти заҳролудии ғизоӣ (қай, исҳол, дарди шикам) босира заиф гашта, нутқ ва фурӯбарӣ аз сабаби фалаҷи мушакҳои балъуму ҳанҷара халал меёбад (ниг. Ботулизм). Сипас фалаҷи мушакҳои дигар, аз ҷумла мушакҳои нафас, инкишоф ёфта, одатан, сабабгори фавти мариз мегардад.
Барои пешгирии З. қабл аз консервонӣ занбӯруғҳо, мева, сабзавотро бояд нағз шуст. Дар хӯрок истифода бурдани консервҳои қуттиашон бодгирифта, сӯрох ва нуқсондор қатъиян манъ аст.
Заҳролудӣ аз баъзе намудҳои стафилококк бемории маъмул аст. Стафилококкҳо дар ҳарорати муқаррарии хона дар ғизоҳое, ки ҳоҷат ба пухтани онҳо нест (пирожниҳои кремдор, маҳсулоти ширӣ, ғизои дудхӯрда, паштетҳо, винегрет ва ғ.), бисёр афзоиш меёбанд. Одамоне низ метавонанд манбаи сирояти хӯрокворӣ гарданд, ки гирифтори бемориҳои римноки стафилококкианд. Чунин одамонро ба тайёр кардани хӯрок роҳ додан мумкин нест. Барои пешгирии заҳролудӣ қатъӣ риоя намудани муддат ва шароити нигоҳдошти хӯрокворӣ зарур аст.
Дар сурати пайдо шудани нишонаҳои аввалини З. фавран духтурро бояд даъват намуд. То омадани духтур меъдаи беморро мешӯянд. Ҳангоми ботулизм бармаҳал (дар соатҳои аввал) гузаронидани зардоби зидди ин беморӣ маризро аз марг наҷот медиҳад.
Гурӯҳи калони З.-ро ба истилоҳ токсикоинфексияҳо ташкил медиҳанд. Онҳоро баъзе намудҳои микробҳои рӯда (салмонеллаҳо) ба вуҷуд меоваранд. Ин бемориҳо монанди исҳоли хунин, паратифҳо ва домана нафақат аз заҳри микробҳо, балки аз таъсири худи микроорганизмҳои зинда низ пайдо мешаванд. Токсикоинфексияи ғизоиро фақат духтур ва дар шароити беморхона табобат мекунад.
Қатъӣ риоя намудани қоидаҳои пухтупаз ва беҳдошти шахсӣ роҳи асосии пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Ад.: Постовит В.А., Пищевые токсикоинфекции, Л., 1984; Камардинов Х. К., Инфекционные и паразитарные болезни человека, Д., 2009

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …