Главная / Илм / «ЗАХИРАИ ХОРАЗМШОХи»

«ЗАХИРАИ ХОРАЗМШОХи»

kitobi-tibbi«ЗАХИРАИ ХОРАЗМШОХи», шохасари тибби, ки с-хои 1113 – 15 Исмоили Чурчони барои Кутбуддин Абулфатхи Арслон Тагини Мухаммади Хоразмшох таълиф намудааст. Дар бобати офаридани асар муаллиф менависад: «Такдир чунон буд, ки чамъкунандаи ин китоби Исмоил ибни Хасан ибни Мухаммад ибни Ахмади Хусайнии Чурчони андар соли понсаду чахор аз хичрат ва хушии хаво ва оби вилояти Хоразм бидид ва он чо маком ихтиёр кард ва вочиб донист самараи илме, ки муддати дароз аз умри хеш гузаронидааст, андар ин вилоят нашр кардан, бад-ин ният ин китоб чамъ кард…».
Аввалин нусхаи форси-точикии «З. Х.» аз 10 китоб иборат аст. Муаллиф асарро ба забони араби низ муфид ва зарур дониста, онро ба този хам таълиф намуд ва «Адвияи муфрада» ном боби иловаги дохил кард. «З. Х.» аз 65 чузъ, 78 гуфтор (макола) ва 1197 боб иборат аст. Барои таълифи «З. Х.» муаллиф асархои хакимони пешина (Букрот, Чолинус, Рози, Беруни, Ибни Сино ва диг.)-ро хам истифода бурдааст. Мувофики нишондоди муаллифи асар он чунон пурра аст, ки «табибро андар хеч боб ба хеч китоби дигар хочат наяфтад ва ба сабаби бозгаштан ба китобхо хотираш пароканда нашавад…».
«З. Х.» инкишофи илму маърифати халкхои Осиёи Марказиро дар давраи сомониён ва хоразмшохон инъикос мекунад. «З. Х.» ба забони иброни, турки, урду ва г. хам тарчума шудааст. Онро табибони машрику магриб ва форсу арабзабон дар тули чандин асрхо чун асари илми истифода бурдаанд. «З. Х.» холо хам мохияти таърихи, илми, амали, забони, лугави ва фалсафиашро гум накардааст. Дар «З. Х.» ба масъалахои тибби кишвари ва чугрофи диккати махсус дода мешавад. Китоби якум дар бораи шинохтани хадди тиб ва манфиати он, шинохтани чисми инсон, мояхо (асосхо), мизочхо, хилтхо (хун, балгам, сафро, савдо), чигунагии ахволи одатхо, ташрехи андомхои муфрад ва мураккаб; китоби дуюм дар бораи шинохтани холатхои тани одам аз тандурусти ва бемори, анвоъ (хелхо), асбоб (сабаб) ва аърози (намуди зохири)-и он, шинохтани набз, ахволи мадфуоти (аз дафъ) бадан (чун арак, бавл, гоят – кали ва г.); китоби сеюм дар бораи нигох доштани тандурусти, тадбири хаво ва маскан, шинохтани холати обхо, тадбирхои таом ва шароб, хоб ва бедори, харакат ва сукунат, шинохтани холати нушокихо, чизхои муаттар, ба кор бурдани равганхо, тадбири кай кардан ва доруи мусхил хурдан, тадбири фасд (рагзани), хачомат (хунгири), зуллук, хукна (клизма) ва шиёф (свеча ё супозиторий), тадбири аърози нафсони (чун шоди ва андух ва г.), тадбири нигохубини тифлон, тадбири пирон ва мусофирон; китоби чорум дар бораи шинохтани хар як бемори, авч, бухрон ва пешомади он; китоби панчум дар бораи ёд кардани анвои таб, сабаб, аломат ва илоч, тадбири холатхое, ки дар бадан руй медиханд ва нишонаи бемори; китоби шашум дар бораи муоличаи чамеи беморихое, ки аз сар то по падид меоянд; китоби хафтум дар бораи илочи омосхо ва решхо, тадбири шикофтан ва дог кардан, илочи андоми табохёфта, тадбири шикастаги, озурдаги, варам ва монанди он; китоби хаштум дар бораи покизаги ва оростагии тан зохиран; китоби нухум дар бораи ёд кардани захрхо ва подзахрхо; китоби дахум дар бораи тартиб додани карободин бахс мекунад.
Муаллиф дар мукаддимаи асар навиштааст: «Аммо бояд донист, ки хавои ин вилоят (яъне Хоразм ва умуман Осиёи Маркази) шимоли аст ва чунин хаво хуштар ва софитар бошад… Ва хар наботе (растание), ки дар ин хаво руяд, хуштар ва гуворандатар бошад. Ва хар одаме, ки аз ин хаво нафас гирад, дил ва димоги у кавитар ва хоссахои у дурусттар бошад… Ва оби ин вилоят Чайхун (д. Ому) аз чумлаи обхои ситуда (нагз) аст… Лекин бо ин хама некуихо ходисахои номувофик низ дар ин вилоят бисёр аст… Ва ба сабаби саъби (сахтии) сармо зуком ва назла бисёр мебошад…»
Ад.: Расулов М.Я., Исмаил Джурджани, дар кит.: Итоги и перспективы научных исследований по истории медицины, Кишинев, 1973; Хикмати асрхо (мураттибон В. А. Капранов ва Рахим Хошим), Д., 1975.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …