Главная / Чамъият / Витаминхо

Витаминхо

Ахамияти витаминхо. Витаминхо – моддахои фаъоли биологи буда, барои фаъолияти хаётии организм заруранд. Набудан ё нарасидани витаминхо боиси беморихои гуногун мегардад.

Нихоят кам будани онхо ба мубодилаи моддахо таъсири зиёд мерасонад. Витаминхо дар чараёни пайдоиши ферментхо иштирок мекунанд. Витаминхо ба организм тавассути озукае, ки аз растанихо ва хайвонот гирифта мешаванд, дохил мегарданд. Барои осонии кор витаминхоро бо харфхои лотинии А, В, С, D ва гайра ишора мекунанд.

Витаминхо

Витамини С дар таркиби настаран, каракот, карам, помидор, лиму, афлесун, пиёз, сир, картошка, дар аксар мевахо дар кисми сабзи растанихо, хусусан дар навдахо вучуд дорад. Агар организм муддати дароз витамини С-ро нагирад, бемории синга, ки ба сайёхон ва бахрнавардон кайхо боз маълум аст, хуруч мекунад (расми 78). Хангоми чунин бемори пилки дандон хуншор, пардахои луобии дахон захмдор гардида, дандонхо чунбонак мешаванд ва меафтанд. Дар айни хол устухонхо зудшикан гардида, бугумхо дард мекунанд. Одам камхун мешавад ва мукобилияти организм ба беморихои сирояткунанда якбора суст мешавад. Калонсолон бояд бо хурок дар як шабонаруз 50-78 мг витамини С истеъмол намоянд.

Витамини А асосан дар гизое, ки аз хайвонот гирифта мешавад (дар равгани мохи, равгани зард (маска), шир, зардии тухм, чигар, гурда, тухми мохи) мавчуд аст. Моддахое, ки дар организм ба витамини А табдил меёбанд, дар гизое, ки аз растани гирифта мешавад (сабзи, испанок, зардолу, каламфури сурх, помидор) мавчуданд. Витамини А ба сабзиши организм таъсир мекунад. Хангоми дар хурок нарасидани он кудакон хуб инкишоф намеёбанд, дандону муяшон ташаккул намеёбад, шуш ва рудахояшон зарар мебинад. Мумкин аст одам ба бемории шабкури гирифтор шавад. Хамин, ки торики фаро расид кувваи босираи чунин бемор заиф мегардад.

Одам бояд дар як шабонаруз тахминан 1 мг витамини А истеъмол кунад. Ба гурухи витамини В якчанд витаминхо масалан: В1, В2, В6, В12 дохил мешаванд. Витамини В1 ба чараёни мубодилаи карбогидрат таъсир мерасонад. Вай барои фаъолияти муътадили хамон узве зарур мебошад, ки дар он мубодилаи карбогидрат бошиддаттар аст, масалан системаи асаб, дил, мушакхо. Витамини В1 дар донахои тозанакардаи растанихои хушадор, тухми лубиёгихо ва зардии тухм мавчуд аст. Микдори ками он инчунин дар таркиби испанок, карам, пиёз, сабзи ва себ вучуд дорад. Ба организм дар як шабонаруз 2-3 мг витамини В1 зарур аст. Агар дар хурок витамини В набошад, бемории вазнини берибери сар мезанад. Пештар ин бемори дар баъзе чазирахои укёнуси Ором пахн шуда буд, чунки хуроки асосии мардуми он чо биринчи мукашшари (тозакардашуда) витамини В надошта буд. Фаъолияти системаи асаби одамони гирифтори чунин бемори тагйир меёбад: мушакхои дасту пояшон кашида мешавад, фалач ба амал меояд, ки аксар ба марг анчом меёбад.

Витамини В2 дар галладона, чигар, гушт, шир, тухм мавчуд аст. Агар калонсолон витамини В2-ро кам истеъмол кунанд, чашмонашон хира шуда, пардаи луобии ковокии дахонашон зарар мебинад.

Витамини D дар таркиби равгани мохи, чигар, зардии тухмимург ва дигар махсулот мавчуд аст. Агар дар хурок витамини D набошад, кудакон дучори бемории чиллаашур (рахит) мегарданд. Дар холати ба ин дард гирифтор шудан микдори намакхо дар устухон кам мешавад, инкишофи кудак суст шуда, скелеташ нодуруст ташаккул меёбад. Пойи кудакони бемории чиллаашур (рахит) кач шуда, сар ва шикамашон калон мешавад ва кафаси синаашон тагйир меёбад. Чунин кудакон ба беморихои гуногун зуд гирифтор мешаванд.

Бо таъсири офтоб дар пусти одамон моддае пайдо шуда, ба витамини D мубаддал мегардад. Бинобар ин пусти кудакони хурдсол ба таъсири муътадили нури офтоб эхтиёч дорад. Витаминхо барои фаъолияти хаётгузарони заруранд, вале микдори барзиёди онхо мумкин аст боиси вайроншавии чиддии организм гардад. Бинобар ин витаминхои сунъиро аз хад зиёд истифода кардан мумкин нест.

Витамини Е ба витаминхои дар равган халшаванда дохил шуда, дар раванди афзоиши бадан иштирок мекунад. Ин витаминро дар таркиби афшурахои гуногун, майсаи гандум, равгани наботот ва дар бофтахои хайвонот дидан мумкин аст. Норасоии ин витамин ба афзоиш наёфтани хучайрахои чинси занона ва мардона сабаб мешавад. Инчунин мушакхои кундаланграхи скелет осеб мебинанд.

Витамини К ба витаминхои дар обхалшаванда дохил шуда дар чараёни лахташавии хун иштирок мекунад. Ин витаминро дар таркиби махсулотхои гизои дидан мумкин аст дар рудаи гафси одам хосил мешавад. Нарасидани ин витамин лахташавии хунро суст мекунад, ки одам хангоми хунравии зиёд аз чойи осеб дидаи организм фавтиданаш мумкин аст.

Витамини Н ба витаминхои дар об халшаванда дохил шуда барои дохилшавии дуоксиди карбон дар организм ва кислотахои гуногуни органики хизмат мекунад. Витамини Н дар организм, дар системаи рудахо аз хисоби бактерияхо хосил мешавад. Нарасидани ин витамин ба осеб дидан пуст, баста шудани иштихо ва хоболуди меорад.

Витамини РР (кислотаи никотин) дар об халшаванда, мубодилаи карбогидратхоро фаъол мекунад, дар нафаскашии хучайрахо фаъолона иштирок мекунад. Ин витаминро дар таркиби гушти хайвонот, мохи дидан мумкин аст. Нарасидани ин витамин ба вайроншавии чараёни оксиду-баркароршавии организмро ба вучуд меорад.

Нигох доштани витаминхо дар хурок. Дар таркиби хуроки мо витаминхо бояд ба микдори кофи мавчуд бошанд. Нигох доштани витаминхо дар таркиби хурок ба тарзи таомпази, шароит ва муддати нигохдории махсулот вобаста аст. Витаминхои гурухи А, В1 ва В2 аз хама ноустуворанд. Мукаррар кардаанд, ки витамини А дар хурокпази зуд вайрон мешавад. Сабзии пухта нисбат ба хомаш ду баробар кам витамини А дорад. Хангоми хушккуни хам витамини А вайрон мешавад.

Харорати баланд микдори витаминхои гурухи В-ро кам мекунад. Чунончи, гушт баъди пухтан аз 15 то 60%, махсулоти аз растани гирифта шуда кариб панчяки витаминхои гурухи В-ро талаф медиханд. Витамини С аз таъсири харорати баланд ва хаво ба зуди вайрон мешавад. Аз ин ру сабзавотро пеш аз пухтан тоза кардан ва реза кардан лозим аст. Сабзавотро ба оби чуш андохта, сарпуши дегро пушида пухтан бехтар аст. Ба охан расидан хам витамини

С-ро вайрон мекунад. Аз хамин сабаб таомхои сабзавотдорро дар зарфи сирдор пухтан фоиданоктар аст. Хар як одам бояд хар руз тавассути хурок хама витаминхои заруриро гирад. Зимистон себ, сабзии хом, карам, равгани зард, тухм манбаи витаминхо шуда метавонанд. Гайр аз ин мувофики фармоиши духтур ба хурок дорухои витаминиро илова мекунанд.

Саволхо:

  1. Витаминхо барои организм чи ахамият доранд?
  2. Хангоми нарасидани витаминхои А, В, С, D одам ба кадом беморихо гирифтор мешавад?
  3. Витамини С дар кадом махсулот вучуд дорад?
  4. Оё зиёд истеъмол кардани дорухои витаминдор фоиданоканд?
  5. Витаминхоро дар хурок чи хел нигох доштан мумкин аст?

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …