Главная / Ҷамъият / Витаминҳо

Витаминҳо

Аҳамияти витаминҳо. Витаминҳо – моддаҳои фаъоли биологӣ буда, барои фаъолияти ҳаётии организм заруранд. Набудан ё нарасидани витаминҳо боиси бемориҳои гуногун мегардад.

Ниҳоят кам будани онҳо ба мубодилаи моддаҳо таъсири зиёд мерасонад. Витаминҳо дар ҷараёни пайдоиши ферментҳо иштирок мекунанд. Витаминҳо ба организм тавассути озуқае, ки аз растаниҳо ва ҳайвонот гирифта мешаванд, дохил мегарданд. Барои осонии кор витаминҳоро бо ҳарфҳои лотинии А, В, С, D ва ғайра ишора мекунанд.

Витаминхо

Витамини С дар таркиби настаран, қарақот, карам, помидор, лиму, афлесун, пиёз, сир, картошка, дар аксар меваҳо дар қисми сабзи растаниҳо, хусусан дар навдаҳо вуҷуд дорад. Агар организм муддати дароз витамини С-ро нагирад, бемории синга, ки ба сайёҳон ва баҳрнавардон кайҳо боз маълум аст, хурўҷ мекунад (расми 78). Ҳангоми чунин беморӣ пилки дандон хуншор, пардаҳои луобии даҳон захмдор гардида, дандонҳо ҷунбонак мешаванд ва меафтанд. Дар айни ҳол устухонҳо зудшикан гардида, буғумҳо дард мекунанд. Одам камхун мешавад ва муқобилияти организм ба бемориҳои сирояткунанда якбора суст мешавад. Калонсолон бояд бо хўрок дар як шабонарўз 50-78 мг витамини С истеъмол намоянд.

Витамини А асосан дар ғизое, ки аз ҳайвонот гирифта мешавад (дар равғани моҳӣ, равғани зард (маска), шир, зардии тухм, ҷигар, гурда, тухми моҳӣ) мавҷуд аст. Моддаҳое, ки дар организм ба витамини А табдил меёбанд, дар ғизое, ки аз растанӣ гирифта мешавад (сабзӣ, испаноқ, зардолу, қаламфури сурх, помидор) мавҷуданд. Витамини А ба сабзиши организм таъсир мекунад. Ҳангоми дар хўрок нарасидани он кўдакон хуб инкишоф намеёбанд, дандону мўяшон ташаккул намеёбад, шуш ва рўдаҳояшон зарар мебинад. Мумкин аст одам ба бемории шабкўрӣ гирифтор шавад. Ҳамин, ки торикӣ фаро расид қувваи босираи чунин бемор заиф мегардад.

Одам бояд дар як шабонарўз тахминан 1 мг витамини А истеъмол кунад. Ба гурўҳи витамини В якчанд витаминҳо масалан: В1, В2, В6, В12 дохил мешаванд. Витамини В1 ба ҷараёни мубодилаи карбогидрат таъсир мерасонад. Вай барои фаъолияти мўътадили ҳамон узве зарур мебошад, ки дар он мубодилаи карбогидрат бошиддаттар аст, масалан системаи асаб, дил, мушакҳо. Витамини В1 дар донаҳои тозанакардаи растаниҳои хўшадор, тухми лўбиёгиҳо ва зардии тухм мавҷуд аст. Миқдори ками он инчунин дар таркиби испаноқ, карам, пиёз, сабзӣ ва себ вуҷуд дорад. Ба организм дар як шабонарўз 2-3 мг витамини В1 зарур аст. Агар дар хўрок витамини В набошад, бемории вазнини берибери сар мезанад. Пештар ин беморӣ дар баъзе ҷазираҳои уқёнуси Ором паҳн шуда буд, чунки хўроки асосии мардуми он ҷо биринҷи муқашшарӣ (тозакардашуда) витамини В надошта буд. Фаъолияти системаи асаби одамони гирифтори чунин беморӣ тағйир меёбад: мушакҳои дасту пояшон кашида мешавад, фалаҷ ба амал меояд, ки аксар ба марг анҷом меёбад.

Витамини В2 дар ғалладона, ҷигар, гўшт, шир, тухм мавҷуд аст. Агар калонсолон витамини В2-ро кам истеъмол кунанд, чашмонашон хира шуда, пардаи луобии ковокии даҳонашон зарар мебинад.

Витамини D дар таркиби равғани моҳӣ, ҷигар, зардии тухмимурғ ва дигар маҳсулот мавҷуд аст. Агар дар хўрок витамини D набошад, кўдакон дучори бемории чиллаашўр (рахит) мегарданд. Дар ҳолати ба ин дард гирифтор шудан миқдори намакҳо дар устухон кам мешавад, инкишофи кўдак суст шуда, скелеташ нодуруст ташаккул меёбад. Пойи кўдакони бемории чиллаашўр (рахит) каҷ шуда, сар ва шикамашон калон мешавад ва қафаси синаашон тағйир меёбад. Чунин кўдакон ба бемориҳои гуногун зуд гирифтор мешаванд.

Бо таъсири офтоб дар пўсти одамон моддае пайдо шуда, ба витамини D мубаддал мегардад. Бинобар ин пўсти кўдакони хурдсол ба таъсири мўътадили нури офтоб эҳтиёҷ дорад. Витаминҳо барои фаъолияти ҳаётгузаронӣ заруранд, вале миқдори барзиёди онҳо мумкин аст боиси вайроншавии ҷиддии организм гардад. Бинобар ин витаминҳои сунъиро аз ҳад зиёд истифода кардан мумкин нест.

Витамини Е ба витаминҳои дар равған халшаванда дохил шуда, дар раванди афзоиши бадан иштирок мекунад. Ин витаминро дар таркиби афшураҳои гуногун, майсаи гандум, равғани наботот ва дар бофтаҳои ҳайвонот дидан мумкин аст. Норасоии ин витамин ба афзоиш наёфтани ҳуҷайраҳои ҷинси занона ва мардона сабаб мешавад. Инчунин мушакҳои кундаланграхи скелет осеб мебинанд.

Витамини К ба витаминҳои дар обҳалшаванда дохил шуда дар ҷараёни лахташавии хун иштирок мекунад. Ин витаминро дар таркиби маҳсулотҳои ғизоӣ дидан мумкин аст дар рўдаи ғафси одам ҳосил мешавад. Нарасидани ин витамин лахташавии хунро суст мекунад, ки одам ҳангоми хунравии зиёд аз ҷойи осеб дидаи организм фавтиданаш мумкин аст.

Витамини Н ба витаминҳои дар об ҳалшаванда дохил шуда барои дохилшавии дуоксиди карбон дар организм ва кислотаҳои гуногуни органикӣ хизмат мекунад. Витамини Н дар организм, дар системаи рўдаҳо аз ҳисоби бактерияҳо ҳосил мешавад. Нарасидани ин витамин ба осеб дидан пўст, баста шудани иштиҳо ва хоболудӣ меорад.

Витамини РР (кислотаи никотин) дар об ҳалшаванда, мубодилаи карбогидратҳоро фаъол мекунад, дар нафаскашии ҳуҷайраҳо фаъолона иштирок мекунад. Ин витаминро дар таркиби гўшти ҳайвонот, моҳӣ дидан мумкин аст. Нарасидани ин витамин ба вайроншавии ҷараёни оксиду-барқароршавии организмро ба вуҷуд меорад.

Нигоҳ доштани витаминҳо дар хўрок. Дар таркиби хўроки мо витаминҳо бояд ба миқдори кофӣ мавҷуд бошанд. Нигоҳ доштани витаминҳо дар таркиби хўрок ба тарзи таомпазӣ, шароит ва муддати нигоҳдории маҳсулот вобаста аст. Витаминҳои гурўҳи А, В1 ва В2 аз ҳама ноустуворанд. Муқаррар кардаанд, ки витамини А дар хўрокпазӣ зуд вайрон мешавад. Сабзии пухта нисбат ба хомаш ду баробар кам витамини А дорад. Ҳангоми хушккунӣ ҳам витамини А вайрон мешавад.

Ҳарорати баланд миқдори витаминҳои гурўҳи В-ро кам мекунад. Чунончӣ, гўшт баъди пухтан аз 15 то 60%, маҳсулоти аз растанӣ гирифта шуда қариб панҷяки витаминҳои гурўҳи В-ро талаф медиҳанд. Витамини С аз таъсири ҳарорати баланд ва ҳаво ба зудӣ вайрон мешавад. Аз ин рў сабзавотро пеш аз пухтан тоза кардан ва реза кардан лозим аст. Сабзавотро ба оби ҷўш андохта, сарпўши дегро пўшида пухтан беҳтар аст. Ба оҳан расидан ҳам витамини

С-ро вайрон мекунад. Аз ҳамин сабаб таомҳои сабзавотдорро дар зарфи сирдор пухтан фоиданоктар аст. Ҳар як одам бояд ҳар рўз тавассути хўрок ҳама витаминҳои заруриро гирад. Зимистон себ, сабзии хом, карам, равғани зард, тухм манбаи витаминҳо шуда метавонанд. Ғайр аз ин мувофиқи фармоиши духтур ба хўрок доруҳои витаминиро илова мекунанд.

Саволҳо:

  1. Витаминҳо барои организм чӣ аҳамият доранд?
  2. Ҳангоми нарасидани витаминҳои А, В, С, D одам ба кадом бемориҳо гирифтор мешавад?
  3. Витамини С дар кадом маҳсулот вуҷуд дорад?
  4. Оё зиёд истеъмол кардани доруҳои витаминдор фоиданоканд?
  5. Витаминҳоро дар хўрок чӣ хел нигоҳ доштан мумкин аст?

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …