Главная / Гуногун / ВОКЕАХОИ НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XVI

ВОКЕАХОИ НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XVI

Муборизахои Бобур Мирзо бе окибат монданд. Сарзамини Осиёи Миёна ба зери тасарруфи Шайбониён даромад. Вале ин мулки собик обод ба хароби ру нихода буд. Чангхои паи хами сулолави, хучуми лашкари хорича, истибдод ва горати мугулхо ба зиндагонии мардум ва хаёти хочагии мамлакат таъсири халокатбор расониданд. Масохати заминхои кишт хеле кам гардид. Мулкхои алохида тамоман ба ихтиёри намояндагони хонадони Шайбони гузапгганд. Сохибони онхо метавонистанд мулкро ба фарзандонашон мерос гузоранд. Бухоро, Самарканд, Хисор, Тошканд, Хучанд, Уротеппа ва мисли инхо амлоки калонгарон буданд.

buxoro

Номдортарин сохибони мулк дар Самарканд Кучкунчихон, дар Бухоро Убайдуллохон, дар Хисор Темур Ахмад Султон, дар Уротеппа Абдулатиф Султон, дар Бадахшон Шохсулаймон менишастанд.

Хукмронони хонадони Шайбони аз лашкаркаши ба мулкхои дигар даст накашида буданд. Яке аз хадафхои асосии онхо ишголи Хирот буд. Забти ин шахр он маъниро ифода мекард, ки сулолаи нав сохиби хамаи сарзамини Темуриён гаштааст. Бо вучуди ин, авзои ин давра нисбатан оромтар ва шароити хочагидори мусоидтар гардида буд.

Аммо дар миёни асри XVI чангу низоъхои феодали як ходисаи мукаррари гардид. Дар мамлакат духокимияти ба вучуд омад. Яке аз хамин кабил руйдодхо ба номи хокими Хисор Темур Ахмад Султон алокаманд аст. To чандгох ба номи у дар Мовароуннахр танга зарб намуда хутба мехонданд.

Дар сари гурухи дигар Абдулло Султони чавон меистод. Ин ду подшохи мухолиф ба таври худ ду хоконро ба маснади хукумати оли менишинонанд. Охири охирон пирузи насиби Абдуллохон мегардад. Соли 1557 у Бухороро ишгол намуд. Аз соли 1560 ин шахр пойтахти давлати шайбониён гардид. Абдуллохон давлатро пойдор гардонида, ба забти мулкхои дигар шуруъ намуд.

У соли 1574 Хисору Уротсппа ва Хучанд, баъд аз чор соли дигар Самаркандро ишгол намуд. Шохони Бадахшон иттифокчии султонхои Хисор буданд. Абдуллохон ба юриш ба суи Бадахшон тайёри медид. Музаффариятхои уро фахмида хокими ин мулк Шохрух Мирзо писари Иброхим Мирзо (набераи Шохсулаймон) тобеияти худро ба Абдуллохон изхор намуд, Бо хамин мардуми Бадахшон аз чанги хунрези ва горатгари эмин монданд.

Тобеъияти Хисор ва Бадахшон ба Абдуллохон тобеъияти Хатлонро низ таъмин намуд. Соли 1583 пас аз фавти падар Абдуллохони II хукмрони мамлакат шуд. У максад дошт, ки хамаи мулкхои замоне ба Шайбонихон тобеъбударо ба тасарруфи худ дарорад. Бо ин максад Абдуллохон соли 1585 Бадахшонро забт кард. Баъд аз чор соли дигар кисми Эронро ба худ тобеъ намуда, ба суи Хоразм лашкар кашид. У давлати то як андоза мутамарказ ба вучуд оварда тавонист.

Абдуллохони II ходими барчастаи давлати буд. Бархам додани чангхои байникабилави ва пурзуршавии хокимияти маркази барои тараккиёти иктисодиёт шароити мусоид фарохам оварданд. Сохтмони роххо, пулхо, сардобахо, корвонсаройхо, мадраса, тичорат ва амсоли онхо ба номи у марбут гардидаанд. Ислохоти пулии Абдуллохон махсусан ахамияти калон дошт. У ба зарби тангахои тиллоии асил шуруъ кард.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …