Главная / Гуногун / Бекхои Хисор ва Кулоб (охири асри XVIII- ибтидои асри XIX)

Бекхои Хисор ва Кулоб (охири асри XVIII- ибтидои асри XIX)

Амир Хайдар (1800-1826) ба тахти Бухоро нишаста хамоно ба карор омад, ки хокимони вилоятхо бояд иваз карда шаванд. Бо ин максад у баъзеро бо осони иваз намуд, барои иваз намудани баъзеи дигар лашкар кашид. Беки Хисор Алабердии Тоз нисбат ба аморати Бухоро сиёсати мустакилият дошт. Ин вазъият барои амир Хайдар бахона шуд ва у ба Хисор юриш намуд. Амир галаба ба даст овард ва Алабердии Тоз ба катл расид. Дар Хисор нуфузи кабилаи юз зиёд буд. Инро ба инобат гирифта, бо максади такягох пайдо кардани амир Хайдар Саидбийи юзро дар ин чо хоким гузошт. Барои тобеияти Хисорро ба Бухоро мустахкам кардан, амир Хайдар духтари Саидбийро ба никохи худ даровард ва хокими мазкур ба рутбаи атолики сазовор гашт. У муддати тулони дар ин мулк хукм ронд.

amir

Саидбии бо даъвати амир Хайдар соли 1825 дар пахш кардани шуриши хитой-кипчокхо дар Миёнкол бо лашкараш иштирок кард.

Ба чои Саидбий атолик писараш Суфибии девонбегии юз беки Хисор шуд. У тагои амир Насрулло буд. Бинобар ин хоким ба хукукхои калон сохиб мешавад. 500 нафар лашкари Хисор якчоя бо лашкари амир Насрулло соли 1842 дар ишголи Хуканд иштирок кард.

Хукмронии Саидби ва писари у Суфибийи юз дар Хисор такрибан ним аср давом кард.

Баъди Суфибий девонбеги писари дигари Саидбии атолики юз Абдулкаримбийи парвоначи хокими Хисор шуд. Хокимият дар ин мулк мероси гашта, аз як насл ба насли дигар мегузашт. Абдулкаримбии ба обрую эътибори калон молик гашт.

Шоири маъруфи Хисор Парии Хисори асари худ «Зафарнома»-ро ба Абдулкаримбии бахшида, гуфтааст:

«Нигорад ба имдоди табъи салим,

Ба парвонаги бин Абдулкарим.

Шахи покгавуар, мукаддассифот,

Зи бурци сиёдат ду хуршеди зот.

Амиру саросар чахон баргирифт,

Аз ин баргирифтан наёмад шигифт,

Иморатпанох, асту вологухар,

Мухаммадсаидбий атолик падар.»

Дар замони хукмронии Абдулкаримбийи парвоначи муносибати мулки Хисор бо хокимони Кулоб, Балчувон ва Дарвоз тезутунд шуд. Беки Балчувон, Кулоб Каттабек ба суи Хисор лашкар кашида, маглуб мешавад ва асир меафтад. Аз тарафи ромитихо Каттабек катл шуд. Писари у Мизробшох (1849-1859) барои касос гирифтан бо шахи Дарвоз Исмоилхон иттифок баста, ба суи Хисор лашкар кашид. Файзободро иттифокчиён ишгол намуда, ба суи Душанбе харакат карданд. Баъд аз ишголи ин шахр, бо фармони Мизробшох ва Исмоилхон Душанберо оташ заданд.

Бо чои Мизробшох, бародари хурдиаш Сарабек хокими Кулобу Балчувон шуд. Хокими Хисор кушиш намуд, ки бо у муносибати дустона баркарор намояд. Сарабек ин таклифро кабул кард. Абдулкаримбии ва Сарабек байни худ иттифок бастанд ва якчоя ба мукобили шахи Дарвоз лашкар кашиданд. Иттифокчиён лашкари Дарвозро дар Обигарм маглуб карданд. Ин галаба кинаи деринаи байни Хисору Кулобро аз байн бурд ва Хисор худро нисбати Бухоро мустакил шумурд.

Барои ба итоати худ даровардани Хисор амир Музаффар соли 1867 ба ин мулк юриш намуд. Кушуни Бухоро дар назди Дехнав галаба ба даст овард. Хисорихо дар ин калъа мухосира шуданд. Лашкари Бухоро шабохун зада Дехнавро ишгол намуд. Сарбозони амир ба катли оми дахшатангезе шуруъ карда, хар каси ба дасташон афтодаро нобуд сохтанд.

Ба чанде Хисориён ва иттифокчиёни онхо муяссар гардид, ки ба мулки Каротегин, Дарвоз ва Кулоб гурехта чон ба саломат баранд. Аз он чумла беки Хисор Абдулкарим додхох ба Кулоб панох бурд. Беки ин чо Сарабек бо максади бехтар намудани муносибати худ бо амири Бухоро Абдулкарим додхохро бо чанд нафар хамрикобонаш бо амир Музаффар супурд. Беки Хисор бо тамоми хонаводааш ба катл расид.

Яъкуббек кушбеги хокими Кулоб ва Рахмонкул парвоначи аз тугмангит хокими Хисор таъин шуданд.

Баъди шикасти лашкари амир аз русхо дар назди Самарканд (соли 1868) Рахмонкул парвоначи аз итоати Бухоро баромад.

Барои забти Шахрисабзу Хисор амир аз русхо имдод талабид. Соли 1870 бо ёрии лашкари рус ба амир Музаффар муяссар мешавад, ки Хисору Кулобро ишгол намояд. Амир дар Хисор панч хазор касро катл кард. Барои зери итоати худ нигох доштани мулк чор хазор сарбозро бо 11 адад туп дар Хисор чойгир намуд.

Бори дигар Яъкуб кушбеги дар ин каламрав хоким таъин шуд. Баъди як сол у вафот кард. Чои уро Салим дастурхончи ишгол намуд. Хукмронии у дер давом накард. Чои Салимро писари амир Музаффар – Абдулмуъминхон ишгол намуд. Вай дар давоми понздах соли (1871-1886) идоракунии худсаронааш Хисорро ба харобазор табдил дод. Тобистони соли 1886 амир уро аз Хисор гирифта, хокими Бойсун таъин кард.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …