Главная / Илм / Бодоми ширин дар Канзи Шифо (Китоб)

Бодоми ширин дар Канзи Шифо (Китоб)

Almonds in the sack and almond oil on mat isolated on white background
Almonds in the sack and almond oil on mat isolated on white background

Бодоми ширин — ин самари дарахти маълум аст, ки дар шароити табиии Осиёи Маркази ва дигар мамлакатхо парвариш меёбад. Бехтарини он нозукпуст, бузургмагз ва серравгани он аст. Мизочаш дар дарачаи якум гарм ва тар аст ва ба кавли баъзе табибон дар гарми ва тари муътадил мебошад.

Хислатхои шифобахши он: бодомро бо набот бихуранд, чавхари магзи сарро устувор нигох медорад, узвхои ботиниро аз моддахои зарарнок ва нодаркор пок мегардонад, чашмро кувват мебахшад, дарун ва халкро мулоим мекунад ва барои узвхои даруни сина форам аст.

Шираи магзи бодомро бо шакар ширин карда бинушанд, сурфа, дагалии узвхои даруни сина ва халкро ба ибро меоварад; дамкутахи ва зот-ул-чанб (варами пардахои даруни сина)-ро шифо мебахшад ва хун кай карданро манъ менамояд.

Магзи бодомро бо ним вазни он зифт бихуранд, сурфаро дафъ мекунад. Пучоки онро то сиёх шуданаш сухта, ба дандон бимоланд, дандон ва милки онро мустахкам мекунад ва худи дандонро аз чирк пок месозад.

Хурдани бодом хамаи узвхои ботини ва дарунро мулоим мекунад, барои захми рудахо ва хичак, исхол (агар аз рутубати меъда бошад) даво мешавад; мани пайдо мекунад ва тезии маниро ислох мегардонад (зимнан огох намоем, ки агар мании мард тез бошад, баъди хар як мучомаат зан дар даруни худ хеле муддат сузиш хис мекунад ва аз он мард фарзанд намешавад), сузиши пешобро низ ба ислох меоварад, баданро фарбех мегардонад. Агар инро бо шакар ё бо канди сафед бихуранд, хамчун гизо пуркувват мегардад, дарунро мулоим мекунад гиреххои узвхои баданро мекушояд, инчунин бо анчир бихуранд, низ дарунро мулоим месозад ва барои иллати кулинч, ки дард ва варами рудахои гафс аст, фоида мебахшад.

Бодоми куфтаги барои меъда вазнин ва дер аз он мефурояд, вале бо чизхои иштихоовар бихуранд, аз меъда зудтар фуруд меояд. Аз бодом мураббо тайёр карда бихуранд, хамчун гизо ва барои фарбех гардонидани бадан бехтар ва дар ислохи холати бади гурда бошиддат таъсир мебахшад.

Бодомро то буяш баромадан тафсонида, баъд магзи онро чудо карда бихуранд, меъдаро кави мегардонад, исхолро мебандад, нарми ва сустии онро (меъдаро) дафъ мекунад, бохро пуркувват месозад, маниро зиёда менамояд.

17,5 грамм магзи бодомро куфта, бо асал хамир сохта, лесида бихуранд, дарди чигар ва сурфаро шифо мебахшад; бодхо, хусусан бодхои гурдаро тахлил медихад. Гураи бодомро бо пусташ бихуранд, буни дандонро мустахкам мекунад ва мизочи пусти он бинобар сард ва хушк буданаш харорати баланди даханро таскин медихад.

bodom_daraxt-300x191Магзи бодомро бо анчир бихуранд ва аз ру гузошта банданд, саги девона газидаро шифо мебахшад. Гулашро бихуранд, бохи мардонро ба харакат меоварад, вале бохи занонро суст мегардонад.

Аммо хурдани бодом барои меъдаи сардмизоч ва тармизоч вазнин ва дерхазм аст ва инчунин барои узвхои шикам зарарнок мебошад. Барои дафъи ин зарархояш мустако бояд бихуранд; инчунин моддаи сафроро бармеангезад — дар ин маврид шакар бихуранд, ислохи зарари он мекунад.

Бодом кухна шавад, вайрон ва талх мегардад, агар онро бихуранд, гамгин месозад, иштихоро мебандад, дилро бехузур (бечо) мекунад ва ба иллати бехушшави гирифтор менамояд. Дар ин холат зуд кай карда, онро аз меъда дур намудан даркор аст ва баъд оби мевахои турш бояд бинушанд.

Мизочи равгани бодоми ширин дар гармию сарди муътадил аст, ба майна багоят намият мебахшад, хусусан нави он. Хислатхои шифобахши он: равгани бодоми ширинро бихуранд, майнаро намнок мегардонад; барои чингак шудани узвхо, ки аз хушки ва варам бошад, форам аст; варами пардахо ва худи майна, инчунин зот-ул-чанбро шифо мебахшад, бехобиро дафъ мекунад ва хоб меоварад. Ва агар батакрор ба сар бимоланд хам, хамин таъсирро дорад.

Ин равганро бо катиро ва шакар бихуранд, сурфаи хушкро дафъ мекунад, овозро соф ва касабаи шушро аз моддахои зарарнок пок мегардонад, рудахоро мулоим мекунад, зарари давохои исхоловарро дафъ менамояд. Инро бо луобхои тухми загир, луоби гули хайри ва луоби тухми бихи биёшоманд, исхолро мебандад, дарди рудахоро таскин медихад, рудахоро мулоим мегардонад, кулинчро, ки дард ва варами рудахои гафс аст, шифо мебахшад, душвор шошиданро ба ибро меоварад, барои дафъ шудани санги гурда ва хичак кумак мерасонад.

Микдори як бор хурдан аз равгани бодоми ширин дар як руз то 50 грамм аст. Ин равгани бодомро бо мудовамат ба мухрахои пушт бимоланд, иллати никрисро, ки дард ва варами ангуштони дасту похо мебошад, дафъ мекунад ва кузи ва хамидагии пушти пиронсолонро рост ва хамвор мегардонад.

Равгани бодомро бо оби гарм даромехта, бо он гаргара кунанд, дагали ва дуруштии халкро ба ислох меоварад. Равгани бодоми ширин хангоми истеъмол ба дарун, ба узвхои даруни шикам, ки заиф бошанд, зарарнок аст. Дар ин маврид мустако бихуранд, ислохи зарари он менамояд.

Барги тару тозаи бодоми ширинро куфта бихуранд, дарунро меронад ва кирмхои меъдаро мерезонад, вале хушкашро бихуранд, дарунро мебандад ва исхолро манъ мекунад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …