Главная / Гуногун / ВОҚЕАҲОИ НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XVI

ВОҚЕАҲОИ НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XVI

Муборизаҳои Бобур Мирзо бе оқибат монданд. Сарзамини Осиёи Миёна ба зери тасарруфи Шайбониён даромад. Вале ин мулки собиқ обод ба харобӣ рӯ ниҳода буд. Ҷангҳои паи ҳами сулолавӣ, ҳуҷуми лашкари хориҷа, истибдод ва ғорати муғулҳо ба зиндагонии мардум ва ҳаёти хоҷагии мамлакат таъсири ҳалокатбор расониданд. Масоҳати заминҳои кишт хеле кам гардид. Мулкҳои алоҳида тамоман ба ихтиёри намояндагони хонадони Шайбонӣ гузапгганд. Соҳибони онҳо метавонистанд мулкро ба фарзандонашон мерос гузоранд. Бухоро, Самарқанд, Ҳисор, Тошканд, Хуҷанд, Ӯротеппа ва мисли инҳо амлоки калонгарон буданд.

buxoro

Номдортарин соҳибони мулк дар Самарқанд Кӯчкунчихон, дар Бухоро Убайдуллохон, дар Ҳисор Темур Аҳмад Султон, дар Ӯротеппа Абдулатиф Султон, дар Бадахшон Шоҳсулаймон менишастанд.

Ҳукмронони хонадони Шайбонӣ аз лашкаркашӣ ба мулкҳои дигар даст накашида буданд. Яке аз ҳадафҳои асосии онҳо ишғоли Ҳирот буд. Забти ин шаҳр он маъниро ифода мекард, ки сулолаи нав соҳиби ҳамаи сарзамини Темуриён гаштааст. Бо вуҷуди ин, авзои ин давра нисбатан оромтар ва шароити хоҷагидорӣ мусоидтар гардида буд.

Аммо дар миёни асри XVI ҷангу низоъҳои феодалӣ як ҳодисаи муқаррарӣ гардид. Дар мамлакат дуҳокимиятӣ ба вуҷуд омад. Яке аз ҳамин қабил рӯйдодҳо ба номи ҳокими Ҳисор Темур Аҳмад Султон алоқаманд аст. To чандгоҳ ба номи ӯ дар Мовароуннаҳр танга зарб намуда хутба мехонданд.

Дар сари гурӯҳи дигар Абдулло Султони ҷавон меистод. Ин ду подшоҳи мухолиф ба таври худ ду хоқонро ба маснади ҳукумати олӣ менишинонанд. Охири охирон пирӯзӣ насиби Абдуллохон мегардад. Соли 1557 ӯ Бухороро ишғол намуд. Аз соли 1560 ин шаҳр пойтахти давлати шайбониён гардид. Абдуллохон давлатро пойдор гардонида, ба забти мулкҳои дигар шурӯъ намуд.

Ӯ соли 1574 Ҳисору Ӯротсппа ва Хуҷанд, баъд аз чор соли дигар Самарқандро ишғол намуд. Шоҳони Бадахшон иттифоқчии султонҳои Ҳисор буданд. Абдуллохон ба юриш ба сӯи Бадахшон тайёрӣ медид. Музаффариятҳои ӯро фаҳмида ҳокими ин мулк Шоҳрух Мирзо писари Иброҳим Мирзо (набераи Шоҳсулаймон) тобеияти худро ба Абдуллохон изҳор намуд, Бо ҳамин мардуми Бадахшон аз ҷанги хунрезӣ ва ғоратгарӣ эмин монданд.

Тобеъияти Ҳисор ва Бадахшон ба Абдуллохон тобеъияти Хатлонро низ таъмин намуд. Соли 1583 пас аз фавти падар Абдуллохони II ҳукмрони мамлакат шуд. Ӯ мақсад дошт, ки ҳамаи мулкҳои замоне ба Шайбонихон тобеъбударо ба тасарруфи худ дарорад. Бо ин мақсад Абдуллохон соли 1585 Бадахшонро забт кард. Баъд аз чор соли дигар қисми Эронро ба худ тобеъ намуда, ба сӯи Хоразм лашкар кашид. Ӯ давлати то як андоза мутамарказ ба вуҷуд оварда тавонист.

Абдуллохони II ходими барҷастаи давлатӣ буд. Барҳам додани ҷангҳои байниқабилавӣ ва пурзӯршавии ҳокимияти марказӣ барои тараққиёти иқтисодиёт шароити мусоид фароҳам оварданд. Сохтмони роҳҳо, пулҳо, сардобаҳо, корвонсаройҳо, мадраса, тиҷорат ва амсоли онҳо ба номи ӯ марбут гардидаанд. Ислоҳоти пулии Абдуллохон махсусан аҳамияти калон дошт. Ӯ ба зарби тангаҳои тиллоии асил шурӯъ кард.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …