Главная / Илм / ВАКСИНАХО

ВАКСИНАХО

ВАКСИНАХО (Vaccina), мояхо, дорухое, ки аз микроорганизмхои кушта ё камкуввати беморизо, инчунин аз токсин (захр)-хои безарар тайёр шудаанд. Хангоми ба бадан гузаронидани В., дар организм нисбат ба ин ё он бемории сирояти масуният (иммунитет) инкишоф меёбад. Чунин иммунитет фаъол буда, ба таври сунъи хосил гаштааст.
Коидахои ваксинатсияро бори аввал духтури англис Э. Ченнер пешниход кардааст. Вай с. 1796 онро ба мукобили бемории нагзак таклиф карда буд. Ба акидаи Ченнер говдушоне, ки касалии хеле сабуки нагзаки говро аз сар гузаронидаанд, ба нагзаки хакики, яъне бемории хавфноку вазнин гирифтор намешаванд. Ваксинаи нахустин аз нагзаки гов хосил шуда буд. Ох. а. 19 олими франсави Л. Пастер дар тайёр кардани В. асоси илми гузошт. Вай бар зидди сухтани (1881) ва хори (1895) моякубиро пешниход кард. Дар кори тахияи В. олимони рус И.И. Мечников, Д.К. Заболотний, Н.Ф. Гамалея, Л.А. Тарасевич ва диг. сахми арзанда доранд.
Илми тиб бар зидди бисёр беморихои хавфноки бактерияви ва вируси (тоун, вабо, сил, хунок, кузоз, полиомелит, энсефалитхо ва г.) В. дорад.
В.-и бечон, зинда, химияви, хамчунин анатоксинхо истехсол карда мешаванд. В.-и бечонро дар аснои коркарди бактерия ва вирусхо бо формалин, спирт ва гарм кардан ба даст меоранд. В.-и зинда аз микроорганизмхои махсус камкувваткарда, ки кобилияти бемориовари надоранд, вале хосиятхои иммуногени (масуният)-ро гум накардаанд, тайёр карда мешаванд. Дар мухити сунъи (бактерияхо) ё организми чорво (вирусхо) дурудароз парваридани микроорганизмхо усули маъмули суст намудани хосияти бемориоварии онхо мебошад. Мас., Л.Пастер бо рохи парвариши чандкаратаи вирусхо дар магзи сари заргушхо В.-и зидди бемории хориро тахия кард; А. Калметт ва Ш. Герен (1921) бошанд, баъди ба мухити иборат аз картошка солхои дароз кучат кардани батсиллахои сил бар зидди ин бемори ваксина (БСЖ) хосил намуданд. В.-и химияви кисмат (антиген)-хои фаъоли махсус чудокардаи микрооганизмхо ё махсули мубодилаи онхо мебошанд. Бо ёрии формалин хосияти захрогинии экзотоксинхои бактерияхоро безарар гардонида, анатоксин хосил мекунанд. В. бояд самарабахш ва барои организм бехатар бошанд.
Дар амалияи тиб баробари ваксинахое, ки аз кисматхои як намуди микроорганизмхо (моноваксинахо) иборатанд, хамчунин ваксинахоеро истифода мебаранд, ки онхо аз кисматхои ду (диваксина) ё чанд микроорганизм (поливаксина)-хо таркиб ёфтаанд.
В. бо роххои гуногун гузаронида мешаванд: ба даруни мушакхо (сурхча), зери пуст (паратифхо, домана, исхоли хунин, вабо, тоун ва г.), кабати болои пуст (нагзак, сил, туляремия, сухтани ва г.), ба бини (грипп), дахон (полиомелит). Барои хосил намудани иммунитет як маротиба истифода бурдани В. кифоя аст. Он баъди чанд хафтаи ваксинатсия инкишоф меёбад ва муддати дароз (чандин сол) боки мемонад.
Барои пешгирии чунин беморихои сирояти, монанди сил ва гулузиндонак В. аз руи накша (ба тарики хатми) гузаронида мешавад; дар дигар мавридхо онро аз руи зарурат ба кор мебаранд. Мас., одамоне, ки дар манбаъхои табиии тоун, брутселёз, туляремия, энсефалити япони ва канаги сукунат доранд, хатман ваксинатсия карда мешаванд.
В.-и хатмиро бо тартиби муайян мегузаронанд. Мас., ба кудакони навзод аввал бар зидди сил (БСЖ), сипас баъди чанд вакт бар зидди хунок, кузоз ва сулфакабутак ваксина гузаронда мешавад. Хамин тавр, онхоро аз чанд беморихои сироятии хавфнок мухофизат мекунанд. Истифодаи илман асосноки В. имкон дод, ки беморихои сироятии нагзак, тоун, туляремия бархам дода шаванд. Ба туфайли ваксинатсия дарачаи ба беморихои бактерияви ва вируси дучор гаштани ахоли садхо маротиба кам шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …