Главная / Маданият ва санъат / Услуб ва хусусиятхои бадеии ашъори Бедил

Услуб ва хусусиятхои бадеии ашъори Бедил

Осори насри ва манзуми хар як адиб дар кадом асре, ки бошад, аз сабки умумии адаби берун нест. Вале истеъдодхо дар таърихи адабиёт тавонистаанд, ки дар чузъиёт тозачуихо кунанд. Масалан, Рудаки дар асри X, Носири Хусрав, Санои, Низоми, Чалолуддини Балхи, Хусрави Дехлави, Саъди , Хофизу Камол , Чоми ва гайра.

Аз ин нуктаи назар, осори Бедил низ дар заминаи сабки умумии давр – сабки хинди эчод шудааст ва хусусиятхои ин сабкро комилан фаро гирифтааст. Аз тарафи дигар, эчодиёти Бедил, ки онро истеъдоди басо хайратовар руи кор овардааст, дар чузъиёт тозакорихои хеле сершумор дорад, ки хатто сабки умумии даврро сарчашмахо сабки бедили ном ниходаанд. Ба ин маъни, то андозае адабиёти беш аз 700-сола чанбаи чамъбасти мегирад, ки ин падидаро худи Бедил, пеш аз хама, хис кардааст. Чунончи, мегуяд:

Зи баъди мо на газал, не касида мемонад,

Зи хомахо ду-се харфи чакида мемонад.

Зеро хадафи шоир жанри чудогона набуда, умуман, шеър, яъне адабиёт аст.

У шоирест, ки хангоми саррофии сухан хунари хоса зохир мекунад. Хатто ашёхои мукаррарии табиат: кух, санг, хок, об, сабза, дарахт, абру борон ва гайра мохияти махсуси эстетики мегиранд ва ба таври хайратовар чаззобу чолиб ва зебову назаррабо мешаванд. Ба ин маъни Бедил мегуяд:

Хар сангпорае, ки фитад чашми мо бар у,

Аз як назар акики Яман[1] мекунем мо.

Албатта, ин як хусусияти умуман адабиёт аст, вале адибони сохибистеъдод тавонистаанд, дар хунари эчод аз якдигар бартари дошта бошанд. Ин аст, ки Бедил холати эчодро ба дами тег монанд мекунад, ки максуди у гузаштан аз хастии хеш аст. Яъне эчодкор месузад, то бисозад:

Дами тегест, Бедил, рохи борики сухансанчи,

Забони хома хам шак[2] дорад аз харфофаринихо.

Яке аз чихатхои мухими сабки Бедил дар он аст, ки калимахо, ибораву таъбирхо дар алохидаги фахмо, содда, равонанд, вале дар матн хеле печида меоянд, маънии онхо барои хонанда дастнорас мешавад. Чунончи, дар ин байт:

Гул ба дасту по ки баст имшаб, ки чун ранги хино

Бусамуштокон чаманхо зери лаб хун кардаанд.

«Маъшука» – менависад устод С.Айни мавриди тахлили байти мазкур, – ба дасту пои худ гул бастааст, ба ин сабаб бусамуштокон – ошиконе, ки дасту пои уро бусидан мехостанд, чаманхоро дар зери лаб гирифта – бусида хун карда ба ранги хино гардондаанд, то ки маъшука дар вакти ба пою дасти худ гул бастан, шояд гулхои ба ранги хиногардидаи ин чаманхоро банданд ва ба ин восита бусиши ин бусамуштокон хам ба дасту пои у бирасад». Ин албатта, аз печидагии маъно гувохи медихад.

Ё худ дар ин байт:

Хок шуд фитрат ба пасти, лек мижгон бар надошт,

В-ар на аз мо то ба боми осмон як зина буд.

Дар ин байт шоир фалсафаи халлокияти инсонро дар назар дорад, ки Худо одамро дар бихишт офарид ва аз сабаби он ки чисми у аз олами сифли буд, тоб оварда натавонист ва агар тоб меовард, то олами такаддус андаке буд.

Мухим он аст, ки санъатхои бадеи низ дар шакли нисбатан мураккаб ба кор гирифта мешаванд; ташбехоти мураккаб, муканно, кинояву мачозхои хеле вахми, хаёли, ихому рамзхои нисбатан дастнорас мавриди истифода карор дода мешаванд, ки мохияти онхо на ба хар кас фахмост.

Дигар аз хусусиятхои уллубии ашъори Бедил аз он иборат ась, ки у баъзан калимахои нави мураккаб месозад: силамушток, бусамушток, гадотабъ, рамзошно, хирасар, иктидороханг, чаманкулох, тарабсаро, хоричоханг, хайратогоз, туфончуши, асарпарвард, тарахумхирман, саднаргисистонибрат ва гайра, ки аз хиссахои гуногуни нутк сохта шудаанд, хатто маънии лугавиашон на ба хар кас фахмост.

Забони ашъори лирикии Бедил яксон нест, газалу касидахои у нисбатан мураккаб ва шеваи китъахову рубоиёташ хеле соддаанд.

Барои намуна чанд байт аз як китъаи шоирро зикр менамоем:

Ай басо илме, ки аз беилтифотихои халк

Дар мичози маъниогохон хамон мастур монд.

Бедимогихои мастон чашми шавке во накард,

Мавчи май дар чом махви решаи ангур монд.

Наргисистонхо ба хайрат хуфтаи бедонишист,

Оламе афрухт шамъу хамчунон бенур монд.

Гар касе махрам нашуд андешаи гафлат кирост? Хусн аз бас бениёзи дошт, номанзур монд.

Дар ин китьа калимаи душворфахм нест ва хатто хонандаи одди хам маънии онро ба осони дарёфта метавонад.

Ё худ ифодаи маьнии ичтимои дар ин рубои, ки хеле оммафахму сода аст, далели казовати болост:

Ай гофили имтихон, зи кас карз магир,

Харчанд раси ба чон, зи кас карз магир.

Андухи адо сахт гарони дорад,

Аз фока бимиру нон зи кас карз магир.

Вале забони касидахову газалиёт ва маснавихои Бедил нисбатан мураккабу печида аст ва худи шоир, «Сайри фикраи осон нест, кухаму кутал дорам»- мегуяд, шояд ба хамин кисмати таьлифоти мутафаккир бештар тааллук дошта бошад.

Албатта, баьзан газалхои равону фахмо низ дучор мешавад ва махсусан, ашьори васфиаш, ки ба тасвири бахор, чузьиёти табиат, ситоиши махбуба, баёни хасби хол ва гайра бахшида шудааст, зиёданд. Чунончи, ин газали бахорияро чун намуна метавон зикр намуд:

Чашм во кун, ранги асрори дигар дорад бахор,

Он чи дар вахмат нагунчад, чилвагар дорад бахор.

Соате чун буи гул аз кайди пирохан баро,

Аз ту чашми ошнои он кадар дорад бахор.

Кахкашон хам поймоли мавчи туфон гаштааст,

Сабзаро аз хоби гафлат чанд бардорад бахор.

Чашм то вокардаи, ранг аз назархо рафтааст,

Аз насими субх доман бар камар дорад бахор.

Аз хазон оина дорад субх, то гул мекунад,

Чуз шикастан нест ранги мо, агар дорад бахор.

Абр менолад, к-аз асбоби нишоти ачуман,

Хар чи дорад дар фишори чашми тар дорад бахор.

Аз гулу сунбул ба назму насри Саъди конеам,

Ин маони дар «Гулистон» бештар дорад бахор.

Му ба муям хасрати захмат табассум мекунад,

Хар ки гардад бисмилат, бар ман назар дорад бахор.

З-ин чаман, Бедил, на сарве часту на шамшод раст,

Аз хаёли коматаш дуде ба сар дорад бахор.

[1]     Акики Ямин – санги киматбахои машхуре, ки дар Яман хосил карда мешавад.

[2]     Шак(к) – шикоф; чок, шикофта.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …