Главная / Чамъият / Ухдадорихои макомоти андоз

Ухдадорихои макомоти андоз

Моддаи 90-и Кодекси Андоз. Ухдадорихои макомоти андоз

  1. Макомоти андоз ухдадоранд:

– Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Кодекси мазкур, конунхои конститутсиони ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон, карорхои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, карорхои Мачлиси милли, карорхои Мачлиси намояндагон, санадхои меъёрии хукукии Президенти Чумхурии Точикистон ва Хукумати Чумхурии Точикистон, хукук ва манфиатхои конунан хифзшавандаи корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхо, инчунин шахрвандонро риоя намоянд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1367)

– дуруст хисоб кардан, ба пурраги ва саривакт ба бучет пардохт гардидани андозхоро назорат намоянд, конунгузории андози Чумхурии Точикистонро пурра ва аник риоя намоянд;

-хукукхо ва манфиатхои конунии андозсупорандагонро риоя ва химоя намоянд;

-бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфиродиро тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди» анчом диханд;

-бахисобгирии пурра ва саривактии андозсупорандагон, аз чумла супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ва объектхои андозбанди, бахисобгирии андозхои хисобшуда (иловаги хисобшуда), пардохтшуда ва бакияпулихоро таъмин намоянд;

-дар бораи ба бучет ворид гардидани андозхо хисобот тартиб диханд, оид ба маблагхои имтиёзхои додашудаи андоз аз руи гуруххои андозсупорандагон, намудхои андозхо ва имтиёзхо, инчунин минтакахо бахисобгириро ба рох монанд ва хисобот тартиб диханд;

-чаримахо ва фоизхои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро татбик намоянд ва сари вакт ситонанд;

-мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон назорати андозро амали намоянд;

-дастурхои методи ва дастурамалхоро доир ба масъалахои тахти салохияташон карордошта, инчунин маводу китобчахо ва овезахо тахия кунанд, дар воситахои ахбори омма оид ба ин масъалахо иттилооти машварати ва тавзехоти нашр намоянд;

-ба андозсупорандагон оид ба ичрои ухдадорихои андоз тибки мухлатхо ва холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур огохинома супоранд;

-тибки аризаи андозсупоранда дар мухлати панч рузи кори аз хисобномаи шахсии у оид ба вазъи хисоббаробаркуни бо бучет дар бораи ичрои ухдадорихои андози иктибос пешниход намоянд;

-чорахои мачбуран ситонидани карзи андози андозсупорандаро мутобики Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон татбик намоянд;

-нусхаи дуюми санади санчиши андоз ва карори дахлдори макомоти андозро оид ба натичаи санчиши андоз ба андозсупорандагон пешниход намоянд;

-фехристи давлати ва бахисобгирии мошинхои назорати – хазинавии дорои хотираи фискалиро пеш баранд;

-тибки тартиби мукарраршуда  дархостхо, аризахо, шикоятхо ва пешниходхоро оид ба масъалахои тахти салохияти макомоти андоз карордошта барраси намоянд;

-хар мох ба макомоти молия оид ба маблагхои андози вокеан ба бучет дохилшуда маълумот пешниход намоянд;

-оид ба вайрон гардидани конунгузории андоз маълумот чамъовари намоянд, тахлил кунанд, бахо диханд, ба макомоти дахлдори давлати оид ба бартараф намудани сабабхо ва шароите, ки боиси сар задани чунин холатхо мешаванд, тавсияхо пешниход намоянд;

-мувофики мукаррароти моддаи 69 Кодекси мазкур маблагхои аз андозхои хисобшуда барзиёд супоридаи андозсупорандагонро ба хисоб гиранд ва (ё) ба андозсупорандагон баргардонанд;

-махфияти сирри андозро риоя намоянд;

-оид ба татбики конунгузории андози Чумхурии Точикистон корхои тавзехотиро анчом диханд, бо тартиби мукарраргардида ба андозсупорандагон шаклхои хисоботи андозро пешниход кунанд ва тартиби пур кардани онхоро фахмонанд, тартиби хисобкуни ва пардохти андозхоро, аз чумла дар шакли хатти шарх диханд;

-дар давоми мухлати даъво нигохдории хисоботи андоз ва дигар хуччатхоро, аз чумла нусхахои ба андозсупоранда додашудаи ин хуччатхоро (расид ва гайраро), ки далели ичрои ухдадорихои андози андозсупоранда оид ба пардохти андозхо ба бучети давлати мебошанд, инчунин санадхои санчиши андоз ва дигар хуччатхоро, ки ба ин андозсупорандаи мушаххас марбутанд, таъмин намоянд. Хамаи хуччатхои дар боло пешбинигардида дар парвандаи шахсии андозсупоранда чамъ оварда мешаванд (парвандаи шахсии андозсупорандаро ташкил медиханд). Макомоти андоз парвандахои шахсии андозсупорандагонро нисбат ба андозсупорандагон – шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди, инчунин шахсони вокеие, ки ухдадоранд мутобики Кодекси мазкур эъломияи андоз пешниход кунанд, мураттаб месозанд;

-хангоми дар рафти санчиши андоз ошкор гардидани далелхое, ки дорои аломатхои чиноятхои вобаста ба саркаши аз супоридани андозхо ва пардохтхои хатми ба бучет мебошанд, маводро дар давоми 10 рузи кори пас аз кабули карор аз руи санади санчиши андоз барои мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон чорачуи кардан ба макомоти дахлдори хифзи хукук фиристанд;

-фаъолияти макомоти поёнии худудии андоз ва корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхои тобеъро назорат намоянд;

– дастрасии андозсупорандагонро ба иттилоот оид ба масъалахои  ба андозбандии онхо алокаманд таъмин намоянд.

  1. Макомоти андоз инчунин дигар ухдадорихои пешбининамудаи конунгузории андози Чумхурии Точикистонро ичро менамоянд.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Cortes_de_cadiz-1

Харакати милли дар Испания дар огози асри XX

Аз даст додани мустамликахои америкои зарбае буд бар буржуазияи Каталония ва Басконияи Испания. Дар баробари …