Главная / Илм / ЮНУЧКАИ ЗАРДАК дар Канзи Шифо (Китоб)

ЮНУЧКАИ ЗАРДАК дар Канзи Шифо (Китоб)

younuchqai_zard-492x330Юнучкаи зардак — инро точикон дар як катор махалхо говришка ва ришкаи зардак хам меноманд. Баргаш ба барги юнучка шабохат дорад, вале гулаш зард аст. Шоххои баъзе навъаш ба замин пахн шуда месабзад ва баъзе навъи он поядор мебошад. Мизочаш муьтадил дар гармиву сарди мебошад. Аз ин ру, хамаи мизочхоро форам аст. Хислатхои шифобахши он. Хусусиятхои умумиаш: пазонанда, кувватбахш, тахлилдиханда аст.

Гиёхи инро куфта, бо равгани гули сурх сиришта, ба сар гузошта банданд, хамчунин онро дар об чушонида, бо он оби гармаш бишуянд, дарди сар, чарх задани сар, сиёх задани чашм, паридани аъзо, сакта (мурда барин бехаракат мондан), кач шудани руй ва нотавон гаштани узвхои баданро, ки сабаби ин иллатхо зиёд гаштани балгам ва сафро бошанд, шифо мебахшад.

Инро дар об чушонида, хар рузу шаб бухорашро дар хаммом бигиранд ва инчунин молиданн равгани ин барои беморихои номбаршуда, инчунин барои бечо шудани зехн, ахмаки, телбаги, молихулиё ва нисён (фаромушхотири) шифо мебахшад.

7 грамм юнучкаи зардакро бо 17,5 грамм асал бихуранд ва оберо, ки ин гиёх дар он чушонида шуда бошад, ба сари бемори васвоси савдови дар хар се руз як мартаба дар хаммом бирезанд, бемор аз он иллат начот меёбад. Барои фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарози) ва нотавон шудани узвхо куфтаи онро ба мабдоъи (саршавии) асабхои бемор гузошта мебанданд. Барои таранг кашида шудани узве ва кузоз (столбняк), ки аз афзудани балгам ходис шуда бошанд, оберо, ки дар он ин гиёх чушонида шудааст, нимгарм ба меъда ва сари бемор бирезанд, ба ибро меоварад.

Инчунин юнучкаи зардакро дар об чуш дода, он обро бардавом бинушанд, аз беморихои дар боло зикрёфта, иллатхои меъда ва гайра начот хоханд ёфт. Инчунин ин обро биёшоманд, дарди меъда, дарди чигар, дарди сипурзро низ фоида дорад. Ва агар ба ин об талхшувок хамрох карда биёшоманд, варамхои харсеи ин аъзо ва инчунин варами бачадонро тахлил медихад. Онро куфта, аз ру ба хамин узвхо гузошта банданд низ, хамин навъ таъсирро дорад.

Гиёхи инро дар об чуш дода, он обро бинушанд, моддахои зиёдатии узвхои ботиниро тахлил медихад, яъне пароканда месозад, хусусан бо анчир ва асал биёшоманд, мани ва ширро зиёда мегардонад, зарари захрхоро дафъ мекунад, пешоб ва хайзро равон месозад, ташнагиро, ки аз афзудани балгам ба хам расида бошад, таскин медихад. Агар онро пухта батанхои ё бо майи пухтаги хамир карда гузошта банданд, захмхои шадиди сарро, ки рутубаташон монанди асал аст, шифо мебахшад; бо гарди осиё хамир карда гузошта банданд, варамхои гарми мураккаби чашм, гуш, макъад, бачадон ва хояхоро мегардонад. Агар пухтаи онро бо майи пухтаги хамир карда, ба варамхои гарм ва сахт гузошта банданд, онхоро тахлил медихад.

younuchqai_zardОби гиёхи тарашро дар офтоб кивом кунанд, инро усораи говришка, яъне усораи юнучкаи зардак меноманд. Инак, аз усораи он 11 грамм бо майи пухтаги биёшоманд, варамхои узвхои дохили баданро тахлил медихад. Усораи инро дар равгани гули сурх хал карда чаконанд, дарди гуш ва дарди сареро, ки аз хунуки бошад, таскин медихад.

Гиёхи инро дар об чушонида, он обро бардавом бинушанд, сангхои гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Ва бо ин об нимгарм хукна (клизма) кунанд, рудахоро кувват мебахшад, онхоро аз чизхои гайри пок мегардонад ва дардашонро хам таскин медихад. Барг ва шоххояшро дар об чушонида, он обро бинушанд, пешоб ва хайзро равон мекунад ва бачаро аз шиками хомила меафтонад. Бо он об бадан ва сарро бишуянд, захмхои шахдияро, ки рутубаташон асалмонанд аст, шифо мебахшад ва агар хояхоро бо ин бишуянд, хориши онхоро дафъ мекунад.

Вале истеъмоли ин ба дарун барои хояхо зарарнок аст. Дар ин холат анчир, мавизи ангур ва асал бихуранд, зарари онро ислох мекунад. Микдори як бор хурдан аз гиёхи хушкаш дар як руз то 9 грамм аст ва аз оби фишурдаи гиёхи тару тозааш то 70 грамм аст. Ба чойи юнучкаи зардак бобунаро истеъмол фармоянд, раво мебошад.

Аз ин гиёх, равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Оби юнучкаи мазкурро ду микдор гирифта, аз болояш ним вазни ин об равгани зайтун бирезанду бо оташи мулоим бичушонанд, то об тамоман бухор шуда раваду равган бимонад, ин равгани юнучкаи зардак мебошад. Инро ба сар бимоланд, дарди сареро, ки дар натичаи зарба хурдан ва аз чалакидани майна ба амал омада бошад, дафъ мекунад. Ба руй бимоланд, кач шудани онро ислох мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …