Главная / Маданият ва санъат / Тухфа ба модаркалон (Болиштча)

Тухфа ба модаркалон (Болиштча)

Ба наздики рузи таваллуди модаркалонам. Ман бояд ба у тухфаи махсусро интихоб карда, ба зодрузаш такдим кунам. Мо дар дарсхои технология духтан ва амсилаи маснуотхо омухта истодаем. Дар хонаи мо модаркалонам хамрохи моён зиндаги мекунад ва дар лахзаи дамгири дар диван дам мегирад. Дар хонаи модаркалонам мебел вучуд дорад, бинобар ин ман ба дивани модаркалонам болиштча духта, тухфа намудан мехохам.

bolisht

  1. Муайян намудани масъалахои халталаби пайдошуда ва талабот ба он.

Ман бояд рохе ёбам, ки тухфаро бо дастони худа созам, зеро духтанро омухта истодаам.

Дар давоми сол ман духтани пешдоман, остинча ва дастпушак ва кашидадузиро омухтам. Ба хамин асос ман дар назди худ максад гузоштам, ки болиштчаи диванро дузам.

  1. Нишондоди ошкор кардани андозахои асоси ва махдудият

Акнун бояд донист, ки болиштчахои интихобкарда чи гуна бошад:

а) Болиштчаи диван бояд зебо ва талаботи муди хозира мувофик бошад.

б) Тарохии болиштчаи диван ба модели интихобкарда мувофик бошад.

в) Болиштчаи диван набояд чои калонро гирад ва он гайриодди бошад.

г) Норасоихое, ки дар вакти духтан ба вучуд меоянд, сари вакт бартараф кардан лозим аст.

д) Болиштчаи диван бояд бо усуле духта шавад, ки онро дар хар кучо

истифода бурдан мумкин бошад. Масалан дар вакти дамгири, барои мехмон,

барои хоб ва гайра истифода шавад.

е) Болиштчаи диван бояд бо арзиши паст, босифат ва зебо бошад.

  1. 4. Муайян намудани анъанахо, урфу одат ва таърихи он.

Модаркалонам ба ман пешниход намуданд, ки болиштчаи диван бо услуби хуб духта шавад. Ман намедонистам, ки услуб (стил) чист ва он чи гуна бояд бошад. Ба китобхона рафтам ва ба ман китоберо доир ба таърихи муд ва чиьозу либос доданд, ки он шавковар буд.

Болиштчаи диван аввалин бор дар мамлакатхои Осиё дар давраи кадим пайдо шудааст. Дар интерери хонаи туркхо ягон хел тачхизот ва чихози мебел дида намешуд. Онхо дар руи фарш, колину палос ва болиштчахои гуногуншаклро истифода мебурданд.

Болиштчахои болои диванро «Миндер» меноманд. Дар Лубно, дар он хонахои махсуси кабули мехмон асосан диван мавчуд буд, ки дар он болиштчахои хамворро бо руйкашхои зебою ороста истифода мебурданд.

Аммо ин болиштчахои диванро дар Руссия «думка» ё «думочка» меноманд. Ин хел болиштчахоро точикон хам аз кадимул айём аз ба шакли дарозруя истифода мебурданд, ки онро «лулаболишт» меноманд.

Холо болиштчахои гуногуншаклро монанди росткунча, чоркунча, дарозруя, секунча, хамворшакл ва шаклхои гуногун истифода мебаранд. Барои духтани болишт бояд ягон услуб (стил) интихоб кунам ва мафхуми услубро донам.

Калимаи «стиль» (Stylos) услуб ба мо аз Юнони кадим омадааст. Маънояш чубчаи нугаш тез барои мактубхои бо мум махкам карда. Дар замони хозира услуб гуфта хислати хос ва кирдору рафтори муаллифи мактуб, мебошад хусусиятхои асархои бадеи, рассоми (накоширо) мегуянд.

Услуб (стил)-ро дар мебел чихози хона, бино, либос ва дар мудхо дидан мумкин. Дар либос се услуб нишон дода шудааст. Бо услуби бисёр хуб (стили классики, варзиши, романтики).

  1. Ба услуби классики мумтоз (стили классики) базеб пушидан, кам кашида гирифтан, мусодира кардан дохил мешавад. Дар тули асрхо ин услуб дигар нашуда, он чизе, ки алхол дар муд нест, боки мондааст.
  1. Услуби варзиши на факат барои дарсхои варзиши буда, буриши озоди барои харакат, корхои гуногун ва дамгири, мувофик аст.
  2. Услуби романтики ин бо тахйюл, чустучу ва ёддошту, хотира вобаста аст. Дар ин чо истифодабарии унсурхои таърихии маснуот ва либоси милли ва фолклори дохил мешавад. Хамаи номгуи услубхо метавонанд дар як либос ё маснуоти интихобкарда дарк шуда бошад.
  3. Аз ин лихоз маснуоти интихобкардаи ман ба услуби романтики бисёртар мансуб мебошад.
  4. Тартиб додани накша мулохизакуни (фикркуни)
  5. Коркарди гояви (идея) вариантхо

Интихоби намуна гуногунанд. Болиштчахои диван, духта мешаванд: аз матои муинаи сунъи бо гулдузи, кашидадузи, тасма канабхои ороишшуда, бо ороиши атлас, ласхои гуногун, шохихои гафси якранг, бахмал, духоба, матохои пахтаги, загирии гулдор, дар намуди бозичахо, шакли мевачот, хайвонот ва гайра, шакли бофиш (бо сих ё чангак) ба дохилаш пахта ё паралон мегузаронанд аз лахтак порахои матои гуногун ва гайра.

Аз якчанд намунахо мо бояд яктоашро интихоб намоем:

Расми 61. Намунахои болишчахои дивани

1). болишчаи дивани ба шакли гулдузи ва ороиши

2). болишчаи дивани аз матохои гуногун ба шакли геометри

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

kitobi-texnologiya-

Китоби технологияи иттилооти барои синфи 5 (Электрони)

Китоби информатика синфи 5. Китобе, ки Шумо дар даст доред усули чихози ошхона, асбобу анчоми …