Главная / Маданият ва санъат / Туҳфа ба модаркалон (Болиштча)

Туҳфа ба модаркалон (Болиштча)

Ба наздикӣ рўзи таваллуди модаркалонам. Ман бояд ба ў тўҳфаи махсусро интихоб карда, ба зодрўзаш тақдим кунам. Мо дар дарсҳои технология дўхтан ва амсилаи маснуотҳо омўхта истодаем. Дар хонаи мо модаркалонам ҳамроҳи моён зиндагӣ мекунад ва дар лаҳзаи дамгирӣ дар диван дам мегирад. Дар хонаи модаркалонам мебел вуҷуд дорад, бинобар ин ман ба дивани модаркалонам болиштча дўхта, тўҳфа намудан мехоҳам.

bolisht

  1. Муайян намудани масъалаҳои ҳалталаби пайдошуда ва талабот ба он.

Ман бояд роҳе ёбам, ки тўҳфаро бо дастони худа созам, зеро дўхтанро омўхта истодаам.

Дар давоми сол ман дўхтани пешдоман, остинча ва дастпўшак ва кашидадўзиро омўхтам. Ба ҳамин асос ман дар назди худ мақсад гузоштам, ки болиштчаи диванро дўзам.

  1. Нишондоди ошкор кардани андозаҳои асосӣ ва маҳдудият

Акнун бояд донист, ки болиштчаҳои интихобкарда чӣ гуна бошад:

а) Болиштчаи диван бояд зебо ва талаботи мўди ҳозира мувофиқ бошад.

б) Тароҳии болиштчаи диван ба модели интихобкарда мувофиқ бошад.

в) Болиштчаи диван набояд ҷои калонро гирад ва он ғайриоддӣ бошад.

г) Норасоиҳое, ки дар вақти дўхтан ба вуҷуд меоянд, сари вақт бартараф кардан лозим аст.

д) Болиштчаи диван бояд бо усуле дўхта шавад, ки онро дар ҳар куҷо

истифода бурдан мумкин бошад. Масалан дар вақти дамгирӣ, барои меҳмон,

барои хоб ва ғайра истифода шавад.

е) Болиштчаи диван бояд бо арзиши паст, босифат ва зебо бошад.

  1. 4. Муайян намудани анъанаҳо, урфу одат ва таърихи он.

Модаркалонам ба ман пешниҳод намуданд, ки болиштчаи диван бо услуби хуб дўхта шавад. Ман намедонистам, ки услуб (стил) чист ва он чӣ гуна бояд бошад. Ба китобхона рафтам ва ба ман китоберо доир ба таърихи мўд ва ҷиьозу либос доданд, ки он шавқовар буд.

Болиштчаи диван аввалин бор дар мамлакатҳои Осиё дар давраи қадим пайдо шудааст. Дар интерери хонаи туркҳо ягон хел таҷҳизот ва ҷиҳози мебел дида намешуд. Онҳо дар рўи фарш, қолину палос ва болиштчаҳои гуногуншаклро истифода мебурданд.

Болиштчаҳои болои диванро «Миндер» меноманд. Дар Лубно, дар он хонаҳои махсуси қабули меҳмон асосан диван мавҷуд буд, ки дар он болиштчаҳои ҳамворро бо рўйкашҳои зебою ороста истифода мебурданд.

Аммо ин болиштчаҳои диванро дар Руссия «думка» ё «думочка» меноманд. Ин хел болиштчаҳоро тоҷикон ҳам аз қадимул айём аз ба шакли дарозрўя истифода мебурданд, ки онро «лўлаболишт» меноманд.

Ҳоло болиштчаҳои гуногуншаклро монанди росткунҷа, чоркунҷа, дарозрўя, секунҷа, ҳамворшакл ва шаклҳои гуногун истифода мебаранд. Барои дўхтани болишт бояд ягон услуб (стил) интихоб кунам ва мафҳуми услубро донам.

Калимаи «стиль» (Stylos) услуб ба мо аз Юнони қадим омадааст. Маънояш чўбчаи нўгаш тез барои мактубҳои бо мум маҳкам карда. Дар замони ҳозира услуб гуфта хислати хос ва кирдору рафтори муаллифи мактуб, мебошад хусусиятҳои асарҳои бадеӣ, рассомӣ (нақоширо) мегўянд.

Услуб (стил)-ро дар мебел ҷиҳози хона, бино, либос ва дар мўдҳо дидан мумкин. Дар либос се услуб нишон дода шудааст. Бо услуби бисёр хуб (стили классикӣ, варзишӣ, романтикӣ).

  1. Ба услуби классикӣ мумтоз (стили классикӣ) базеб пўшидан, кам кашида гирифтан, мусодира кардан дохил мешавад. Дар тўли асрҳо ин услуб дигар нашуда, он чизе, ки алҳол дар мўд нест, боқӣ мондааст.
  1. Услуби варзишӣ на фақат барои дарсҳои варзишӣ буда, буриши озоди барои ҳаракат, корҳои гуногун ва дамгирӣ, мувофиқ аст.
  2. Услуби романтикӣ ин бо тахйюл, ҷустуҷў ва ёддошту, хотира вобаста аст. Дар ин ҷо истифодабарии унсурҳои таърихии маснуот ва либоси миллӣ ва фолклорӣ дохил мешавад. Ҳамаи номгўи услубҳо метавонанд дар як либос ё маснуоти интихобкарда дарк шуда бошад.
  3. Аз ин лиҳоз маснуоти интихобкардаи ман ба услуби романтикӣ бисёртар мансуб мебошад.
  4. Тартиб додани нақша мулоҳизакунӣ (фикркунӣ)
  5. Коркарди ғоявӣ (идея) вариантҳо

Интихоби намуна гуногунанд. Болиштчаҳои диван, дўхта мешаванд: аз матои мўинаи сунъӣ бо гулдўзӣ, кашидадўзӣ, тасма канабҳои ороишшуда, бо ороиши атлас, ласҳои гуногун, шоҳиҳои ғафси якранг, бахмал, духоба, матоҳои пахтагӣ, зағирии гулдор, дар намуди бозичаҳо, шакли меваҷот, ҳайвонот ва ғайра, шакли бофиш (бо сих ё чангак) ба дохилаш пахта ё паралон мегузаронанд аз лахтак пораҳои матои гуногун ва ғайра.

Аз якчанд намунаҳо мо бояд яктоашро интихоб намоем:

Расми 61. Намунаҳои болишчаҳои диванӣ

1). болишчаи диванӣ ба шакли гулдўзи ва ороиши

2). болишчаи дивани аз матоҳои гуногун ба шакли геометри

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …