Главная / Биология / Транслятсия – Давраи дигари синтези биологи

Транслятсия – Давраи дигари синтези биологи

Транслятсия (аз лотини translatio – додан). Давраи дигари синтези биологи – гузаронидани ахборе, ки дар пайдархамии нуклеотидхо (пайдархамии кодонхо)-и молекулаи КРН-а чой дорад, дар пайдархамии аминокислотахои занч-ири полипептиди мебошад.

Дар прокариотхо (бактерияхо), ки ядрои ташаккулёфта надоранд, рибосомахо ба молекулаи аз нав синтезшудаи КРН-а зуд баъди чудошавии он аз КДН, ё хатто, то анчом ёфтани синтези пурраи он, пайваст шуда метавонанд. Дар эукариотхо КРН-а дар ибтидо бояд тавассути пардаи ядро ба ситоплазма расонда шавад. Гузарониш бо сафедахои махсус ба амал оварда мешавад, ки бо молекулаи КРН комп лекс хосил менамоянд. Ин сафедахо КРН-а-ро аз таъсири зарарноки ферментхои ситоплазмаги мухофизат мекунанд.

4-3

Дар ситоплазма дар яке аз нугхои КРН-а рибосома фаъолият намуда, синтези полипептид огоз меёбад. Рибосома дар молекулаи КРН-а номунтаззам (номураттаб), триплет аз паси триплет чойгир мешавад (расми 4.2).

Ба андозаи чойгиршавии рибосома дар молекулаи КРН-а, дар занчири полипептиди паи хамдигар аминокислотахо чой мегиранд, ки ба триплети КРН-а мувофиканд. Мувофикшавии дурусти аминокислотахоро ба коди триплети

КРН-а КРН-н таъмин менамояд. Хар як аминокислота КРН-н худро дорад. Яке аз триплетхо-антикодон ба триплети муайяни КРН-а чиддан комплементар мебошад. Хамчунин, ба хар кадом аминокислота ферменти муайян мувофикат менамояд, ки онро ба КРН-н пайваст мекунад.

Принсипи умумии додани ахбори ирси оид ба структураи молекулахои сафедаги дар раванди синтези биологии занчири полипептиди дар расми 4.3 нишон дода шудааст.

Баъди анчом ёфтани синтез занчири полипептиди аз матритса – молекулаи КРН-а чудо шуда, сипас структураи сеюминро сохиб мешавад, ки ба сафедаи мазкур хос аст.

Молекулаи КРН-а барои синтези полипептидхо мислирибосома, мумкин такроран истифода шавад. Дар ин чо, мафхумхои транскрипсия ва транслятсия ба таври хеле одди ва мухтасар тавсиф карда шуданд. Дар хотир бояд дошт, ки синтези биологии сафедахо – раванди хеле мураккаб буда, ба иштироки бисёр ферментхо ва сарфи микдори зиёди энергия вобаста аст.

Синтези биологии молекулахои гайрисафедаги дар хучайрахо дар се давра ба амал меояд. Дар ибтидо оид ба структураи сафеда – ферменти махсус ахбор ба вучуд меояд, баъд бо ёрии ин фермент молекулаи муайяни ангиштоб ё липид  хосил мешавад. Ба хамин рох, дар организм дигар молеку лахои гайрисафедаги витаминхо, гормонхо ва гайра низ хосил мешаванд.

Саволхо барои санчиш:

  1. Синтези биологи аз чи иборат аст? Мисолхо биёред.
  2. Раванди ассимилятсияро таъриф дихед.
  3. Коди генетики чист?
  4. Хосиятхои асосии коди генетикиро гуфта дихед.
  5. Кислотахои рибонуклеинат дар кучо синтез мешаванд?
  6. Синтези сафеда дар кучо ба амал меояд? Шумо ба хосият ва роли сафедахо, инчунин кислотахои нуклеинат дар организм чи тавр бахо дода метавонед?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …