Главная / Биология / Транслятсия – Давраи дигари синтези биологӣ

Транслятсия – Давраи дигари синтези биологӣ

Транслятсия (аз лотинӣ translatio – додан). Давраи дигари синтези биологӣ – гузаронидани ахборе, ки дар пайдарҳамии нуклеотидҳо (пайдарҳамии кодонҳо)-и молекулаи КРН-а ҷой дорад, дар пайдарҳамии аминокислотаҳои занҷ-ири полипептидӣ мебошад.

Дар прокариотҳо (бактерияҳо), ки ядрои ташаккулёфта надоранд, рибосомаҳо ба молекулаи аз нав синтезшудаи КРН-а зуд баъди ҷудошавии он аз КДН, ё ҳатто, то анҷом ёфтани синтези пурраи он, пайваст шуда метавонанд. Дар эукариотҳо КРН-а дар ибтидо бояд тавассути пардаи ядро ба ситоплазма расонда шавад. Гузарониш бо сафедаҳои махсус ба амал оварда мешавад, ки бо молекулаи КРН комп лекс ҳосил менамоянд. Ин сафедаҳо КРН-а-ро аз таъсири зарарноки ферментҳои ситоплазмагӣ муҳофизат мекунанд.

4-3

Дар ситоплазма дар яке аз нўгҳои КРН-а рибосома фаъолият намуда, синтези полипептид оғоз меёбад. Рибосома дар молекулаи КРН-а номунтаззам (номураттаб), триплет аз паси триплет ҷойгир мешавад (расми 4.2).

Ба андозаи ҷойгиршавии рибосома дар молекулаи КРН-а, дар занҷири полипептидӣ паи ҳамдигар аминокислотаҳо ҷой мегиранд, ки ба триплети КРН-а мувофиқанд. Мувофиқшавии дурусти аминокислотаҳоро ба коди триплети

КРН-а КРН-н таъмин менамояд. Ҳар як аминокислота КРН-н худро дорад. Яке аз триплетҳо-антикодон ба триплети муайяни КРН-а ҷиддан комплементар мебошад. Ҳамчунин, ба ҳар кадом аминокислота ферменти муайян мувофиқат менамояд, ки онро ба КРН-н пайваст мекунад.

Принсипи умумии додани ахбори ирсӣ оид ба структураи молекулаҳои сафедагӣ дар раванди синтези биологии занҷири полипептидӣ дар расми 4.3 нишон дода шудааст.

Баъди анҷом ёфтани синтез занҷири полипептидӣ аз матритса – молекулаи КРН-а ҷудо шуда, сипас структураи сеюминро соҳиб мешавад, ки ба сафедаи мазкур хос аст.

Молекулаи КРН-а барои синтези полипептидҳо мислирибосома, мумкин такроран истифода шавад. Дар ин ҷо, мафҳумҳои транскрипсия ва транслятсия ба таври хеле оддӣ ва мухтасар тавсиф карда шуданд. Дар хотир бояд дошт, ки синтези биологии сафедаҳо – раванди хеле мураккаб буда, ба иштироки бисёр ферментҳо ва сарфи миқдори зиёди энергия вобаста аст.

Синтези биологии молекулаҳои ғайрисафедагӣ дар ҳуҷайраҳо дар се давра ба амал меояд. Дар ибтидо оид ба структураи сафеда – ферменти махсус ахбор ба вуҷуд меояд, баъд бо ёрии ин фермент молекулаи муайяни ангиштоб ё липид  ҳосил мешавад. Ба ҳамин роҳ, дар организм дигар молеку лаҳои ғайрисафедагӣ витаминҳо, гормонҳо ва ғайра низ ҳосил мешаванд.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Синтези биологӣ аз чӣ иборат аст? Мисолҳо биёред.
  2. Раванди ассимилятсияро таъриф диҳед.
  3. Коди генетикӣ чист?
  4. Хосиятҳои асосии коди генетикиро гуфта диҳед.
  5. Кислотаҳои рибонуклеинат дар куҷо синтез мешаванд?
  6. Синтези сафеда дар куҷо ба амал меояд? Шумо ба хосият ва роли сафедаҳо, инчунин кислотаҳои нуклеинат дар организм чӣ тавр баҳо дода метавонед?
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Ҳомиладорон читавр дандонҳоро нигоҳубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк ҳар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи ҳомиладорӣ …