Главная / Илм / Тарра

Тарра

tarra_kabacok-660x330Тарра — Ин аз чинси бодиринг, вале аз он хеле дароз ва аз дарози хатто кач мегардад. Ранги бодиринг сабзи ба сиёхи моил бошад, ранги тарра сабзи сафедтоб аст. Инро хам чун бодиринг хом мехуранд, дар фасли бахор мерасад. Баргхояш аз барги бодиринг майдатар ва биёрааш монанди биёраи бодиринг аст. Ба забони русси «Кабачок» мегуянд онро.

Мизочаш дар охири дарачаи дувум сард ва тар аст. Хислатхои шифобахши он: хурдани ин баданро аз моддахои бегонаи гарммизоч пок мекунад; ташнаги, гарми, чушиши сафро, тафс ва фишори баланди хун ва инчунин харорати чигарро таскин медихад. Хусусан магзи расидаи он барои дарди узвхои дар боло зикр ёфта, инчунин хичак ва сузиши меъда неку давоест: дарунро мулоим мекунад, пешобро меронад, сангхои гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

Зарархои тарра: дар одамони хунукмизоч бодангез, дерхазм, аз меъда суст мефурояд, дар чигар моддаи носара пайдо мекунад, зуд бадбу мегардад, табхои сахт ва дурударозро бармеангезад. Ислохи ин зарархояш: намак, зира, мавиз ва арпабодиён хурдан аст ва инчунин пусташро пок карда хурдан аст. Ва агар барои одамони гарммизоч зиёнаш зохир гардад, сиканчабин хуранд, ислох меёбад.

Тухми инро бихуранд, пешобро меронад, гиреххои узвхои баданро мекушояд, даруни рагхоро аз моддахои часпак пок месозад, вале назар ба тухми бодиринг заифтар мебошад. Пуст ва гушташ бодангез ва кулинчро пайдо мекунад, тихигох, яъне холияки пахлуро ба дард меоварад, дерхазм, моддае, ки аз он ба хам расад, бадбу мегардад.

Тарра дар аксар хислатхо монанди бодиринг аст. Низ асал ва дигар ширинихо бихуранд, зарархои инро ислох мекунад. Баргаш барои саги девонагазида даво мебошад, барои варами балгами бо асал бихуранд ва шарои (аллергияи) балгамиро дафъ мекунад. Агар онро хушк намуда, куфта бихуранд, исхоли сафровиро мебандад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …