Якеро аз мулуки араб хадиси Мачнун ва Лайли ва шуриши холи у бигуфтанд, ки бо камоли фазлу балогат сар дар биёбон нихода ва зимоми акл аз даст дода. Бифармудаш, то хозир оварданд. Маломат кардан гирифт, ки дар шарафи нафси инсон чи халал диди, ки хуи бахоим гирифти ва тарки ишрати марудм гуфти?
Гуфт:
Кош, к-онон, ки айби ман чустанд,
Руят, эй дилситон, бидиданди.
То ба чои турунч дар назарат
Бехабар дастхо буриданди.
То хакикати маъни бар сурати даъви гунох омади.
Маликро дар дил омад чамоли Лайли мутолиа кардан, то чи сурат аст, ки мучиби чандин фитнааст. Бифармудаш талаб кардан. Дар ахёи араб бигардиданд ва ба даст оварданд ва пеши малик дар сахни сароча бидоштанд. Малик дар хайати у назар кард, шахсе дид сияхфом, борикандом. Дар назараш хакир омад ба хукми он ки камтарини худоми харами у ба чамол аз у дар пеш буданд ва ба зинат беш. Мачнун ба фаросат дарёфт, гуфт: – Аз даричаи чашми Мачнун бояд дар чамоли Лайли назар кардан, то сирри мушохидаи у дар ту тачало кунад.
Тандурустонро набошад дарди реш,
Чуз ба хамдаре нагуям дарди хеш,
Гуфтан аз занбурбехосил бувад,
Бо яке дар умри худ нохурда неш.
То туро холе набошад хамчу мо,
Холи мо бошад туро афсона беш
Сузи ман бо дигаре нисьат макун,
У намак бар дасту ман бар узви реш!