Главная / Илм / АБУЛХАСАН СОБИТ ИБНИ СИНОНИ СОБИ

АБУЛХАСАН СОБИТ ИБНИ СИНОНИ СОБИ

imagesАБУЛХАСАН СОБИТ ИБНИ СИ- НОНИ СОБИ (с. тав. номаълум – ваф. с. 976), табиби маъруф. Бино бар ахбори сарчашмахо, А. сохиби «Таърих»-е буда, ки он вокеоти замонро аз ибтидои хилофати Муктадир (хилофат с-хои 908 – 932) то с. 970 дар бар мегирифтааст. Сипас, хохарзодаи у – Хилол ибни Мухсини Соби бар ин таърихнома татиммае навишта, хаводиси солхои баъдро низ ба он ворид намудааст. А.-ро хамчунин китобе дар ахбори Шом ва Миср низ будааст. А. дар илми тиб дасти кави дошта, дар дарбори халифахои Аббоси ба хайси табиб хидмат мекард. Илова бар ин, у раёсати бемо- ристони Багдодро бар ухда дошт. Муал- лифи «Уюну-л-анбо» ба накл аз китоби «Таърих»-и А. овардааст, ки у ва падараш халифа ар-Рози Биллох (хилофат с-хои 934 – 940)-ро табобат кардаанд ва худи А. баъдан табиби ал-Муттаки (хилофат с-хои 940 – 944), ал-Мустакфи (хилофат с-хои 944 – 946) ва ал-Мутеъ Ли-л-лох (хилофат с-хои 946 – 974) будааст. Кифти низ дар «Таъриху-л-хукамо» ба табоба- ти халифахои мазкур машгул будани А.- ро таъкид карда, аз китоби «Таърих»-и у бад-ин карор ёд кардааст: «Собит сохиби китоби «Таърих»-и машхуре аст ва китобе дар таърих машрухтар аз он нест».
Ад: Ибн Аби Усайбиа, «Уюну-л-анбо фи табакоти-л-атиббо», Байрут, 1998. Н. Зохидов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

litosfera

СОХТОРИ ЛИТОСФЕРА

Дар параграфи пешина мо кайд кардем, ки литосфера (аз калимаи юнонии lithos – санг ва …