Главная / Гуногун / Тараккиёти иктисодии Чопон (солхои 1880-1900)

Тараккиёти иктисодии Чопон (солхои 1880-1900)

Пешрафти иктисодии баъдиинкилобии Чонон асосан дар солхои 80-ум огоз шуд. Дар зарфи 2-3 дахсола дар Чопон кариб 500 корхонан нави саноати сохта мешавад. Аксарияти онхо давлати буданд. Вале иктисоди Чопон бе корхонахон хусуси пеш рафта наметавонист. Барои хамин аз тирамохи соли 1880 cap карда хукумат ба фурухтани ’’корхонахои намунави” ва ё ба ичора додани онхо огоз намуд. Ин корхонахо асосан ба ихтиёри табакахои имтиёзноки буржуазия, дворянхо ва амалдорони давлати мегузаштанд. Дар байни онхо ширкатхои машхури Митсуи, Митсубиси, Фурукава, Ясуда, Асано, Кавасаки ва дигарон буданд. Масалан, хукумат конхои миси Асиоро ба ширкати Фурукава, корхонан калонтарини киштисозии мамлакат дар Нагасаки, конхои нукраи Икуно ва конхои ангиштсанги Хокайдоро ба ширкати Митсубиси мефурушад.

yaponiya

Хукумат дар иктисодиёт сиёсати пуштибониро истифода мебурд. Он сиёсати худро дар саноат асосан тавассути маблагхои аз андоз гуншуда ба амал мебаровард. Сиёсати пуштибони як чихати манфи дошт. Он истехсолотхо яктарафа густариш медод, чунки танхо баъзе сохахои онро фаро мегирифт. Буржуазияи саноати, ки “корхонахои намунави”-ро ба даст даровард минбаъд хохони он буд, ки давлат ба вай дар ислохи камбудихои истехсолиаш ёри расонад. Ин кор иттифоки байни доирахои буржуази ва мутлакиятро ба вучуд меовард.

Хукумат ба корхонахое маблаггузори мекард, ки пеш аз хама, барои артиш, флот, наклиёт ва алока кор мекарданд. Масалан, рохи охан кариб пурра аз хисоби маблагхои давлати сохта мешуд. Соли 1872 рохи охани аввалини мамлакат Токио – Иокогама сохта шуд. Аз соли 1882 то соли 1890 дарозии роххои охани Чопон ба 2190 км расид.

Сарфи назар аз суръати тези ташаккул ёфтани базаи саноат дар чоряки охирини асри XIX сатхи умумии пешрафти Чопон аз мамлакатхои бузурги сармоядори акиб мемонд. Саноати Чопон асосан аз корхонахои хурд иборат буд. Акибмонии иктисоди Чопонро тичорати хоричи низ инъикос мекард, ки он бо содироти махсулоти кишоварзи ва воридоти махсулоти тайёри давлатхои хоричи вобаста буд.

Дар огози асри XX Чопон ба давраи империализм кадам ниход. Бухрони молиявии соли 1897 ин равандро тезонид. Дар натича корхонахои хурд ба корхонахои калон муттахид шуданд, яъне марказониданн истехсолот ва сармоя ба амал омад. Ба давраи империализм гузаштани мамлакатхои пешкадами сармоядории чахон ба пешрафти иктисодии Чопон низ таъсири мусбат расонид. Натичаи бевоситаи ин раванд дар Чопон ба вучуд омадани инхисорхо ва табаддулоти саноати мебошанд.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

urolog

Урологи бехтарин аз Хиндустон октябри 2021 ба Точикистон меояд

Дар Маркази тиббии «Шафран» муоличаи беморихои уролочи бе чарохи тарики дастгоххои эндоскопи ва лазери аз …