Главная / Гуногун / Тараққиёти иқтисодии Ҷопон (солҳои 1880-1900)

Тараққиёти иқтисодии Ҷопон (солҳои 1880-1900)

Пешрафти иқтисодии баъдиинқилобии Ҷонон асосан дар солҳои 80-ум оғоз шуд. Дар зарфи 2-3 даҳсола дар Ҷопон қариб 500 корхонан нави саноатӣ сохта мешавад. Аксарияти онҳо давлатӣ буданд. Вале иқтисоди Ҷопон бе корхонаҳон хусусӣ пеш рафта наметавонист. Барои ҳамин аз тирамоҳи соли 1880 cap карда ҳукумат ба фурӯхтани ’’корхонаҳои намунавӣ” ва ё ба иҷора додани онҳо оғоз намуд. Ин корхонаҳо асосан ба ихтиёри табақаҳои имтиёзноки буржуазия, дворянҳо ва амалдорони давлатӣ мегузаштанд. Дар байни онҳо ширкатҳои машҳури Митсуи, Митсубиси, Фурукава, Ясуда, Асано, Кавасаки ва дигарон буданд. Масалан, ҳукумат конҳои миси Асиоро ба ширкати Фурукава, корхонан калонтарини киштисозии мамлакат дар Нагасаки, конҳои нуқраи Икуно ва конҳои ангиштсанги Хокайдоро ба ширкати Митсубиси мефурӯшад.

yaponiya

Ҳукумат дар иқтисодиёт сиёсати пуштибониро истифода мебурд. Он сиёсати худро дар саноат асосан тавассути маблағҳои аз андоз ғуншуда ба амал мебаровард. Сиёсати пуштибонӣ як ҷиҳати манфӣ дошт. Он истеҳсолотҳо яктарафа густариш медод, чунки танҳо баъзе соҳаҳои онро фаро мегирифт. Буржуазияи саноатӣ, ки “корхонаҳои намунавӣ”-ро ба даст даровард минбаъд хоҳони он буд, ки давлат ба вай дар ислоҳи камбудиҳои истеҳсолиаш ёрӣ расонад. Ин кор иттифоқи байни доираҳои буржуазӣ ва мутлақиятро ба вуҷуд меовард.

Ҳукумат ба корхонаҳое маблағгузорӣ мекард, ки пеш аз ҳама, барои артиш, флот, нақлиёт ва алоқа кор мекарданд. Масалан, роҳи оҳан қариб пурра аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ сохта мешуд. Соли 1872 роҳи оҳани аввалини мамлакат Токио – Иокогама сохта шуд. Аз соли 1882 то соли 1890 дарозии роҳҳои оҳани Ҷопон ба 2190 км расид.

Сарфи назар аз суръати тези ташаккул ёфтани базаи саноат дар чоряки охирини асри XIX сатҳи умумии пешрафти Ҷопон аз мамлакатҳои бузурги сармоядорӣ ақиб мемонд. Саноати Ҷопон асосан аз корхонаҳои хурд иборат буд. Ақибмонии иқтисоди Ҷопонро тиҷорати хориҷӣ низ инъикос мекард, ки он бо содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва воридоти маҳсулоти тайёри давлатҳои хориҷӣ вобаста буд.

Дар оғози асри XX Ҷопон ба давраи империализм қадам ниҳод. Бӯҳрони молиявии соли 1897 ин равандро тезонид. Дар натиҷа корхонаҳои хурд ба корхонаҳои калон муттаҳид шуданд, яъне марказониданн истеҳсолот ва сармоя ба амал омад. Ба давраи империализм гузаштани мамлакатҳои пешқадами сармоядории ҷаҳон ба пешрафти иқтисодии Ҷопон низ таъсирӣ мусбат расонид. Натиҷаи бевоситаи ин раванд дар Ҷопон ба вуҷуд омадани инҳисорҳо ва табаддулоти саноатӣ мебошанд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …