Главная / Маданият ва санъат / Таомхои дуюм аз сабзавот

Таомхои дуюм аз сабзавот

Таомхои дуюмро аз як намуди сабзавот тайёр кардан мумкин

(картошкабирён, карами пухтаги, лаблабуи дампаз, котлет аз сабзи, каду, шалгам ва гайра). хамчунин аз якчанд намуди сабзавот рагуи сабзавоти ё дамламаи аз каду, шалгам, сабзи картошка бо пиёз, кабуди, помидор ё томати помидор, барги тайёр намудан мумкин аст. Дар таркиби кариб хамаи таом сирпиёз андохтан мумкин аст. Дар вакти таоми тайёрро ба руи миз гузоштан ба руи он кабуди – петрушка ё шибит ва кайла меандозанд.

Сабзавоти бирёнкарда ва дампазро бисёртар хамчун гарнир дар таомхои аз гушти мохию мург истифода мебаранд.

buddha bowl, vegan lunch, tofu fruit vegetables salad.
buddha bowl, vegan lunch, tofu fruit vegetables salad.

Сифати таом ба чунин талабот чавоб дихад:

1.хамаи сабзавоти дампазшуда шакли резакардаашро гум накунад ва пухта нагузаштаги бошад. Баъд аз пухтан котлети аз сабзи тайёршуда, тухмшакл ва сатхи руяш баробар сурх шуда бошад.

2.Буи лаблабу дампаз бояд ба буи каймок монанд бошад, рагуи котлети сабзавоти бошад ба буи сабзавотхои пухтаги хос бошад.

Дар сабзавот бисёр намуди витаминхое хастанд, ки барои организми инсон заруранд.

Кори амали

Карамдамлама (карами дампаз) бо гушт

Тачхизот: дег, сатилча, карамрезакунак, тахтачаи барои сабзавот ва гушт, корд, кафгир.

Микдори масолех: карам __________– 1 дона, гушт – 500 г, пиёз – 200 г, равган –

50 г, як бандча кабуди, намак, доруворихо мувофики табъ. (хачмаш барои 5 кас).

Рафти ичрои кор

Карами тару тозаро шуста, ба 4 хисса чудо карда, пусти сахташро гирифта партофта, гушти тозаи лахми гусфандро тоза шуста, майда реза карда, дар равгани на он кадар зиёд бо пиёз, помидор ё кайлаи он бирён мекунем. Баъд камтар об, намак, адвиёт андохта, то пухтанаш дам карда, дар оташи паст пухтанро давом медихем. Таоми тайёр ба табак кашида, кайла, кабуди, чошида ба миз дода мешавад.

Хисоботи кори ичрошуда:

1.хисоб кардани микдори махсулот барои зергурухи худ. Хисоб кардани нархи махсулот.

2.Талаботро риоя кардан ва бахо додан ба таоми тайёр.

? Савол ва супориш

1.Коркарди аввали карамро гуфта дихед.

2.Барои чи карамро барои ин таом махин реза намекунанд?

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

modar

Шеърхои бехтарин дар васфи Модар

Мухаббати модар Писар, рав, кадри модар дон, ки доим Кашад ранчи писар бечора модар. Бирав, …