Главная / Чамъият / Хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодаи дорои хусусияти табии ва техногени

Хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодаи дорои хусусияти табии ва техногени

 КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулоддаи дорои хусусияти табии ва техногени

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли 2004, №7, мод. 460)

Мачлиси намояндагон 23-юми июни соли 2004 кабул кардааст

Мачлиси милли 8-уми июли соли 2004 чонибдори намудааст

Боби 1

Мукаррароти умуми

Моддаи 1. Максади Конуни мазкур

hodisahoi-favqulodaКонуни мазкур меъёрхои ташкилию хукукиро дар сохаи хифзи шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахрвандони хоричи ва шахсони бидуни шахрванди дар худуди Чумхурии Точикистон истикоматдошта (минбаъд- ахоли), инчунин замин, сарватхои зеризамини, об, фазои хавои, олами набототу хайвонот ва дигар бойгарии табииро дар худуди Чумхурии Точикистон, иншооти таъиноти истехсолию ичтимои ва инчунин мухити зистро (минбаъд- худуд) аз холатхои фавкулоддаи хусусияти табии ва техногенидошта (минбаъд- холатхои фавкулодда) муайян менамояд.

Муносибатхои чамъиятии оид ба пешгирии рух додан ва вусъати холатхои фавкулодда, кам кардани хачми зарар ва талафот аз холатхои фавкулодда, рафъи холатхои фавкулодда ва саривакт огох намудани ахолии минтакахои хавфнок аз холатхои фавкулоддаи дорои хусусияти табии ва техногени доштаро ба танзим медарорад.

 

Моддаи 2. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

Холатхои фавкулодда– вазъиятест, ки дар худуди муайян, дар натичаи садамахо, зухуроти табиии хатарнок, фалокатхо, офатхои табии ва дигар офатхо ба вукуъ омада ба талафоти чони, зарар ба сихатии одамон ё мухити табиии атроф, хисороти назарраси модди ва халалдор намудани шароити зиндагию кории  одамон оварда расонидааст ё оварда мерасонад.

Хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда– системаи чорабинихо, тарзу воситахо, мачмуи фаъолиятхо чихати пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда;

Пешгирии холатхои фавкулодда– системаи чорабинихои саривакт ба рох мондашудаест, ки барои хар чи камтар кардани хатари рух додани холатхои фавкулодда, инчунин барои хифзи сихатии  омма, кам кардани микдори зарари мухити зист ва талафоти модди дар холати рух додани онхо, нигаронида шудааст.

Рафъи холатхои фавкулодда– корхои начотдихи аз садама ва дигар корхои таъхирнопазир, ки хангоми рух додани холатхои фавкулодда анчом дода мешаванд ва ба начотдихии хаёт ва хифзи сихатии одамон, кам кардани хачм ва зарари мухити табиии атроф ва талафоти модди, инчунин барои махдуд кардани мавзеъхои холатхои фавкулодда, катъ намудани фаъолияти омилхои барои ин мавзеъхо хатарнок нигаронида шудаанд.

Минтакаи холатхои фавкулодда- худуде, ки дар он холатхои фавкулодда рух додаанд.

 

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз хамин Конун, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Ошкорбаёни ва иттилоот дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда

Иттилоотро дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда, маълумотхо дар бораи холатхои фавкулоддаи пешгуишаванда ва ба амаломада, окибатхои онхо, инчунин маълумот дар бораи бехатарии радиатсиони, кимиёви, тиббию биологи, таркиши, сухтор ва экологи дар худудхои дахлдор ташкил медиханд.

Иттилоот дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда, инчунин дар бораи фаъолияти макомоти хокимияти давлати ва ташкилотхои ин соха ошкоро мебошад, агар конунгузории Чумхурии Точикистон холатхои дигарро пешбини накарда бошад.

Макомоти хокимияти давлати, маъмурияти ташкилотхо ухдадоранд аз тарики воситахои ахбори омма ва дигар шабакахо ахолиро саривакт ва дакик аз чихати хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда ва чорахои андешидашуда барои таъмини бехатарии онхо, дар робита ба холатхои фавкулоддаи эхтимоли ё баамаломада, шаклхо ва намудхои хифзи ахоли, огох намоянд.

Пинхон доштан, саривакт пешниход накардан ё пешниход кардани ахбори дуруг дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз тарафи шахсони мансабдор тибки конунгузории Чумхурии Точикистон боиси чавобгари мегардад.

Тартиби таъмини ахоли, макомоти хокимияти давлати ва ташкилотхоро бо ахбор, дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда, конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

 

Моддаи 5. Принсипхои асосии хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда

Чорабинихое, ки ба пешгирии холатхои фавкулодда, инчунин то хадди имконпазир кам кардани хачми зарар ва талафот дар холати рух додани онхо равона карда шудаанд, пешаки ба амал бароварда мешаванд.

Банакшагири ва татбики чорабинихо оид ба хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда бо дарназардошти нишондодхои иктисоди, табии ва гайрахо, хусусиятхои махал ва дарачаи хатарнокии вокеии рух додани холатхои фавкулодда ба рох монда мешавад.

Андоза ва мазмуни чорабинихо оид ба хифзи ахоли ва худуд бо дарназардошти принсипи хадди кофии зарури ва хадди имконпазири истифодаи кувваю воситахои мавчуда мукаррар карда мешавад.

Рафъи холатхои фавкулодда аз тарафи куввахо ва воситахои ташкилотхо, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, ки дар худудхояшон холатхои фавкулодда рух додаанд, ба амал бароварда мешавад. Дар сурати нокифоя будани кувваю воситахои номбурда, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон кувваю воситахои макомоти болои чалб карда мешаванд.

 

Моддаи 6. Системаи ягонаи давлатии пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда

Системаи ягонаи давлатии пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда макоми идоракуни, кувваю воситахои макомоти хокимияти давлати ва ташкилотхоро, ки халли масъалахои хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда ба салохияти онхо марбутанд, муттахид месозад.

Вазифахои асосии системаи ягонаи давлатии пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда инхо мебошанд:

-тахия ва татбики меъёрхои хукукию иктисоди чихати таъмини

хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда;

-татбики барномахои максаднок ва илмию техники, ки барои пешгирии холатхои фавкулодда ва зиёд кардани устувории фаъолияти ташкилотхо, инчунин иншооти таъиноти ичтимои дар холатхои фавкулодда равона карда шудаанд;

-таъмини омодагии макомоти идора, кувваю воситахое, ки барои пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда таъин ва чудо карда шудаанд;

-чамъовари, тахлил, табодул ва додани ахбор дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда;

-омодасозии ахоли барои фаъолият дар холатхои фавкулодда;

-пешбини ва бахо додан ба окибатхои ичтимоию иктисодии холатхои фавкулодда;

-ташкили захирахои молияви модди барои рафъи холатхои фавкулодда;

-татбики экспертизаи давлати, назорат ва санчиш дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда;

-рафъи холатхои фавкулодда;

-амали намудани чорабинихо оид ба хифзи ичтимоии ахоли, ки аз холатхои фавкулодда зарар дидаанд, гузаронидани чорабинихои башардустона;

-татбики хукуку вазифахои ахоли дар сохаи хифз аз холатхои фавкулодда, инчунин шахсоне, ки бевосита дар рафъи он иштирок кардаанд;

-хамкории байналмилали дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда.

Сохтор ва тартиби фаъолияти системаи ягонаи давлатии пешгири ва рафъи холатхои фавкулоддаро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 7. Муайян намудани худуди минтакаи холатхои фавкулодда

Худуди минтакаи холатхои фавкулоддаро рохбарони корхо оид ба рафъи холатхои фавкулодда, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъин шудаанд ва дар худуди онхо холатхои фавкулодда ба вучуд омадааст, дар асоси таснифи холатхои фавкулоддаи мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон, муайян менамоянд.

Холатхои фавкулодда ба холатхои фавкулоддаи махдуд, махалли, худуди, минтакави, чумхурияви ва байнисархади чудо мешаванд.

Ба холатхои фавкулоддаи махдуд холатхои фавкулоддае дохил мешаванд, ки дар натичаи он минтакаи холатхои фавкулодда аз худуди минтакаи иншооти таъиноти истехсоли ё ичтимои берун нест.

Ба холатхои фавкулоддаи махалли холатхои фавкулоддае дохил мешаванд, ки дар натичаи он минтакаи холатхои фавкулодда аз худуди шахрак ва дехот берун нест.

Ба холатхои фавкулоддаи худуди холатхои фавкулоддае дохил мешаванд, ки дар натичаи он минтакаи холатхои фавкулодда аз худуди шахр (нохия) берун нест.

Ба холатхои фавкулоддаи минтакави холатхои фавкулоддае дохил мешаванд, ки дар натичаи он минтакаи холатхои фавкулодда аз худуди вилоят берун нест.

Ба холатхои фавкулоддаи чумхурияви холатхои фавкуллодае дохил мешаванд, ки дар натичаи он минтакаи холатхои фавкулодда аз худудхои як ва ё зиёда вилоятхо берун аст.

Ба холатхои фавкулоддаи байнисархади холатхои фавкулоддае дохил мешаванд, ки окибатхои он аз худудхои мамлакат берун рафта ва ё холатхои фавкулодда дар хорича ба амал омада, худуди Чумхурии Точикистонро дар бар мегирад.

Боби 2

Идоракунии давлати дар сохаи хифзи ахоли ва

худуд  аз холатхои фавкулодда

 

Моддаи 8. Ваколатхои Президенти Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда

Президенти Чумхурии Точикистон:

-самтхои асосии сиёсати давлатиро дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда муайян менамояд;

-дар холатхо ва тартибе, ки Конститутсия (Сарконун) ва конунхои Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд, дар саросари Чумхурии Точикистон ва ё дар махалхои алохидаи он вазъияти фавкулоддаро эълон менамояд;

-дар бораи чалб намудани Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар кушунхо ва чузъу томхои харби хангоми зарурат барои рафъи холатхои фавкулодда карор кабул мекунад;

-макомоти давлатии махсус ваколатдоршуда дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулоддаро таъсис медихад;

-дигар ваколатхоро, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар ин соха анчом медихад.

 

Моддаи 9. Ваколатхои Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда

Хукумати Чумхурии Точикистон:

-дар доираи салохияти худ карорхо ва фармоишхоро дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда кабул намуда, ичрои онхоро таъмин менамояд;

-гузаронидани тадкикотхои илмиро дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда ташкил менамояд;

-тахияи барномахои давлатиро дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда ташкил намуда, ичрои онхоро таъмин мекунад;

-вазифахо, тартиби фаъолият, хукуку ухдадорихои макомоти хокимияти ичроияро дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда муайян намуда, рохбариро аз болои системаи ягонаи давлатии пешгири ва бартараф намудани холатхои фавкулодда ба амал мебарорад;

-ташкили захирахои давлатии манбаъхои молиявию моддиро барои рафъи холатхои фавкулодда таъмин намуда, тартиби истифодабарии захирахои нишондодашударо муайян менамояд;

-чараёни истехсолот, низоми нигахдори, шароити хамлу накл ва тартиби истифодаи моддахои радиоактиви ва дигар моддахои махсусан хатарнокро, бо риояи чорахои зарурии бехатари мукаррар ва назорат менамояд;

-оид ба рохбарии бевосита чихати бартараф намудани холатхои фавкулодда ва расонидани ёри хангоми рух додани он карор кабул менамояд;

-назоратро аз болои фаъолияти вазорату идорахо, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда,ба амал мебарорад.

 

Моддаи 10. Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон:

-тайёри ва дар холати омодаги нигох доштани куввахо ва воситахои заруриро барои хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда ва омузиши ахолиро бо воситахои химоя ва амалиёт дар холатхои зикршуда ба амал мебароранд;

-гузаронидани чорабинихои эвакуатсиониро дар холатхои фавкулодда ба амал мебароранд;

-чамъовари ва табодули ахборро дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда бо тартиби мукарраргардида амали мегардонанд, саривакт огохсози ва хабардоркунии ахолиро дар бораи хатари рух додан ё хангоми рух додани холатхои фавкулодда таъмин менамоянд;

-корхои садамавию начотдихи ва дигар корхои таъхирнопазирро ташкил мекунанд ва мегузаронанд, инчунин тартиботи чамъиятиро дар чараёни гузаронидани он нигох медоранд ва хангоми норасоии куввахо ва воситахои худи барои расонидани ёри ба Хукумати Чумхурии Точикистон мурочиат мекунанд;

-маблаггузории чорабинихоро дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда ба амал мебароранд;

-захирахои молиявию моддиро барои рафъи холатхои фавкулодда ташкил менамоянд;

-барои устувории фаъолияти ташкилотхо дар холатхои фавкулодда мусоидат менамоянд;

 

Моддаи 11. Макомоти ичроияи хокимияти давлатии махсус ваколатдор барои халли вазифахо дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда

Барои ба амал баровардани идоракунии давлати ва хамохангсозии фаъолияти макомоти ичроияи хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда макомоти давлатии махсус ваколатдоршуда ташкил карда мешавад.

Макомоти давлатии махсус ваколатдоршуда дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда:

-пешниходхоро оид ба сиёсати давлати дар сохаи пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда тахия менамояд;

-назорати давлатиро аз руи омодагии кувваю воситахо барои амалиёт хангоми рух додани холатхои фавкулодда ва ичрои  чорабинихоро барои хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда ба амал мебарорад;

-чорахоро оид ба пешгирии холатхои фавкулодда, хифзи хаёт ва сихатии ахоли, арзишхои моддию мадани, инчунин бартараф намудани окибатхо ва кам намудани зарарро хангоми холатхои фавкулодда тахия ва кабул менамояд;

-макомоти идоракуни кувва ва воситахои хифзи ахоли ва худудро дар шароити холатхои фавкулодда барои амалиёт тайёр ва ташкил менамояд;

-идоракунии кувваю воситахоро оид ба рафъи холатхои фавкулодда ба амал бароварда, нуктахои идоракуни, системахои хабардоркуни ва алокаро ташкил менамояд;

-тахия ва татбики барномахои максаднок ва тадкикотхои илмиро, ки барои пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда равона шудаанд, ташкил менамояд;

-дар доираи ваколатхои худ карорхоеро кабул менамояд, ки ичрояшон барои вазоратхо, идорахо, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо, шахсони мансабдор ва шахрвандон хатмист;

-гузаронидани корхои садамавию начотдихи ва дигар корхои таъхирнопазирро дар шароити холатхои фавкулодда ташкил менамояд;

-омузиши ахоли, тайёрии шахсони вазифадори макомоти идоракуни ва сохторхои мудофиаи гражданиро барои амалиёт дар холатхои фавкулодда ташкил менамояд.

 

Моддаи 12. Вазифахои вазорату идорахо дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда

Вазорату идорахо дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда дар доираи фаъолияти худ ва сохахои иктисодии ба онхо вогузоршуда, мутобики хамин Конун ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон корро ташкил намуда, вазифадоранд:

-омодагии корхонахои тобеъ, муассисахо ва ташкилотхоро барои амалиёт дар шароити холатхои фавкулодда таъмин намоянд;

-чорабинихои ташкили ва мухандисию тахникии баланд бардоштани устувории фаъолияти сохаро дар холатхои фавкулодда тахия намуда, амали гардонанд;

-талаботи сохави ва хуччатхои меъёриро оид ба масъалахои пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда, коидахои бехатарии истехсолот, чараёнхои технологи ва расонидани онро ба маълумоти ташкилотхо, инчунин коидахои хифзи кормандони ташкилотхоро аз холатхои фавкулодда дар мутобикат бо талаботхои давлати тасдик ва нашр намоянд;

-тахия ва татбики чорабинихоро оид ба тахкими бехатарии радиатсиони, кимиёви, тиббию биологи, таркиши, сухтори, экологи. Инчунин риояи меъёрхо ва коидахои чорабинихои мухандисию техникии мудофиаи гражданиро хангоми лоихакаши, сохтмон ва истифодабарии иншооти таъиноти истехсоли ва ичтимои таъмин намоянд;

-системахои махдуди хабардихиро оид ба холатхои фавкулодда ташкил диханд ва онро дар холати омодагии доими нигох доранд;

-бо тартиби мукарраргардида маълумотро оид ба холати хифзи ахоли ва худуд пешниход намоянд, инчунин кормандони сохаро аз тахдиди бавучудои ё руйдоди холатхои фавкулодда хабардор созанд;

-захираи манбаъхои модди ва техникиро таъсис диханд;

-ташкил, маблаггузори ва гузаронидани корхои начотдихи ва дигар корхои таъхирнопазирро дар иншооти тобеи таъиноти истехсолию ичтимои ва худудхои ба онхо наздик мувофики накшаи пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда таъмин намоянд;

-чорабинихоро оид ба эвакуатсияи иншооти махсусан мухим ва хайати кормандони он ба махалхое, ки дар шароити холатхои фавкулодда фаъолияти онхоро таъмин менамояд, амали гардонанд;

-таъсис, тайёри ва дар холати омодаги нигох доштани кувваю воситахои махсусро оид ба пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда таъмин намоянд;

-ичрои талаботро оид ба масъалахои хифзи ахоли ва худуд хангоми лоихакаши, сохтмон ва тачдиди иншооти тобеъ тахти назорат карор диханд.

Вазорату идорахо дар иншоотхои эхтимолан хатарнок, ки номгуи онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад, вазифахои штатии мутахассисонро оид ба хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда ворид менамоянд. Дар иншооти дигар шахсони масъул таъин карда мешаванд.

 

Моддаи 13. ухдадории ташкилотхо дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда

Ташкилотхо дар сохаи хифзи ахоли аз холатхои фавкулодда ухдадоранд;

-чорахои заруриро дар сохаи хифзи ташкилотхо ва иншооти тобеи таъиноти истехсоли ва ичтимои аз холатхои фавкулодда ба накша гирифта, амали намоянд;

-чорабинихоро оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти ташкилотхо ва таъмини фаъолияти хаётии кормандони онхо дар холатхои фавкулодда ба накша гирифта, анчом диханд;

-хадамоти махсусгардонидашуда ва чузъу томхоро тибки тартиби мукарраргардида таъсис дода, онхоро бо хайати шахси, техника ва амвол пурра намоянд;

-таъсис, тайёри ва дар холати омодаги ба истифодабари нигох доштани кувваю воситахоро оид ба пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда, омузиши кормандони ташкилотхо ба тарзхои хифз ва фаъолият дар холатхои фавкулодда дар хайати сохторхои гайринизоми таъмин намоянд;

-системаи махаллии хабардорсозиро аз холатхои фавкулодда таъсис диханд ва дар холати омодагии доими нигох доранд;

-сохтмони иншоотхои мухандисии хифзро дар мавридхои зарури пешаки таъмин намуда, онхоро дар холати омодагии доими нигох доранд;

-ташкил ва гузаронидани корхои садамавию начотдихи ва дигар корхои таъхирнопазирро дар иншооти тобеи таъиноти истехсоли ва ичтимои ва дар худуди ба онхо наздик, мувофики накшаи пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда, таъмин намоянд;

-чорабинихоро оид ба хифзи кормандони ташкилот ва иншооти тобеи таъиноти истехсоли ва ичтимои аз холатхои фавкулодда маблаггузори намоянд;

-захираи манбаъхои модди ва техникиро барои гузаронидани корхои таъхирнопазир оид ба рафъи холатхои фавкулодда таъсис диханд;

-бо тартиби мукарраргардида чорабинихои эвакуатсиониро гузаронида, чойхоро барои чойгиркунии одамон пешаки омода намоянд.

 

Моддаи 14. Иштироки иттиходияхои чамъияти дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда

Иттиходияхои чамъияти метавонанд дар чорабинихо дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ва оинномахои худ иштирок намоянд.

Иттиходияхои чамъияти хукук доранд, бо тартиби мукарраргардида аз макомоти хокимияти давлати, ташкилотхо оид ба сарчашмахои холатхои фавкулодда ва чорахои рафъи он маълумот гиранд.

Иттиходияхои чамъиятие, ки дар рафъи холатхои фавкулодда иштирок мекунанд, тахти рохбарии макомоти дахлдори идораи системаи ягонаи давлатии пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда амал менамоянд.

Иштирокчиёни рафъи холатхои фавкулодда аз иттиходияхои чамъияти бояд омодагии дахлдори бо тартиби аттестатсиони тасдикшударо дошта бошанд.

 

Моддаи 15. Истифода бурдани Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар кушунхо ва сохторхои харби барои рафъи холатхои фавкулодда

Барои рафъи холатхои фавкулодда куввахо ва воситахои Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар кушунхо ва сохторхои харбиро истифода бурдан мумкин аст. Тартиби истифода бурдани онхоро Президенти Чумхурии Точикистон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 16. Истифодаи кувваю воситахои макомоти корхои дохилии Чумхурии Точикистон хангоми рафъи холатхои фавкулодда

Барои рафъи холатхои фавкулодда кувваю воситахои Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон мувофики вазифахое, ки ба макомоти корхои дохили конун ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон вогузор намудааст, истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 17. Мониторинг ва пешгуии холатхои фавкулодда

Мониторинг ва пешгуии холатхои фавкулодда аз тарафи хадамоти махсуси назорат ва санчиш аз руи офатхои табии, садамахои техногени ва фалокатхо ба амал бароварда мешавад.

Тартиби гузаронидани мониторинг ва пешгуии холатхои фавкулоддаро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Боби 3

Хукук ва вазифахои шахрвандони Чумхурии Точикистон дар

сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда ва хифзи ичтимоии зарардидагон

Моддаи 18. Хукукхои шахрвандони Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда

Шахрвандони Чумхурии Точикистон хукук доранд:

-ба хифзи хаёт, саломати ва амволи шахси дар холати бавучудоии холатхои фавкулодда;

-мувофики накшаи рафъи холатхои фавкулодда ба истифодабарии воситахои хифзи дастачамъи ва инфироди, амволи дигари макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва ташкилотхое, ки барои хифзи ахоли аз холатхои фавкулодда таъин карда шудаанд;

-ба хабардор кардан аз хатаре, ки онхоро дар мавзеъхои муайяни чойгиршави дар худуди кишвар тахдид менамояд ва аз чорахои бехатарии зарури;

-ба мурочиати инфироди ё дастачамъона оид ба масъалахои хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда ба макомоти давлати;

-барои иштирок дар чорабинихо оид ба пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда бо тартиби мукарраргардида;

-ба баргардонидани зарар, ки ба саломати ва молу мулки онхо дар натичаи холатхои фавкулодда расонида шудааст;

-ба сугуртаи ройгони давлатии ичтимои, гирифтани чубронпули ва имтиёзот аз зараре, ки ба сихатии онхо хангоми ичрои вазифахо дар чараёни рафъи холатхои фавкулодда расидааст;

-ба таъмини нафака дар холати гум кардани кобилияти мехнати бо сабаби маъюби ва ё бемори, ки хангоми ичрои вазифахо оид ба хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда ба онхо расидааст, бо тартиби мукарраргардида барои коргароне, ки маъюбшавии онхо дар натичаи осеби мехнати ба амал омадааст;

-ба таъмини нафака бо сабаби махрум гаштан аз сарпарасти оила, ки аз маъюби ё бемори хангоми ичрои вазифахо оид ба хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда халок шудаанд ё фавтидаанд, бо тартиби мукарраргардида, ки барои оилахои шахрвандони хангоми ичрои вазифаи шахрванди оид ба начоти хаёти одамон, хифзи моликият ва тартиботи хукуки маъюб шуда, халок гардидаанд ё фавтиданд, муайян карда шудааст.

Тартиб ва шароити сугуртаи ичтимоии давлати, намудхо ва андозахои чубронпулию имтиёзот ба шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки тибки кисми якуми моддаи мазкур пешниход карда мешаванд, конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

 

Моддаи 19. Вазифахои шахрвандони Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда

Шахрвандони Чумхурии Точикистон вазифадоранд:

-конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда риоя намоянд;

-чорахои бехатариро дар хаёти маиши ва фаъолияти харрузаи мехнати риоя намуда, ба вайрон намудани интизоми истехсоли ё технологи, талаботхои бехатарии экологи, ки мумкин аст боиси ба вучуд омадани холатхои фавкулодда гардад, рох надиханд;

-тарзхои асосии хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда, тарзхои расонидани ёрии аввалияи тибби ба зарардидагон, коидаи истифодабарии воситахои хифзи коллективона ва инфиродиро омухта, дониш ва махорату малакаи худро дар ин соха такмил диханд;

-ишорахои огохкуни, коидахои рафтор ва тартиби фаъолиятро дар шароити тахдид ва огозшавии холатхои фавкулодда донанд;

-дар холатхои зарури чихати гузаронидани корхои садамавию начотдихи ва дигар корхои таъхирнопазир хамкори намоянд.

Боби  4

Омодасозии ахоли дар сохаи хифзи ахоли аз холатхои фавкулодда

 

Моддаи 20. Омодасозии ахоли дар сохаи хифзи ахоли аз холатхои фавкулодда

Тартиби омодасозии ахолиро дар сохаи хифзи ахоли дар холатхои фавкулодда Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Омодасозии ахоли ба амалиёт дар холатхои фавкулодда дар ташкилотхо, аз чумла дар муассисахои таълими, инчунин дар чойхои истикомати ба амал бароварда мешавад.

Омодасозии рохбарон ва мутахассисони ташкилотхо, инчунин куввахои системаи ягонаи давлатии пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда барои хифз аз холатхои фавкулодда дар муассисахои таълимоти миёнаи умуми ва олии касби, муассисахои такмили ихтисос, курсхо, марказхои махсуси таълимию методи ва чойхои кори, ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 21. Таргиби дониш дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда

Таргиби донишро дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда макомоти идоракунандае, ки ба системаи ягонаи давлатии пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда дохиланд, дар якчояги бо иттиходияхои чамъиятие, ки фаъолияти худро дар сохаи хифзи ахоли ва начот додани одамон амали мегардонанд, инчунин макомоти хокимияти давлати ва ташкилотхо таъмин месозанд.

Барои таргиби дониш дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда аз воситахои ахбори омма истифода кардан мумкин аст.

Боби 5

Тартиби таъминоти молию моддии чорабинихо оид ба хифзи

ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда

Моддаи 22. Маблаггузории барномахои максаднок

Маблаггузории барномахои максаднок ва чорабинихо оид ба хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда барои таъминоти устувори фаъолияти ташкилотхо, тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 23. Маблаггузории макомоти идоракунандае, ки барои халли вазифахо дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда махсус ваколатдор карда шудаанд

Маблаггузории фаъолияти макомоти доимамалкунандаи идорае, ки барои халли вазифахо дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда махсус ваколтадор карда шудааст, аз хисоби бучети дахлдор анчом дода мешавад.

 

Моддаи 24. Маблаггузории чорабинихо оид ба рафъи холатхои фавкулодда

Чорабинихо оид ба рафъи холатхои фавкулодда аз хисоби ташкилотхое, ки дар минтакахои холатхои фавкулодда чойгиранд, воситахои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, бучетхои дахлдор, фондхои сугуртави ва дигар манбаъхо маблаггузори карда мешавад.

Хангоми набудан ё норасоии воситахои мазкур барои рафъи холатхои фавкулодда воситахои фонди захиравии Чумхурии Точикистон, бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон чудо карда мешаванд.

 

Моддаи 25. Таъсис ва истифодаи захирахои молию модди барои рафъи холатхои фавкулодда

Захирахои молию модди чихати рафъи холатхои фавкулодда бо максади фавран чалб намудани воситахои зарури дар холати рух додани холатхои фавкулодда пешаки таъсис меёбанд. Захирахои эхтиётии зикргардидаро макомоти хокимияти ичроия таъсис медихад.

Тартиби таъсис ва истифодаи захирахои дар кисми аввали моддаи мазкур нишондодашуда ва тартиби пуррасозии воситахои истифодашудаи ин захирахоро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Боби 6

Экспертизаи давлати, назорат дар сохаи хифзи ахоли ва

худуд аз холатхои фавкулодда

 

Моддаи 26. Экспертизаи давлати дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда

Экспертизаи давлати барои дар амал татбик намудани лоихахо ва карорхои пешбинишуда дар иншооти таъиноти истехсолию иктисоди ва равандхое, ки метавонанд сарчашмаи холатхои фавкулодда бошанд, ё метавонанд ба таъмини хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда таъсир расонанд, аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи экспертизаи экологи бо максади санчиш ва ошкор намудани дарачаи мувофикати онхо бо меъёрхо, стандартхо ва коидахои мукаррари гузаронида шуда, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.

Дар холати зарури экспертизаи лоихахо ва карорхои барои татбик пешбинишударо дар иншооти таъиноти истехсоли ва равандхое, ки метавонанд сарчашмаи холатхои фавкулодда бошанд, ё метавонанд ба таъмини хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда таъсир расонанд, мумкин аст, ки иттиходияхои чамъияти ва экспертхои озод, инчунин мутахассисони ташкилотхои байналмилалии эксперти, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, анчом диханд.

 

Моддаи 27. Назорат дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда

Назорати давлати дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда мувофики вазифахои гузошташудаи системаи ягонаи давлатии пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда, бо максади санчиши ичрои пурраи чорабинихо оид ба пешгири аз холатхои фавкулодда ва омодагии шахсони мансабдор, кувваю воситахо барои амалиёт хангоми рух додани онхо, гузаронида мешавад.

Назорати давлатиро дар сохаи зикргардида макомоти хокимияти ичроия, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон, анчом медихад.

Боби  7

Мукаррароти хотимави

 

Моддаи 28. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки, ки мукаррароти хамин Конунро вайрон мекунанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон, ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 29. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти Чумхурии Точикистон                    Э.Рахмонов

 

ш.Душанбе  15 июли соли 2004

№ 53

________________________

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …